00:40:57 02-уми Июли 2025 сол

САНГТӮДА ЧӢ ТАЪРИХЕ ДОРЕД?

Дар соҳили чапи дарёи Вахш, тахминан 20-25 км болотар аз шаҳри Сарбанд деҳае бо номи Сангтӯда воқеъ гаштааст. Деҳа алҳол тобеи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Дар қаламрави хоҷагии «Ғайрат», ки марказаш ҷамоати Гулистон мебошад, чор деҳаи бузург бо номҳои : Сангтӯда, Гулистон, Қазон-гузар ва Навобод арзи ҳастӣ доранд. Ин се деҳа, ки нисбатан аз Сангтӯда ҷавонтаранд, бо номи умумии Сангтӯда низ машҳуру маъруфанд.

 

dehai sangtudaДеҳаи Сангтӯда таърихи хеле қадима дошта, ёдгориҳои таърихии зиёде низ дорад. Аз ҷумлаи ин мероси таърихии то замони мо омада расида қалъа, масҷид, зиндонҳо, ғорҳои чуқур (ба дарозӣ кандашуда), мазор ва қадамҷойҳои муқаддас ба монанди Ҳазрати Хӯҷаи зинда, Хуҷа- қушқор, Хуҷа-Бултоҳири балогардон ва бисёр намудҳои тангаву сафолпора ва дигар асбобу анҷоми гуногун ба ҳисоб мераванд. Ёдгории бисёр аҷиб ва асроромезе , ки дар паҳлӯи деҳаи Гулистон вуҷуд дорад, ин сангҳои тӯб ё сангтӯда мебошад. Сангҳое, ки он ҷо ҷамъ карда шудааст, ба сангҳои дарёӣ  монандӣ доранд. Дар наздик ва ё атрофи он кӯҳе нест , ки чунин санг дошта бошад.

 

Сангтӯда аз дарёи Вахш ду километр дуртар ҷойгир буда, номи деҳа низ аз ҳамин тӯдаи сангҳо гирифта шудааст. Ҳар касе, ки ин теппаи сангро мебинад, ангушти ҳайрат мегазад, ки инро кӣ, кай ва бо чӣ мақсад ҷамъ оварда бошад? Касе ба ин саволҳо ҷавоби аниқ гуфта наметавонад. Ана, ҳамин саволҳо моро водор намуд, ки оид ба таърихи Сангтӯда каме равшанӣ андозем.

 

Мӯйсафедони деҳа чунин ривоятеро нақл мекунанд, ки замоне гӯё лашкари Искандари Мақдунӣ ин диёрро забт мекунад ва фармон медиҳад, ки ҳар як ҷанговар аз соҳили дарё як санге гирифта, оварда ба ин ҷо партояд. Пас аз иҷрои ин амр дар он ҷо як теппаи бузурге аз санг бунёд мешавад. Гӯё Искандар бо ин кораш душманро тарсондан мехостааст. Баъд аз он, ки лашкариён тӯдаи азими сангҳоро месозанд, ба майдони ҷанг мераванд. Мутаассифона, касе намедонад, ки онҳо ба кадом самт мераванд ва бо кӣ меҷангида бошанд.

 

Хуллас, пас аз ҷангу набардҳои шадид лашкарини Искандар боз ба он ҷое, ки сангтӯда бино карда буданд, бармегарданд. Искандар бо мақсади муайян кардани шумораи дар ҷанг ҳалокшудагон ба лашкари худ рӯ оварда, амр мекунад, ки ҳар кас боз сангеро гирифта, ба дарё бурда партояд. Амри ӯ иҷро мешавад. Вале тӯдаи бузурги сангҳо боз боқӣ мемонад. Маълум мешавад, ки ҳамон миқдор одам дар ҷанг ҳалок шудаанд.

 

Мувофиқи ин ривоят ҳар як санги ин сангтӯда нишони он аскарони дар набард ҳалокшуда мебошанд. Диаметри сангтӯда тақрибан 200 ва баландиаш 8-9 метрро дар бар мегирад. Як вақте шахсоне ёфт мешаванд, ки мехоҳанд  он сангҳоро барои сохтани иморат  истифода баранд ва бурданӣ ҳам мешаванд.

 

Хушбахтона, сокинони деҳ воситаи ҳифз кардани ин ёдгории таърихиро ҷуста, овоза паҳн мекунанд, ки сангҳои теппа муқаддасанд ва ҳар шахсе, ки ақаллан як сангашро бигирад, гирифтори бадбахтиву нокомиҳо мегардад. Аз рӯзи пайдоишаш то имрӯз ин сангҳоро касе осеб надодааст. Чунин сангтӯдаҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон, хоса дар минтақаи Кӯлоби он низ ҳастанд, вале калонтаринашон ҳамин аст.

 

Мутаассифона, оиди ин ёдгории бузурги таърихӣ дар Энсиклиопедия советии тоҷик (Қомуси тоҷик) чизе гуфта нашудааст, то аз ин ёдгории таърихӣ маълумоти муфассалтаре ба даст биёрем. Вақте он расидааст, ки муаррихону муҳаққиқони ёдгориҳои таърихӣ ба чунин меросҳои боқимонда ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Охир ватандӯстӣ аз донистану дӯст доштани зодгоҳ сар мешавад.

 

Раҷабалии Худоёр, Қӯрғонтеппа, махсус барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3874-2010-12-15-06-18-09.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ