ЁРӢ БА КӮДАКОНИ ОСЕБДИДА АЗ ФАЛАҶИ АТФОЛ
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ва Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ба иҷрои тарҳи наве дар заминаи тавонбахшӣ ба кӯдакони осебдида аз фалаҷи атфол оғоз кардаанд. Ин хабар рӯзи сешанбеи 7 декабр дар ҷараёни ҳамоише перомуни вазъияти кӯдакони дорои имконоти маҳдуд дар шаҳри Душанбе эълом шуд.
Дар ин нишаст теъдоди 80 намоянда аз вазоратҳои беҳдошт, омӯзишу парвариш, таъмини иҷтимоъӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии 24 ноҳияи Тоҷикистон, ва ҳамчунин, намояндагони созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ ширкат доштанд. Дар баёнияи матбуъотие, ки вазорати беҳдошт ва Сандуқи Кӯдакони СММ интишор додаанд, омадааст теъдоди кӯдаконе, ки дар асари ибтило ба бемории полиомиелит ё фалаҷи атфол дар Тоҷикистон нотавон шудаанд, 430 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳоле ки ҳудуди 21 ҳазору 400 нафар аз кӯдакон аз имтиёзоте бархурдор буда ва наздики 2000 кӯдак дар муассисоти вижа ва парваришгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, аммо теъдоди бағоят андаке аз ин гуна кӯдакон ба хадамоти иҷтимоъӣ, масалан кӯдакистонҳо, дастрасӣ доранд.
Ҳонгвей Гао, раиси намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: "Кӯдаконе, ки имконот ва қобилиятҳои маҳдуде доранд, бо кӯдакони дигар ҳуқуқи баробар доранд: аз ҷумла ҳаққи зиндагии шоиста дар муҳите, ки ба онҳо имкони дастёбӣ ба тавоноии комилро медиҳад."
Хонуми Гао ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хоста, ки Қарордоди байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи афроди дорои имконоти маҳдудро тасвиб кунад. Аз замони таҳияи ин санад дар соли 2007 то кунун онро 96 кишвари ҷаҳон тасвиб кардаанд. Саида Ҷобирова, муъовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд: Ҳадафи аслӣ аз роҳандозии тарҳи нав дар сатҳи ҷамоъатҳо ин аст, ки ҷомеъа ба кӯдакони дорои имконоти маҳдуд ва осебдидагон аз фалаҷи атфол ёрии худро расонад.
Қарор аст ин тарҳ кумакҳои иҷтимоъӣ барои беш аз 400 кӯдаки осебдида аз фалаҷи атфол дар соли ҷорӣ дар 24 ноҳияи тобеъи марказ ва вилояти Хатлонро таъмин кунад. Ба гуфтаи хонуми Ҷобирова, кӯдакони осебдида аз фалаҷи атфол бо ҳамон мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд, ки кӯдакони дорои имконоти маҳдуд дар Тоҷикистон ҳамарӯза бо он мувоҷеҳ мешаванд.
Ба ин тартиб, ин тарҳ на танҳо кумакҳоеро барои кӯдакони осебдида аз фалаҷи атфол дар назар гирифта, балки ҳимоят аз кӯдакони дигари дорои имконоти маҳдудро низ дар навоҳии мазкур ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи пизишкон, ҳеч гуна дармоне барои бемории фалаҷи атфол вуҷуд надорад ва танҳо роҳи муқобала бо густариши ин беморӣ моякӯбии (эмкунии) тамоми кӯдакон алайҳи вируси ин беморӣ аст.
Дар баробари ин, ҳимоят аз кӯдакони дигари дорои имконоти маҳдуд ва ироаи ёрии пизишкӣ ба онон дар сурати бурузи бемориҳои мухталиф низ аҳаммияти фавқулъодае дорад. Дастрасии кӯдакони дорои имконоти маҳдуд ба хадамоти иҷтимоъӣ, масалан бунгоҳҳои тавонбахшӣ (реабилитатсионӣ) ва кӯдакистонҳо, аз як сӯ, ва мубориза бо бархӯрдҳои нофарохӯрд ё табъиз нисбат ба онҳо дар ҷомеъа, аз сӯйи дигар, барои афзоиши тавоноиҳо ва қобилиятҳои кору зиндагии ин гуна кӯдакон муфид арзёбӣ мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин масоил, масъулони тарҳи ҷадид мӯътақиданд, ки ёрӣ ба кӯдакони дорои имконоти маҳдуд, аз ҷумла осебдидагони бемории фалаҷи атфол, танҳо кори муассисот ва ниҳодҳои марбута набуда, балки худи ҷомеъа низ бояд дар ин замина пешоҳанг бошад. Тарҳи тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои имконоти маҳдуд дар сатҳи ҷамоъатҳо мустақиман зери назари вазорати беҳдошт ва дар ҳамкорӣ бо вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон иҷро мешавад.
Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ эълом кардаанд, ки кумакҳои фаннии худро барои иҷрои ин тарҳ дареғ нахоҳанд дошт. Сандуқи Кӯдакони СММ барои иҷрои ин тарҳ кумакҳои фаннию молии худро ироа медиҳад. Нахустин мавриди ибтило ба вируси навъи "WPV1"-и бемории полиомиелит ё фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, ки пизишкон онро як вируси "ваҳшӣ" ва "воридотӣ" хондаанд, дар моҳи апрел ва охирин мавриди он дар 4 июли соли ҷорӣ сабт шудааст.
Аз оғози соли ҷорӣ то 18 ноябр 458 мавриди таъйидшудаи ибтило ба бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон сабт шудааст. Тибқи иттилоъи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар асари ибтило ба ин меборӣ 27 нафар аз кӯдакон дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Ба ҷуз Тоҷикистон, дар Русия ҳам 14 маврид, дар Туркманистон се маврид ва дар Қазоқистон як мавриди ибтило ба ин беморӣ дар соли ҷорӣ сабт шудааст. Кишварҳои минтақа корзорҳои густардаи моякӯбӣ алайҳи ин бемориро ба роҳ андохтаанд ва аз ҷумла, дар Тоҷикистон моякӯбии садҳо ҳазор кӯдак дар шаш марҳила анҷом шудааст. Охирин мавриди моякӯбӣ алайҳи ин беморӣ аз 8 то 12 ноябр доир шуда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3800-2010-12-08-08-38-32.html