07:18:19 02-уми Июли 2025 сол

ЛОИҲАИ ҚОНУН БО ҚУРЪОН ВА КОНСТИТУТСИЯ МУХОЛИФАТ ДОРАД?

Дар арафаи соли 2011 мавҷи «Микрофони озод»-и Шабакаи аввали ТВТ Тоҷикистонро фаро гирифт. Ин маротиба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки қабули онро тамошобинони ин шабака саривақтӣ ва талаби замон медонанд, ба муҳокимаи мардум гузошта шуд.

 

microfoni ozodАз тамошои барномаҳои «Микрофони озод» дар ин хусус, ҳадс задан мумкин аст, ки баъзе  аз соҳибони нуқтаназарҳо матни лоиҳаи ин Қонунро дуруст дарк ва ҳазм накардаанд ва ё ин ки шахсоне, ки назари интиқодӣ доранд, суханашон бурида мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳангоми лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба муҳокимаи мардум гузошта шуд ва «Микрофони озод» амал мекард, мардум  матни лоиҳаи ин Қонунро ҳазм карда андешаронӣ мекарданд.

 

Соли 2010  низ ин барнома ҳангоми эъломи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» аз фаъолтарин барномаҳои ТВТ буд ва шахсони зиёде ба ин восита худ ва сармояашонро ба намоиш гузоштанд ва баъзе онҳо барои сохтмони он кӯмак ҳам карданд, вале ҳамсоякишвар аз рӯи кор гирифтани ин пуружаи миллӣ бардошти нодуруст касб кард ва дар натиҷа Тоҷикистонро барои чанд муддат ба муҳосираи иқтисодӣ кашид.

 

Дар маҳфилҳои берун аз «Микрофони озод» бошад мардуми тоҷик дар хусус қабул ва пешниҳод қонуни мазкур назари якранг ба монанди «Микрофони озод»-ро надоранд. Ҳатто баъзеҳо бо истинод ба Сарқонуни кишвар барои ба муҳокима пешниҳод кардани он лоиҳаи ин қонунро мантиқӣ намедонанд. Чунки вуҷуд доштани матни моддаи 34-уми Сарқонуни кишвар хулосаи  ҳамин Қонун аст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу  қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

 

Ҳамзамон вуҷуд доштани маҳдудиятҳо дар матн лоиҳаи ин Қонунро аз омилҳое медонанд, ки қисман ба урфу оддатҳои динӣ монеа эҷод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо маҳдуд кардани фазои диндорӣ ва манъ кардани иштирок намудан дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ барои шахсони то синни ҳаждаҳсола барои ҷомеаи динии Тоҷикистон пайомади нохушояндро дар пай хоҳад дошт. Зеро Дар моддаи 26-уми Сарқонуни кишварамон омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

 

Дар ин банди Сарқонун синну соли шаҳрванд муайян нашудааст. Дар моддаи 5-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бошад, аз рӯи синну сол ва муайян кардани масъулияти падару модар дар ин маврид чунин омадааст: «Таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризояти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад». Дар банди дигар ҳамин Қонун ин тавр зикр шудааст: «Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст».

 

Аммо дар матни лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» як навъ маҳдудкунӣ эҳсос карда мешавад. Тавре дар моддаи 7 ин Қонун омадааст: «Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд: -иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои азодорӣ) роҳ надиҳанд». Яъне, фарзанди ноболиғ -шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида. Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мафҳуми иттиҳодияҳои диниро аз нигоҳи ҳуқуқӣ чунин мушаххас мекунад:

 

«Моддаи 10. Шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо

 

Иттиҳодияҳои динӣ дар шаклҳои ҷамоаи динӣ ва ташкилоти динӣ фаъолият менамоянд. Шаклҳои ҷамоаи динӣ ¬– масҷиди ҷомеъ, масҷиди панҷвақта, ҷамоатхона, ибодатгоҳ, зиёратгоҳ ва дигар шаклҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нестанд.

 

Шаклҳои ташкилоти динӣ – маркази динии ҷумҳуриявӣ, масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷамоатхонаи марказӣ, муассисаи таълими динӣ, калисо, куништ ва дигар шаклҳое, ки бо қонунгузорӣ мухолиф нестанд».

 

Аммо аз мутолиаи матни ин Қонунҳо бар меояд, ки бо қабул гардидани Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», шахсони то сини 18-сола ҳуқуқи ширкат кардан дар маросимҳои динӣ аз ҷумла бо ҷамоат хондани намозҳои панҷвақта, адои намози ҷумъа ва  намози таровиҳ, ширкат кардани пайравони дигар динҳо дар маросими ибодат ва ниёишҳои дастаҷамъона ба хусус 73 ҷараёни ғайриисломие, ки расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд ва дигар маросимҳои диниро надоранд.

 

Ба  ҷуз маросимҳои азодорӣ, яъне иштирок кардан дар намози ҷаноза ва гӯронида ашхоси фавтида. Ин банди Қонун бо таълимоти ислом низ ошкоро мухолифат дорад. Қуръони карим дар даҳҳо маврид амр кардааст, ки намозҳоро дастаҷамъона бихонед ва таъкид доштааст, ки намозҳоро бо ҷамоат бихонед ва мурод аз бо ҷамоат хондан дар масҷид бо ҷамъи мардум адо кардани намоз аст. Дар ривоёти саҳеҳ мехонем, ки Расули Худо(с) набераҳои навраҳгардаш Ҳасан ва Ҳусейнро бо худ ба масҷид бурдааст то аз хурди аҳамияти адои намози бо ҷамоатро дар ниҳоди онҳо тарбия намояд.

 

Аксар ровиёни ҳадиси Паёмбар (с) низ касоне буданд, ки синнашон аз 18 сола камтар буд ва бештари ҳадисҳоро дар масҷид аз Ӯ(с) шунида нақл кардаанд. Ин воқеияти диндоронро наврасон ва ҷавонони имрӯз хуб дарк кардаанд. Рӯҳониён низ яку якбора наметавонанд онҳоро аз масҷид биронанд, чун ки далели шаръӣ надоранд ва рисолати мусалмон буданашон ҳам иҷоза намедиҳад, ки ошкоро бо гуфтаҳои Қуръону суннат мухолифат кунанд. Илова бар он аксари онҳо дар даврони собиқ Шӯравӣ таълимоти исломро пинҳонӣ аз худ кардаанд  ва намехоҳанд, ки насли асри 21 ба монанди онҳо «чаламулло» боқӣ бимонанд…

 

Банде, ки бо таълимоти динҳои осмонӣ мухолафат дорад ин аст, ки падару модар барои амалҳои ношоями фарзандонашон муҷоз мешаванд. Писари Нӯҳ(а) нофармонӣ кард, бо бадон ғарқ шуд ва Худо Нӯҳро барои ин халафкориҳои фарзандаш муҷозот накард. Расули Худо гуфт агар Фотима, духтари Муҳаммад дуздӣ кунад ба Худо қасам, ки дасташро мебурам. Аммо нагуфт, ки падар ё модарашро ҷазо медиҳам.

 

Собит падари Имоми Аъзам ҳам вақте себро газида хӯрд, соҳиби боғ нагуфт, ки то падару модаратро муҷозот накунам туро намебахшам. Қуръон мегӯяд, ҳар кӣ як зарра амалеро анҷом бидиҳад, барои карда худ ҷавоб медиҳад. Локин нагуфтааст, ки волидон ва масъулон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мантиқан ҳам аз адои масъулият то муҷозот хело фосила вуҷуд дорад ва шинохти маърифатро талаб мекунад. Тавре ба ин маъно Худои карим мефармояд: мурод аз адои масъулият расонидани паём аст ва ҳисобу китоби мардум ба Ӯ таъоло ҳавола карда мешавад…

 

Инчунин бандҳои зерини лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»:

 

«-ҷалби фарзандони худро барои гирифтани таълим ба мактабу таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ё ба назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;

 

-таълими фарзандони ноболиғро бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хориҷи кишвар иҷозат надиҳанд»,-ро бархе аз соҳибназарон низ як навъ маҳдуд кардани таълим барои фарзандони тоҷик унвон мекунанд.

 

Ба сабаби он ки ҳамакунун наздики як миллион муҳоҷири кори тоҷик берун аз Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунанд ва табиист, ки баъзе  аз онҳо фарзандони худро бо худ ба хориҷа бурдаанд.  Агар ҳар яки онҳо омаду рафти худро барои идомаи таълими фарзандони худ ба мақомоти Тоҷикистон мувофиқа намоянд, ба ҷои осон кардани мушкилоти онҳо як коғазбозии нав ва саргардониҳои иловагиро ба дӯши муҳоҷирони меҳнатӣ зам хоҳем кард.

 

Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4084-2011-01-07-05-45-27.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ