18:59:39 01-уми Июли 2025 сол

АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ПАДИДАИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ-2

Ҳукумати якобинчиён дар шароити фавқулоддаи он замон системаи террори давлатиро ҷорӣ кард, ки ҳамзамон дар кишвар ҷанги гражданӣ идома дошт. Эътиқоди фанатикӣ нисбат ба ҳаққонияти кори худ, набудани таҳаммулпазирӣ нисбат ба мухолифон як хусусияти хоси ҷаҳонбиниии инқилобчиёни Фаронса буд, ки ба нерӯи наҷотдиҳандаи террор умед мебастанд.

 

Максимилиан Робеспер 5 феврали соли 1794 дар Конвент баромад карда, изҳор намуда буд: «Агар дар давраи осоишта василаи идоракунии ҳалқ накӯкор бошад, дар давраи инқилоб васила ё яроқи он  ҳам накӯкор ва ҳам террор( даҳшат, тарсу ваҳм) аст; накӯкорӣ, ки бидуни он террор бақо надорад ва террор, ки бидуни он накӯкор бечора аст». Дар натиҷа аз рӯи ҳисобҳои тахминии таърихнигори амрикоӣ Д. Грир  35-40 ҳазор кас дар он замон қурбони террори якобинчиён гардиданд. Ба ин рақам талафоти ҷанги шаҳрвандӣ дар департаментҳои шимолу ғарбӣ дохил намешаванд. Дар охири асри XIX – ибтидои асри  XX   мухолифони низоми подшоҳии Россия ба таври фаъолона аз шеваҳои террор истифода менамуданд  ва аз низоми мавҷуда посухи  монанд мегирифтанд.

 

Аммо баъд аз Инқилоби октябри соли 1917 дар Россия ин фаъолиятҳои террористӣ ба муқобили ҳукумат ба таври дигар арзёбӣ шуда, онҳо «ҳуқуқи мардуми бесилоҳ барои муҳофизаи худ» номида шуданд. Ҷанги граждании солҳои 1918 – 1922 дар Россия намунаи барҷастии истифодаи террор буд, террори «сафеду» «сурх». Ҷангҳои партизанӣ дар давраи ҷанги ҷаҳонии дуввум  низ аз тарафи давлати шӯравӣ ҳамчун қаҳрамонӣ ва аз тарафи Олмони фашистӣ иштирокчиёни онҳо ҳамчун террорист, бандит, ҷангҷӯ ба қалам дода мешуданд.   Вале худи А.Гитлер ба таври ошкор ба террори мардуми славян, яҳудиён, сиганҳо даст зада буд.

 

Баъди ҷанги ҷаҳонӣ шеваҳои террористӣ дар ҷараёни ташкили давлати Исроил васеъ истифода шуданд. Яке аз коршиносони амрикоӣ Адам Перфей менависад, ки «сионизм» аз методҳои террор барои ҳамвор сохтани роҳи худ дар зиндагӣ истифода мекард». Менахем Бегин ва Исхак Шамир- нахуствазирони ояндаи Исроил номи худро бо ин машҳур гардониданд, ки истифодаи террорро ба муқобили Британияи Кабир- намунаи барҷастаи тамаддуни Ғарбӣ ҳақ мешумориданд. Дар натиҷа Британияи Кабир аз СММ хост, ки ба ташкили давлатӣ Исроил иҷозат диҳад(дар заминҳои Фаластин). Дар ҳоле, ки яҳудиён аз се як ҳиссаи аҳолиро ташкил медоданд, 56% ҳудуд ба онҳо таалуқ гирифт. Яҳудиҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки  арабҳое, ки дар давлати онҳо боқӣ мондаанд бояд террор шаванд.

 

Жаботинский-идеологи машҳури сионизм зарурати ҳатмии террорро ҳамеша таъкид мекард. Террори оммавии арабҳо дар урдугоҳҳои Сабра ва Шатила, дар Дайри Ёсин ва ғайра ба ҳама маълуманд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки террор ҳамеша дар ҳоли афзоиш аст. Муаррихон ҳисоб кардаанд, ки дар асри XVII- 33 амали террористӣ ба муқобили ходимони давлатӣ анҷом дода шудааст.Дар асри XVIII бошад- 144;дар асри XIX- 22 амали террористӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар асри XX- 560 шоҳу, президенту, сарвазирҳо террор шудаанд. Теъдоди аҳолии осоиштаро, ки қурбони террор шудаанд шумурдан хеле мушкил аст.

 

Дар марҳилаҳои таърихӣ асосан террор аз тарафи гурӯҳҳои  чапгаро бештар ба мушоҳида мерасид, дар ҳоле, ки «терроризми ростҳо» ҳам ба мисли фаъолияти созмони «Ку-клукс-клан»  вуҷуд дошт. Аз солҳои 20 асри XX терроризми давлатӣ, ё террор аз «боло» авҷ гирифт(дар даври ҳукмронии И.Сталин, А.Гитлер )ва ғайра. Имконоти низоъбарангези терроризм, махсусан дар солҳои 60 асри XX вақте ки минтақаҳои васеъ дар ҷаҳон ба минтақаҳои гарми фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои аз нигоҳи  тамоилоти идеологиашон гуногун табдил гардиданд,  афзоиш ёфт.

 

Имрӯз, аз рӯи баъзе маълумотҳо, дар ҷаҳон наздики 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад. Аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористӣ анҷом дода шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 3668 нафар кушта ва 7474 нафар захмӣ шудаанд. Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони рӯҳияи террористӣ дошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои  зиддинсонӣ бо бераҳмии том истифода менамоянд. Аз рӯи тадқиқоти олимони хориҷӣ буҷети умумӣ дар соҳаи террор ҳарсола аз 5 то 20 миллиард долларро ташкил менамояд.

 

Маркази фаъолиятҳои террористӣ дар ҷараёни  чандин сол аз Амрикои Лотинӣ ба ҷониби Япония, ҶФО, Туркия, Испания ва Италия кӯчид. Ҳамзамон амалҳои террористӣ аз тарафи чунин созмонҳои террористӣ ба мисли «Артиши Ҷумҳуриявии Ирландия»(АҶИ) дар Англия ва Ирландия, созмони «Ватан ва озодӣ»(ЭТА) дар Испания анҷом дода мешуданд. Террористони исроилӣ ва фаластинӣ, созмонҳои террористӣ дар баъзе кишварҳои Африқо, Осиё ва Амрико фаъол гардиданд. Дар солҳои охир дар Шарқи Наздик созмонҳои «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», созмонҳои террористии сикхӣ дар Ҳиндустон, гурӯҳҳои мафиозии маводи мухаддир дар Колумбия, ки аз шеваҳои террористӣ истифода мекунанд,  бештар дар маркази таваҷҷӯҳ будаанд.

 

Баъд аз амалиёти террористии 11 сенябри соли 2001 ва амалиётҳои дигар, ки ба номи Усома Бин Лодан пайванд дода мешаванд, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд, ки аслан худи ҳамин мафҳум нодуруст аст, зеро ислом ҳамчун дин ба терроризм робитае надорад. Терроризм имрӯз  танҳо тахрибкории шахсони алоҳида, рабудани ҳавопаймоҳо, террористони шаҳодатталаб нест. Терроризми муосир сохторҳои пурқуввати вобаста ба миқёси фаъолияташон аз лиҳози техникӣ комилан муҷаҳҳаз мебошад.

 

Терроризм ба бизнеси бисёр сердаромади миқёси глобалӣ, дорои «бозори кор»   (зархаридон ва ғайра) ва сармоягузорӣ (таъмини яроқу аслиҳа, фурӯши маводи мухаддир) ва ғайра   табдил ёфтааст. Масалан, дар ҷараёни ҷанг дар ҳудуди собиқ  Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия ҳарсола ба нерӯҳои даргири ҷанг ба маблағи 2 млрд доллар яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ  расонида мешуд. Имрӯз исбот шудааст, ки аз тариқи минтақаҳои амалиёти фаъоли гурӯҳҳои террористӣ ҷараёни асосии маводи мухаддир ва маводи нашъадор мегузарад ва ин миллиардҳо долларро ташкил мекунад. Беш аз 10 қисми тамоми содироти ҷаҳонии яроқ ба минтақаҳои «сиёҳ» ва «хокистарӣ» рост меояд. Ба назари мо зарурат ба шарҳ надорад, ки ин яроқ куҷо меравад ва ба дасти ки меафтад.

 

Адабиёт

1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1998, № 9, мод. 68; №22, мод. 306; соли 1999, №12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149, 167; соли 2002, №11, мод. 675, 750; соли 2003, № 8, мод. 456, 468; соли 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452- 453; соли 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640) 

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 № 846//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, №11, мод. 275

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм(ифротгароӣ)  аз 8 декабри соли 2003 № 69//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2003, №12, мод. 697.

4. Договор между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, и Республикой Узбекистан о совместных действиях по борьбе с терроризмом, политическим и религиозным экстремизмом, транснациональной организованной преступностью и иными угрозами стабильности и безопасности Сторон. Ташкент, 21 апреля 2000 г.

5. Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом. Шанхай, 15 июня 2001 г.

6. Искандаров Қ. Афғонистон: толибон ва ташаккули марказҳои террористӣ.-Душанбе: «Ирфон», 2003.

7. Капитонов К.А. Террор.Война без правил. Израилско-палестинское противостояние. М.:АСТ:Восток-Запад, 2006.- 526 с.

8. Кеппель Жиль. Джихад. Экспансия и закат исламизма.- М.: Научно-издательский центр «Ладомир», 2004.- 467 с.

9. Косиченко А.Г., Ашимбаев М.С., Султанов Б.К., Шоманов А.Ж., --Бегалиев Н.К., Нурмухамедов Б.Ж. Современный терроризм: взгляд из Центральной Азии.- Алматы: Дайк-Пресс, 2002.-213 с.

10. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации.Ч.1.- Душанбе: Ирфон, 2009.

11. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации.Ч.2.- Душанбе: Ирфон, 2009.

12. Пластун В.Н. Эволюция деятельности экстремистских организаций в странах Востока.- Новосибирск:»Сибирский хронограф», 2002 г.- 712 с.

13. Требин М.П. Терроризм в XXI веке. Минск: Харвест, 2004.- 816 с.

14. Ғоибов Ғ. Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад. Душанбе, 2004.

15. Ҳалабӣ Алиасғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ- сиёсии муосир. Теҳрон, 1384.

 

Муаллифон:

Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Назаров Носир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ


Ин мавод бори аввал дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ва маҳз дар сомонаи «Рӯзгор» ба нашр мерасад.

АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ПАДИДАИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4019-------2.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ