КИШОВАРЗОНИ БАДАХШОН АЗ ИСТИФОДАИ ЗАҲРХИМИКАТҲО ДАСТ МЕКАШАНД?
Дар Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои ҶТ ду озмоишгоҳи нав - «Озмоишгоҳи хокшиносӣ» ва «Мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон бо усули биологӣ» ба фаъолият оғоз намуданд.
Бояд гуфт, ки ба фаъолият оғоз кардани ин озмоишгоҳҳо боз як қадами ҷиддиву устуворест дар мустаҳкамтар гардондани алоқаи илм ва истеҳсолот дар хоҷагии халқи вилоят. Таъсиси озмоишгоҳҳои номбурда натиҷаи хуби ҳамкориҳои Ҳукумати ҶТ бо Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Кӯҳистон буда, дар онҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои хоҷагии халқи ду тарафи соҳили дарёи Панҷ, Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Афғонистон ба роҳ монда мешаванд.
Боиси қайд аст, ки дар таърихи илми муосири вилоят олимони соҳаи биология нахустин маротиба соҳиби чунин озмоишгоҳҳои замонавӣ гардиданд. Агар фаъолияти озмоишгоҳҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад, кишоварзони минтақа имкон пайдо мекунанд, ки дар ояндаи наздик аз истифодаи доруҳои химиявӣ пурра даст кашида, ҳосили меваву сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оранд.
Нилуфар Асламшоева, «Рӯзгор», Хоруғ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4283-2011-01-28-04-53-27.html