18:43:34 01-уми Июли 2025 сол

ГУРУСНАНИШИНИИ РАҚИБОВҲО ДАР ДАФТАРИ ОМБУДСМЕН

Аҳли як хонавода аз ноҳияи Файзобод дар бинои дафтари кумиссари (ваколатдори) ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон даст ба эътисоби ғизо заданд. Ин афрод, ки иборат аз волидон ва панҷ фарзанди ноболиғ ҳастанд, сокинони рустои Заркамари ноҳияи Файзобод буда ва мегӯянд, ки то мушкили манзили тахрибшудаи онҳо ҳалли худро наёбад, ба гуруснанишинӣ идома хоҳанд дод.

 

RagibovАтобулло Рақибов, сарвари ин хонавода, мегӯяд, ки беш аз аз як солу шаш моҳ аст, ки бо зану фарзандонаш дар ба дар ва саргардон аст, аммо ҳеч додгоҳе ба доди ӯ дар бораи манзили тахрибшудааш тавассути мақомоти маҳаллӣ нарасидааст. Оқои Рақибов дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ман ду сол боз дар ба дари ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳҳо мегардам, то ба додам бирасанд, ки хисорот аз манзилаи тахрибшудаи худро бозгардонам ва афроди муқассир дар ин амрро муҷозот кунанд. Вале имрӯз ҳатто ваколатдори ҳуқуқи башар ба ман гуфт, ки ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳҳо дар мавриди ин қазия ҳақ ҳастанд ва ман ноҳақ будаам."

 

Талошҳои мо барои суҳбат бо Зариф Ализода, омбудсмен ё кумиссари ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва муъовинони вай бенатиҷа анҷомид. Вале оқои Рақибов мегӯяд, ки вай, ҳамсараш ва панҷ кӯдаки онҳо дар як манзили хароб ба сар мебаранд. Ва ҳоло ба ҷуз аз гуруснанишинӣ чораи дигаре надоранд. Гулрӯ Ибодова, ҳамсари оқои Рақибов, бо панҷ кӯдакаш дар толори кунфронси дафтари кумиссари ҳуқуқи башар нишаста буданд ва Гулрӯ мегӯяд то замоне ки қазияи манзили онҳо ва бесарпаноҳ мондани вай ва кӯдаконашро ниҳодҳои зидахл ҳал накунанд, ба эътисоби ғизо идома медиҳад.

 

Вай афзуд, ки дар бораи гуруснанишинии аъзои хонаводааш ба созмонҳои байналмилалии зидахл дар Тоҷикистон, аз ҷумла Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, хабар хоҳад дод. Атобулло Рақибов дар бораи таърихи тахриби манзилаш дар рустои Заркамари ноҳияи Файзобод гуфт: "Ман дар муҳоҷират дар Русия будам ва ҳангоме, ки ҳамсарам ба ман телефунӣ дар мавриди тахриби манзиламон ба ман хабар дод, аз Русия ба ватан бозгаштам."

 

"Ман тамоми дороиямро барои бунёди ин манзил, ки беш аз 30 ҳазор дулор буд, масарф кардам. Ҳоло беш аз як солу шаш моҳ аст, ки бекорам. Фарзандонам ба мактаб рафта наметавонанд. Мо пасандоз барои даромади рӯзгор надорем ва дар фақр ба сар мебарем."

 

Оқои Рақибов афзуд, ки тахриби манзилаш тавассути маъмурони додситонии ноҳияи Файзобод ба иттиҳоми ғайриқонунӣ будани сохтмони манзил дар қитъаи замине сурат гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Рақибов, маъмурон иддаъо доранд, ки қитъаи замине, ки вай дар он манзил бунёд кардааст, ба вай таъаллуқ надорад. Аммо вай гуфт, ки ин қитъаи заминро дар соли 1997 харидорӣ карда ва меафзояд, ки ҳамасола барои истифода аз ин замин ба давлат молиёт месупурд.

 

Дар тобистони соли 2009 15 нафар аз сокинони рустои Заркамар дар баробари сохтмони раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таҷаммӯъ карда ва хоҳони расидагӣ ба қазияи тахриби манзили Рақибовҳо шуда буданд. Дар баёнияи ин афрод он замон сабт чунин шуда буд: "Замоне, ки панҷ фарзанди ноболиғи ин хонавода мехостанд аз тахриби хонаи худ ҷилавгирӣ кунанд, милисаҳо онҳоро заданд."

 

Гуфта мешавад тахриби манзили маскунии оқои Рақибов танҳо бо дарназардошти қонун дар бораи истифода аз замин сурат гирифта ва ҳеҷ додгоҳе дар робита бо ин манзил қабл аз тахриби хона раъйе содир накарда буд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, чунин иқдоме бидуни раъйи додгоҳ нақзи қонун ва таҷовуз ба ҳарими хусусии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Он замон раиси ноҳияи Файзобод барои расидагӣ ба ин қазия эҳёи дубораи манзил дар ҳамон қитъаи замин аз сӯйи оқои Рақибов бо маблағи худашро иҷоза додааст. Вале имрӯз оқои Рақибов гуфт, ки вай сармоя барои бунёди манзилро дар ихтиёр надоштааст ва барои бунёди манзили ҷадид вай бояд 20 сол дар Русия фаъолият кунад.

 

Ин дар ҳолест, ки ҳамсари оқои Рақибов мегӯяд, ки фарзандони вай ахиран аз сардӣ ва сӯиитағзия бо хатари ибтило ба бемориҳои мухталиф рӯбарӯ ҳастанд. Эмомалӣ, писари бузургтари вай, ки дар назди модар меистод, ба бемории чашм гирифтор шудааст, ки сурхии чашмаш аз ин беморӣ шаҳодат медод. Қазоёи марбут ба манзил ва мавориди норизоятии соҳибони ин гуна дороиҳо нисбат ба аъмоли мақомот дар Тоҷикистон дар солҳои ахир андак набудааст. Дар гузашта низ мавориди тахриби манозил дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар ба норизоятиҳои умумӣ доман задааст.

 

Аммо, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, камтар мавориде будааст, ки шокиёни чунин парвандаҳо дар додгоҳҳо баранда шуда бошанд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар зимни интиқод аз давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки қувваи муҷрия дар ин кишвар тамомии қудратро қабза карда ва додгоҳҳо аз истиқлоли кофӣ барои тасмимгирии озодона ва мунсифона бархурдор нестанд. Дар натиҷа, ағлаби шикоёти мардум алайҳи мақомҳои давлатӣ дар ҳамаи сутӯҳи муҳокима ба суди мақомот ҳал шудаанд ва мардум чорае ҷуз тан ба тақдир додан надоштаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4011-2010-12-29-14-47-15.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ