07:16:45 02-уми Июли 2025 сол

ОБИ НӮШОКИ БО КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА

“Мо қаноатманд ҳастем, ки мардуми Амрико имконият дорад ба ҷомеаҳои маҳаллии водии Фарғона тавассути васеъ кардани дастрасии онҳо ба оби оббёрӣ барои рушди хоҷагии қишлоқ ва таъмини оби нӯшокии безарар барои хонаводаҳо кӯмак намояд,"- иброз дошт Ҷефри Лерер,  роҳбари Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар маросими ифтитоҳи лоиҳаҳои бообтаъминкунӣ дар ноҳияи Ашт.

 

USAIDОҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) Барномаи таҳкими субот дар Тоҷикистонро (БТСТ) маблағгузорӣ намуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ду шабакаи обёрӣ баркарор карда шуда, ба истифодаи ҷомеаҳои Аппони Боло ва Урмантоли ноҳияи Ашт супорида шуданд. Дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаҳо шабакаи бо оби нӯшокӣ таъминкунии ҷомеаи Янгиқишлоқ низ   барқарор карда шуд. Шабакаҳои барқароркардашудаи бообтаъминкунӣ замини 120 хонаводаҳоро дар ҷомеаи Аппони Боло обёрӣ намуда 1895 нафар аҳолии ҷомеаи Янгиқишлоқро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд.

 

Дар натиҷа дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои пешгирии бемориҳои тавассути об сирояткунанда ва беҳтар намудани истеҳсолот шароит фароҳам оварда шуд. БТСТ-ро созмони ғайридавлатии Амрикоии ҳайати шафқат дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷомеаҳо татбиқ намуд. БТСТ таваҷҷӯҳи асосиро ба таҳкими субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани идоракунии беҳтар ва ҷалби гурӯҳҳои «зери хатар қарор дошта» ва дар канормонда ба раванди барқароркунӣ ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зоҳир мекунад.

 

БТСТ дар 63 ҷомеаҳои деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои водии Рашт, ноҳияи Тавилдара ва қисмати ҷанубии вилояти Хатлон ба ҳалли муаммоҳо худи аҳолии маҳаллиро фаъолона ҷалб менамояд. Ҷомеаҳои ҳамкори БТСТ шароитҳои иқтисодии худро беҳтар мегардонанд, амнияти озуқавориро таъмин менамоянд, шабакаҳои оби обёрӣ ва нӯшокиро барқарор менамоянд ва ё аз нав месозанд, иншоотҳои маҳаллии ҷамъиятиро барқарор мекунанд, сатҳи хавфи камбизоатиро паст менамоянд ва барои бо кор таъмин намудани ҷавонон имконият фароҳам меоранд, махсусан барои онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд. 

 

Барномаи таҳкими субот дар Тоҷикистон яке аз он лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасонии мардуми Амрико мебошад, ки тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллаӣ (USAID) барои дастгирии мардуми Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико барномаҳоеро, ки муассисаҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро кӯмак мекунанд, тақрибан ба миқдори 900 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4212-2011-01-21-05-33-59.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ