21:10:46 01-уми Июли 2025 сол

ПАЙГАРДИ ҚОНУНӢ АЛАЙҲИ 19 ВАКИЛ ДАР ХАТЛОН

Дар соли гузашта алайҳи нуздаҳ вакили маҷолиси шаҳру навоҳии вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳамаи ин афрод узви ҳизби ҳокими халқӣ демукрот ҳастанд.

 

Рахимов додситони вилояти ХатлонДотситони вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин афрод дар иртикоби ҷиноёти мухталиф, умдатан фасодкорӣ, суистифода аз вазифа ва нақзи қонун дар бораи замин муттаҳам шудаанд. Ин манбаъ афзуд, ки яке аз ин нуздаҳ нафар вакили маҷслиси вилояти Хатлон буда ва дигарон вакилони шаҳру навоҳии ин вилоят ҳастанд, ки ҳамзамон "вазифаҳои роҳбарикунандаро" дар ҳукуматҳои маҳаллӣ бар ӯҳда доштанд. Абдураҳим Раҳимов, дотситони вилояти Хатлон гуфт, “парвандаҳо нисбати вакилони мардумӣ асосан бо сабаби беаҳамиятӣ ва суистифода аз вазифаи давлатӣ ва фасод боз шудаанд.”

 

Вай ҳамчунин гуфт, ки мақомоти вилоятро ин нигарон сохтааст, ки ҳамаи ин вакилон аъзои ҳизби ҳокими халқӣ демукротик, таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Зеро муттаҳам шудани нуздаҳ вакили мардумӣ ба иртикоби ҷиноят нишонаи хеле манфӣ аст ва метавонад, эътимоди мардумро ба ҳукумат ва ҳизби ҳоким коҳиш бидиҳад. Аммо маъсулини дафтари вилоятии ин ҳизб дар Хатлон аз сӯҳбат дар ин бора бо хабарнигорон худорӣ карданд. Зимнан, вукалои маҷолиси маҳаллӣ ва шаҳриро дар Хатлон аксаран намояндагони ин ҳизб ташкил медиҳанд.

 

Дар ҳоле, ки додситонии Хатлон дар бораи мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтани нуздаҳ вакили маҷлис дар вилоят хабар дод, коршиносони тоҷик пайваста аз ин, ки бархе вакилони мардумӣ дар маҷолис лаёқати анҷоми ин вазифаро надоранд, интиқод мекунанд. Қорӣ Абубакр, коршиноси махаллӣ мегӯяд, ки "вакилон бидуни ин ки мардум онҳоро бишносанд, интихоб мешаванд ва “ҳанӯз як сол нагузашта, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз мешавад.”

 

Азимҷон Ваҳобов, сиёсатшиноситоҷик, ки ҳамзамон муъовинати раҳбари ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистонро дар Хатлон бар ӯҳда дорад мегӯяд, ки ҳизби онҳо дар маҷлисҳои маҳалӣ танҳо ҳафт намоянда дорад, ки то ҳоло дар ҳеҷ мавриди фасод ва ришваситонӣ муттаҳам нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки коршиносон аз чанд сол бад-н сӯ дар бораи коҳиши қобили мулоҳизаи эътимоди мардум ба порлумон ва маҷолис сӯҳбатҳо мекунанд.

 

Орзуи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4141----19---.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ