18:26:26 01-уми Июли 2025 сол

БАРКАНОРИИ 26 ИМОМХАТИБИ МАСОҶИДИ ҶОМЕИ КИШВАР

Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, 26 имомхатиби масоҷиди ҷомеъи кишварро аз вазифаҳояшон барканор кардааст. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи умури дин гуфт, “сатҳи дониши на ҳамаи имомхатибон, ки имрӯз сокинон аз қафояшон намоз мегузоранд, ба талабот, ҳам аз назари қонуни давлат ва ҳам аз нигоҳи шариат ҷавобгӯ мебошад.” “Аз ин хотир, ба аксари онҳо мӯҳлат муайян карда шуд, то тавонанд дониши худро васеъ кунанд”,-афзуд ӯ.

 

masjidМақомоти Тоҷикистон агарчӣ динро аз давлатро ҷудо мешуморанд, вале солҳои ахир талош кардаанд, ки фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъро таҳти назорати шадид бигиранд. Дар қонуни озодии виҷдон, ки бо пешниҳоди ҳукумати кишвар тасвиб шудааст, низ гуфта шудааст, ки имомхатибҳои масоҷид бо раъйи сокинони маҳал ва бо мувофиқа бо масъули ҳукумати маҳаллӣ интихоб мешаванд.  Ҳамчунин, шурӯъ аз соли 2007 мақомот имомхатибонро санҷиш мекунанд ва онҳое, ки ба “меъёр” ҷавобгӯ нестанд, аз ин вазифа маҳрум месозанд.

 

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон, аз сатҳи забони тоҷикидонии иддае аз имомхатибон интиқод кард ва гуфт, “бархе аз онҳо ба забони давлатӣ озодона ҳарф зада наметавонанд.” Оқои Холиқов, ки дар як соли ахир масъулияти раҳбарии Кумитаи умури динро ба дӯш гирифтааст, аз баёни мавъизаи рӯҳониёни саршинос, ки ба гуфтаи худи ӯ, мардум пеши пойи онҳо сар фуруд меорад, изҳори нигаронӣ кард.

 

Вай гуфт, барои ҷилавгирӣ аз мавъизаҳои тунд, ки метавонанд боис ба эҷоди  сӯитафоҳумҳо дар кишвар шаванд, онҳо китоби “Мавъиза”-ро дар ҳаҷми 140 саҳифа, барои рӯҳониён омода кардаанд. Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки дар сурати риоят нашудани “амри маъруф”-ҳои Кумитаи умури дин ва Шӯрои уламо, оё рӯҳониён муҷозот хоҳанд шуд ё на, Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дин гуфт, “муҷозоте пешбинӣ нашудааст.”

 

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ аз сабти ном шудани Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар замони барҳаёт будани Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, собиқ раҳбари Шӯрои уламои маркази исломӣ натавониста буд, аз қайди расмӣ бигузарад, низ иттилоъ доданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳоло муассисони 10 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 14 масҷиди ҷомеъ ва 65 масҷиди панҷвақта барои сабти номи расмии масоҷиди худ аснодро пешниҳод кардаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4107--26----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ