ТАЪВИҚИ САФАРИ УСТОДОНИ МАДОРИСИ ТОҶИКИСТОН БА ЭРОН
Сафари гурӯҳе аз устодони алифбои ниёгони Тоҷикистон ба Эрон ба таъвиқ афтодааст. Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон аз шарҳи илали таъвиқ худдорӣ карданд. Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон аз қавли манобеъи Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки “мақомот иҷозаи сафар надодаанд”.
Субҳи душанбеи 3 январ гурӯҳи 71 нафарии устодони мадорис ва донишгоҳҳо, ки алифбои форсӣ ё ниёгонро тадрис мекунанд, дар толори Вазорати маориф таҷаммӯъ карда буданд. Қарор буд, ин афрод барои ширкат дар нахустин давраи якмоҳаи бозомӯзии алифбои форсӣ озими Эрон шаванд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон дар маросими эъзоми устодон гуфт, ки ин тадбир бо талошҳои муштараки вазоратҳои омӯзишу парвариши Эрон ва маорифи Тоҷикистон ва ба манзури боло бурдани салиқаю маҳорати устодони тоҷик роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳоле ки вазири маорифи Тоҷикистон ва сафири Эрон дар ин кишвар барои устодони тоҷик сафари хайр таманно карданд, аммо пас аз поёни маросими эъзом хабари ба таъвиқ афтодани ин сафар эълом шуд. Оқои Раҳмонов аз сӯҳбат бо хабарнигорон дар заминаи иллати таъвиқи сафар худдорӣ кард. Талошҳо барои мушаххас кардани илали ин ҳодиса аз масъулони дигари ин вазорат низ натиҷае надод.
Бархе аз кормандони масъули вазорат далели таъвиқро “мушкилоти фаннӣ” ва “мушкили дарёфти визои Эрон” арзёбӣ карда ва гуфтанд, мумкин аст ин сафар дар ҳафтаи оянда анҷом шавад. Аммо манобеъи Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки устодон дар ҷараёни тадорукоти сафар ҳеч мушкиле надоштанд ва ҳавопаймо низ мунтазири онҳо буд.
Зимнан, дар моҳи сентябри соли гузашта ҳамчунин ҳодисае иттифоқ афтода ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз сафари гурӯҳи синафарии донишҷӯёни тоҷик ба Эрон ҷилавгирӣ карда буданд. Қарор буд ин афрод, ки 15 нафар аз онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон буданд, дар як давраи омӯзиши эроншиносӣ, забон ва адабиёти Эрон дар шаҳри Теҳрон ширкат кунанд.
Ба дунболи он дар моҳи ноябри соли гузашта раванди бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси Эрон шурӯъ шуда ва дар се парвози ҳавопаймо беш аз 200 донишҷӯи тоҷик таври дастаҷамъӣ аз шаҳрҳои Машҳад, Зоҳидон ва шаҳрҳои дигари ин кишвар ба Тоҷикистон бозгаштанд. Афзун бар ин, дар авохири моҳи гузашта Вазорати маорифи Тоҷикистон таҳсили фарзандони тоҷик дар танҳо мадрасаи эронӣ дар Душанберо мамнӯъ кард.
Ба гуфтаи масъулони ин вазорат ин мадраса ба унвони мактабе дар назди сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъсис шудааст ва аз ҳаққи тадрис барои шогирдони ғайриэронӣ бархӯрдор нест. Тибқи иттилоъи манобеъи Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, дар ин мадраса беш аз 90 шогирди тоҷик низ таҳсил мекарданд, вале вазорати маориф иддаъо кардааст, ки тадрис барои тоҷиктаборон аз сӯйи ин муассисаи таълимӣ ғайримуҷоз аст.
Зимнан, ҳоло дар Тоҷикистон хатти форсӣ бо номи "алифбои ниёгон" дар мадорис аз синфҳои 4 то 7 тадрис мешавад. Зумрадбӣ Қаюмова, устоди литсейи шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҳафтае танҳо як соъат барои тадриси алифбои форсӣ тахсис шудааст, ки барои омӯзиши хатти форсӣ кофӣ нест. Хонуми Қаюмова гуфт, ки чаҳор соле қабл дар мадорис омӯзиши хатти форсӣ ҳафтае дар ду соъат анҷом мешуд, аммо ба далоили номаълум муддати тадриси он коҳиш ёфтааст.
Дар даврони бозсозӣ ё "перестойкаи Михоил Горбачёв, раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ дар авохири даҳаи 1980, таваҷҷӯҳи мардуми Тоҷикистон ба мероси фарҳангию миллӣ, бахусус, омӯзиши хатти форсӣ зиёд шуда ва дар нашрияҳо ва телевизиюни ин кишвар барномаҳои вижаи омӯзиши хатти форсӣ нашр ва пахш мешуд. Дар Қонуни забони Тоҷикистон, ки дар соли 1989 тасвиб шуда ва дар он забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро касб карда буд, барои то соли 1996 аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштан зарбулаҷал таъйин шуда буд.
Аммо дар пайи ҷанги дохилӣ дар даҳаи 1990 ва ба қудрат расидани давлати ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дар Тоҷикистон ин банди қонун иҷро нашуд. Зимнан, дар соли 1929 давлати кумунистӣ дар Тоҷикистон хатти форсиро бо алифбои лотинӣ ва дар соли 1940 бо алифбои сирилик иваз кард. Аз он замон ба баъд аксари мардуми Тоҷикистон аз дастрасии мустақим ба мероси навиштории фарҳангии худ то кунун маҳрум аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4044-2011-01-03-15-17-56.html