00:40:44 02-уми Июли 2025 сол

СОЛИ НАВ – ИДИ ДАРОМАД

Дар Тоҷикистон пас аз рӯзҳои башумор, аниқтараш 2 рӯзи дигар, бо ҳамҳамаю дабдба мардуми кишвар иди «Соли нави милодӣ»-ро бо як «масьулият»-и баланд истиқбол хоҳанд кард. Ин ид барои қисми зиёде аз мардуми кишвар ҳамчун як иди маҳбубу бошукӯҳтар нисбат ба соири идҳо маҳсуб меёбад. Барои мардуми Хуҷанд низ иди «Соли нав» аз аҳамият берун нест.

 

soli navПас аз чанд рӯзи дигар (маьмулан анқариб аз як ҳафта қабл) кулли кӯчаҳо, хиёбонҳо, назди бозорҳо, назди хонаҳо ва маьмулан ҳама ҷойҳоро садои баланду гӯшкаркунандаи «хлопушка»-ҳо фаро мегирад. Ҳоло, ин шабу рӯз садои гӯшхароши хлопушкаҳо шунида намешавад, (шоядам, шунида мешавад, аммо ба нудрат) аммо ҳеч тардиде вуҷуд надорад, ки дар чанд шаби наздик ба ин ид садои он баланд нашавад. Фарорасии ин ҷашнро метавон аллакай аз хиёбонҳои бо арчаи соли навӣ орошуда, аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд эҳсос кард.

 

Ҳоло дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар назди Майдони ситораҳо аллакай арчаи бузурги соли навӣ қомат афрохтааст ва издиҳоми бузурге аз одамонро ба худ ҷалб кардааст, ки ин ҳам омиле хубест барои аксбардорону наворбардорон, ки бо ин баҳонаи Соли нав даромади хубе ба даст меоваранд. Савдогарони бозорҳо «аз паи кор» ҳастанд. Онҳо рафҳои мағозаву бозорҳоро бо тӯҳфаю ҳазору як майда-чӯйда оро дода, аз пайи ҷамъ кардани даромади ҳангуфтанд. Ва албатта нақши телевизиюнҳои давлатӣ дар тарғиби ин маьрака бо намоиш додани барномаҳои солинавияшон хеле калон аст. Нишон додани танҳо як халтаи Бобои Барфӣ кофист то кӯдакону наврасонро ба сӯи бозорҳо ҷалб кунад.

 

Ҳамон тур ки ишора шуд ин лаҳзаҳо бозори тоҷирони маҳсулоти мутаалиқ ба Соли нав хеле гарм аст,ки ҳатто сардии зимистонро наметавон эхсос кард. Савдогарон муҳити ҷашнӣ сохтанро ба хуби балад ҳастанд. Малоҳат як хонуми 38 солаи бозори Панҷшанбе, ки мизашро аз садҳо анвоьи мухталифи кодуҳо ва ҳадяҳо пур кардааст,мегӯяд ин соату лаҳзаҳоро бо беқарорӣ интизор будааст чун маҳз дар чунин идҳое чун Соли нав бозори фурӯши ҳадяҳои омодакардаи ӯ гарм мешавад ва ӯ даромади хуб ба даст меоварад. Абдурасул, аз дигар ҳамсӯҳбатони мо, савдогари 27 солаи ҳамин бозор мӯьтақид аст, ки тамоми арчаҳои ӯ ба фурӯш мераванд ва ӯ даромади хубе ба даст хоҳад овард.Тамоми савдогарони бозори Панҷшанбе мисли ин ду ҳамсӯҳбатонам ақида доранд.

 

Хуб, суоли матраҳ инаст,ки оё соли нави мо тоҷикон ҳамин 31 декабр аст? Соли нави мардуми ориёинажод, мардуми форсзабон, аз ҷумла тоҷикон, ба рӯзи аввали моҳи ҳамали солшумории шамсӣ, яъне ба 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Яъне ҷашни истиқбол аз Соли Нав барои мардуми мо ҳамон Наврӯз аст. Маҳз дар ҳамин мавсим табиат аз нав эҳё мешавад, маҳз дар ҳамин фасл дарахтони урёну замини хуфта зиндаву шукуфон мешаванд. Хуб, ҳоло бубинем соҳибназарон ва коршиносон роҷеь ба ин ид ва ҷашнгирии он чӣ андеша доранд. Аксар соҳибанназарон бар ин боваранд,ки иди Соли нав «тӯҳфа»-и замони Шӯравист ва он бо омадани низоми шӯравӣ ба сари мардуми тоҷик таҳмил шудааст.

 

Ва бо дар назардошти ин низом мардуми тоҷик андаке аз асли худ дур шуд ва соли нави милодиро ба унвони солшумории худашон пазируфтанд. Oсим Носиров рӯзноманигор бар ин бовар аст, ки таҷлил аз иди Соли милодӣ «мерос»-мондаи замони ҳукумати шӯроҳост.  Соли нави мелодӣ чун аньана аз даврони ҳокимияти Шӯравӣ ба мо «мерос» монд. Имрӯз ҳамзабонҳои мо мардуми афғону Эрон соли нави миллӣ, яъне Наврӯзро мисле ки соли навро пешвоз мегирем, ин идро ботантана ҷашн мегиранд. Аслан мувофиқи назари ситорашиносон соли нав ин Наврӯзи мост.

 

Имрӯз дар Тоҷикистон гарчанде ки Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, аммо ба мақоми соли нави мелодӣ нест. Ба ҳар ҳол мо ин масъаларо пайгирӣ кунем то насли баъдӣ ҷашни милии хешро донад Абӯбакр Акбаров, як сокини шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо мо гуфт,ки дар шаби соли нав хонаи худашро бо арчаи солинавӣ оро дода, дастурхони соли нави густурда ва ҳамроҳ бо хонаводааш шодиву хурсандӣ мекунад. Барои Насибахон, як мусоҳиби дигари мо, таҷлил аз иди Соли нави мелодӣ ҳеҷ аҳамияте надорад ва ӯ ин идро аслан ҷашн намегирад, зеро ба гуфти ӯ ки пайрави дини ислом аст, таҷлил аз чунин иде марбути мардуми мусалмон нест ва ин хоси насронихо мебошад.

 

Бо ин вуҷуд аҳли ислом таҷлил аз соли нави масеҳиро ба унвони як ҷашни мазҳабӣ, барои мусулмонон раво намедонанд ва танҳо таҷлил аз ду иди мазҳабӣ иди Қурбон ва Рамазонро иҷозат медиҳанд. Аксар соҳибназарон бар ин боваранд,ки бо гузашти чандин сол аз мустақилияти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бештари мардум ба маьнои воқеӣ Наврӯзро ҳамчун соли нави худ намедонанд.Ба гуфти коршиносон ин айбро наметавон бар дӯши мардуми оддӣ гузошт.Ҳукумату давлат дар ин замина метавонад нақш дошта бошанд.

 

Тамоми барномаҳои расмии мо дар асоси соли масеҳӣ тарҳрезӣ мешаванд ва шояд солҳо лозим аст то Наврӯз ба унвони соли нав ҷои соли масеҳиро бигирад.

 

Фирдавси Аъзам, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4018-2010-12-30-06-07-03.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.12.2010 16:57
Хурсандиву шоди кардан хуб аст,
ин ид хам ба монади дигар идхо бояд кайд кард, аз чамъият дур намонем, хар хел сафсатахоро пеш наоред, тухфаву мукофот гирифтан хуб асту лекин ношукри мекунед, бубинед дар ин ид барои фазандхоятон тухфа мехареду онхо хурсанд мешаванд ва худ як лаъхзахам бошад аз зиндаги рози мешавед, дигараш ки дар ин ид ва дигар идхохам ба сагиру бексу куён аз тарафи давлатмандон якчиз не як чиз мерасаду онхо хурсанд мешаванд магар кори хуб нест, хушнудии кудаконии мову шумо дар кадом холате, ки набошад бароямон лахзахои нотакрору гуворо мебошад. биёд андеша карда як бор ба дунёи рушан нигарем, мардум чи хел зиндаги мекунанд, Э Вой бар холи шумо кухнапарастони нотавонбин, бахона наёфте, думи сагат кач мегуед.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ