12:55:24 01-уми Июли 2025 сол

МАСҶИДҲОИ "ҒАЙРИРАСМӢ"-РО БАСТАНД, АММО …

Тибқи иттилои расида, дар тӯли чанд рӯзи ахир масҷидҳои панҷвақта дар маҳаллаҳои мухталиф, аз ҷумла маҳаллаҳои «Ҳаёти Нав», «Калинин», «Вокзал», «Испечак» ва «Авул» шаҳри Душанбе баста шуда  имомони ин ибодатгоҳҳо огоҳонида шуданд, ки дар сурати риоят накардани дастур муҷозот мешаванд.

 

Кумитаи дин: Масҷидҳо асноди зарурӢ пешниҳод накарданд

 

масчидБо ин ҳол Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоқикистон ба радиои «Озодӣ»гуфтааст, ки дар баста шудани масоҷиде, ки зикрашон рафтааст, муқассир масъулони худи он ибодатгоҳҳо ҳастанд. Зеро онҳо асноди зарурӣ барои сабти ном дар ниҳодҳои расмиро дуруст ва саривақт пешниҳод накардаанд. Аз ин рӯ онҳо бо чунин мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд.Басташудани масоҷиди панқвақта дар шаҳри Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи иттиллои расида, дар бархе аз минтақаҳо ходимони амниятиву интизомӣ барои ҷилавгирӣ аз таълиму тадриси улуми динии наврасон дар назди уламо даст ба як идда тадбирҳо задаанд.

 

Манобеъ мегӯянд, ходимони интизомӣ ба манозили зисти фарзандони Эшони Халилҷон ва домулло Муҳаммадӣ, аз рӯҳониюни саршиноси кишвар дар ноҳияи Ҳисор ва Қумсангир, ворид шуда ва онҳоро шадидан огоҳ кардаанд, ки бидуни дарёфти иҷозатномаи махсус наметавонанд дарси динӣ бидиҳанд.

 

Зимнан мавориди баста шудани масоҷид дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон хеле зиёд ба мушоҳида расидааст. Вале моҷароангезтарини ин маворид баста шудани масҷиди ҲНИТ буд, ки ин ҳодиса дар поёни соли гузашта иттифоқ афтод. Аммо бо ба иҷро даромадани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои дин дар ду соли қабл сабти номи масоҷид ба як масъалаи доғи ҷомеа табдил ёфтааст.

 

Коҳиши созмонҳои динии ғайриисломӢ

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон сабаби коҳиши теъдоди созмонҳои динии ғайриисломиро дар дубора сабти ном нашудани 9 ташкилоти масеҳӣ унвон мекунанд. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, «мутаассифона, ин созмонҳо барои  дубора сабти ном шудан муроҷиат накарданд ва иллати онро чунин шарҳ дод, «барои он муроҷиат накарданд, ки теъдоди муассисони онҳо кам будааст. Бар асоси қонун, ҳайати муассисон барои ташкили созмони динӣ даҳ нафар бояд бошад».

 

Ба ин тартиб, масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати фаъолиятеро пеш бурдани ин созмонҳо, амали онҳо муғойир ба қавонини кишвар хоҳад буд. Аммо  ба гуфтаи масъулон, ин созмонҳо фурсат ва ҳақ доранд, ки бо пешниҳоди санадҳои зарурӣ барои сабти ном, ба Кумитаи дин ва ниҳодҳои ваколатдори он муроҷиат намоянд.

 

Дар миёни созмонҳои динии ғайриисломӣ, ки аз сабти давлатӣ нагузаштаанд, исми Калисои Масеҳӣ ва Канисаи Яҳудиро дучор омадан мумкин аст. Бештари масъулони ин созмонҳо далели аз сари нав сабти ном нашуданро дар коҳиши ҳайати муассисон унвон кардаанд. Канисаи яҳудиён низ ин сабабро пеш меорад.

 

Аммо мақомоти масъули тоҷик то ҳоло дар бораи баста шудани дарҳои ин ибодатгоҳҳои ғайриисломӣ лаб накушодаанд. Аз ин рӯ эҳсос мешавад домуллоҳои мӯҳтараме, ки дар Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар кор мекунанд, гапашон танҳо ба худиҳо, яъне зӯрашон ба соҳибони масҷидҳо мерасаду халос? Ё ин, ки бо қатъ кардани фаъолияти Калисои Масеҳӣ ва ё Канисаи Яҳудиён хоҷагони онҳо аз кӯмакҳо дар оянда барои Тоҷикистон рӯй мегардонанд?

 

Бо ин вуҷуд, Оқои Мавлон барои сабти ном нашудани калисо ва каниса изҳори таассуф кардааст, аммо барои масҷидҳо не! Ба ҳамин хотир фикр мекунам шояд зери коса нимкосае» вуҷуд дошта бошад, вале Шумо чӣ назар доред?!

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4181--qq----.html

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 18.01.2011 23:36
1) Вой бар холи ононе ки монеъи намоз ва ва масчидхо мешаванд ! тавба кунанд холо вакт аст то чон дар бадан аст агар на чойгохашон оташи сузони чаханнамаст дар газаби Худои Бузург гирифтор мешаванд !

Бо қатъ кардани фаъолияти Калисои Масеҳӣ ва ё Канисаи Яҳудиён хоҷагони онҳо аз кӯмакҳо дар оянда барои Тоҷикистон рӯй мегардонанд?
Бо ин вуҷуд, Оқои Мавлон барои сабти ном нашудани калисо ва каниса изҳори таассуф кардааст, аммо барои масҷидҳо не!

2)Мунофикин хам чунин рафтор доранl (вой бар холи ононе ки бо пули андаке бо вазифаи андаке аз Худо наметарсанд !
 
 
+1 #1 Guest 18.01.2011 12:42
Ман намефахмам, соли бузургдошти Имоми Аъзам барои худнамоиши буд ё ягон навъи сиёсати мо.
Имсолро соли бузургдошти "Абулухабон" мекунем ба фикрам.
Лекин домуллохои мухтарам садхо хазор доллар сарфи сохтмони масчид мекунему 100-200 сомони сарф карда хуччатхо онро тахт намекунем ба расмият намедарорем.
Айби шумо рухониён хам хаст масчидро талош карда хар нафар худро сохиби масчид мехохед донистан баъд боз аз макомот хафа мешавед.
як масчида дифо карда натавонен риша дифо карда натавонен чи кори дигара метавонед.
Масчидхоро бастан даркор нест корро дуруст ба рох мондан даркор.
акнун боз бо давлато исломи муносибато хира мешавад???????? ??
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ