САФОРАТИ АМРИКО ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ДУШАНБЕ
Истифодаи самараноки қувваи барқ барои шаҳри Душанбе хеле муҳим аст. Сектори манзилӣ дар маҷмӯъ 53%-и ҳаҷми умумии қувваи барқи шаҳрро масраф мекунад, ки ин рақам дар фасли зимистон то ба 70% мерасад.
Сатҳи гарминигоҳдории аксари биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе нисбати дигар мамолики пешрафта то ду-се маротиба пасттар аст. Низоми гармидиҳии мутамарказонидашуда танҳо нисфи биноҳои истиқоматии шаҳрро дар бар мегирад, ки аз 2\3 ҳиссаи он ҳам корношоям аст. Сокинони Душанбешаҳр маҷбуранд воситаҳои гармидиҳии алоҳидаро истифода баранд, ки ин масрафи қувваи барқро то се маротиба зиёд мекунад. Тибқи хулосаҳои коршиносони маҳаллӣ, имконияти сарфакунии қувваи барқ дар сектори манзиливу коммуналии Душанбе 30-35 %-ро ташкил медиҳад.
Барномаи USAID «Самаранокии истифода қувваи барқ дар иншоотҳои Тоҷикистон» ба нишон додани имконоти беҳтар намудани гармкунии манзилҳо бо истифода аз технологияҳои нави истеҳсоли барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда равона шудааст. Он барои ба сатҳи баланд бардоштани низоми гармкунии манзилҳо бо истифода аз имконоти маҳалливу глобалии зистмуҳитӣ таҳкурсӣ хоҳад гузошт. Дар айни замон, барнома ба баланд бардоштани сатҳи дониши мардум оиди технлогияҳои нави сарфакунии қувваи барқ мусоидат хоҳад кард.
Тавре, ки Директори иҷроияи Дафтари USAID дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хонум Ерин Элизабет МакКи изҳор намуд, «Барномаи USAID ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки маблағҳои аз истифодаи самараноки қувваи барқ сарфа намудаашонро барои беҳтар кардани ҳам шароити зиндагиашон ва ҳам ҳимояи муҳити зист истифода баранд. Аз ин тақрибаи андӯхта ҳама ҷонибҳо баҳра хоҳанд бурд».
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази минтақавии зистмуҳитии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе амалӣ хоҳад шуд. Ҳамон тавре, ки Директори Иҷроияи CAREC Талайбек Макеев гуфт, «Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур CAREC таҷрибаи бои худро ба сохторҳои марбута аз қабили мақомоти ҳокимияти марказиву маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои касбиву созмонҳои ҷамъиятӣ хоҳад расонд».
Дар марҳилаи аввал иҷрокунандагони лоиҳа тарзи истифодаи қувваи барқро дар манзилҳои Душанбе назорат хоҳанд кард. Сипас маълумоти дастрасшударо таҳлил намуда, роҳҳои аз назари иқтисодӣ ва техникӣ беҳтарини истифодаи низоми гармидиҳии мавҷударо муайян хоҳанд кард. Ва ниҳоят, ин технологияҳои аз нуқтаи назари илмӣ исботшудаи истифодаи самараноки қувваи барқро дар иншооти таҷрибавӣ намоиш хоҳанд дод.
Барномаи «Самаранокии истифода қувваи барқ дар иншооти Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои зиёди USAID мебошад, ки мардуми Амрико тариқи он кӯмаки хешро ба Тоҷикистон ироа менамоянд. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико барои иҷрои барномаҳои рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф, иқтисодиёт ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қариб 900 миллион доллар ихтисос додаст.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4156-2011-01-14-15-28-03.html