15:28:16 01-уми Июли 2025 сол

ЯТИМОНИ ДУШАНБЕРО "БОЗИЧАҲО БАРОИ КӮДАКОН" ХУРСАНД КАРДАНД

Дастаи кӯчаки қӯшунҳои хушкигарди баҳрии ИМА, ки сафорати Амрикоро муҳофизат мекунанд, суннати умумиҷаҳонии амрикоии хайриявиро дар Душанбе ба амал овард. Барномаи хайриявии  созмони «Бозичаҳо барои кӯдакон» бо қӯшунҳои хушкигарди баҳрии ИМА иртиботи зич дорад.

 

кудаконИн созмон имсол 63-умин солгарди хешро дар ҳоле қайд мекунад, ки болҳои хешро дар саросари ҷаҳон паҳн карда истодааст. Мудири ятимхонаи синни томактабии рақами 1-и шаҳри Душанбе хонум Рукатмо Қаландарова ва қумандони дастаи қӯшунҳои хушкигарди баҳрӣ сержанти калон Кристофер Хониг ташрифи дастаи қӯшунҳои хушкигарди баҳриро барои расондани хайрияи бузурги бозичаҳои нав барои кӯдакон ташкил намуданд. Ин ташриф оғози барномаи «Бозичаҳо барои кӯдакон»-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

 

Сержанти калон Хониг иброз дошт, ки интихоб намудани хонаи ятимони  синни томактабии рақами 1 «осон» буд, чун дар гузашта дигар коркунони сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар он ҷо кори хайриявиро роҳандозӣ карда буданд ва он калонтарин ятимхонаи шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Ӯ таассуроти хешро аз ташрифи охирини худ ба ин ятимхона изҳор намуд. 

 

кудаконБарномаи «Бозичаҳо барои кӯдакон»-ро соли 1947  яке афсарони нафақахӯри қӯшунҳои хушкигарди баҳрии ИМА оғоз намуд. Ин барнома бо суръати тез дар саросари Иёлоти Муттаҳида паҳн гашт. Маъмулан, шахсиятҳои зиёди машҳури Ҳолливуд ва ситораҳои варзишӣ номҳои хешро бо ин созмони хайриявӣ марбут месозанд то ба ноил шудани он ба унвонҳои бисёре, ки онро барҷастатарин созмони хайриявӣ дар Амрико эътироф мекунанд, кӯмак расонанд. Фаъолияти байналмиллалии ин барнома, ки соли 1959 аз  расондани хайрия дар шакли  бозичаҳо ба кӯдакони манотиқи дурдасти Ҷопон ва Карибия оғоз ёфтааст, бо мурури замон васеъ гашт.

 

Дар солҳои охир барномаи «Бозичаҳо барои кӯдакон» дар Иёлоти Муттаҳида ва саросари ҷаҳон ба кӯдакони мӯҳтоҷи меҳрубонӣ 22.9 миллион бозича хайр намудааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4075---q--q--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ