01:02:41 02-уми Июли 2025 сол

АФЗОИШИ ҚИМАТИ НЕРӮИ БАРҚИ ӮЗБАКИСТОН БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Аз оғози соли нави мелодӣ Тоҷикистон аз Ӯзбакистон ҳар килувот/соъат барқро бар ивази 4,7 сенти омрикоӣ харидорӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта азриши барқи ин кишвари ҳамсоя барои Тоҷикистон муъодили чаҳор сент муқаррар шуда буд.

 

barqГуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзи сокинони водии Зарафшон, дар шимоли ин кишвар, дар шабонарӯз то 700 ҳазор килувот/соъат нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Одинамаҳмад Чоршанбиев, як масъули ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи ҷумъаи 28 январ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин миқдор нерӯи барқ умдатан барои бароварда сохтани ниёзи сокинони шаҳр ва ноҳияи Панҷакент масраф мешавад. Хатти нерӯи барқи 110-килувота, ки аз Душанбе то ба ноҳияи Айнӣ кашида шудааст, имкон медиҳад, ки то андозае сокинони ин минтақа ва ноҳияи кӯҳистонии Мастчоҳ аз нерӯи барқ бархурдор шаванд.

 

Вале то замони анҷоми хатти барқи ҷадиде, ки аз Хуҷанд то ба Айнӣ кашида мешавад, Тоҷикистон ночор аст нерӯи барқ барои шаҳри Панҷакентро аз кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон фароҳам кунад. Оқои Чоршанбиев мегӯяд, ки қимати феълии нерӯи барқи тавлиди Ӯзбакистон барои Тоҷикистонро наметавон баланд арзёбӣ кард. Зеро сокинони Ӯзбакистон худ низ барои истифода аз нерӯи барқ ҳамин маблағро пардохт мекунанд.

 

Вай афзуд, ки миёни ширкати “Барқи тоҷик” ва ниҳодҳои зирабти Ӯзбакистон тавофуқ шудааст, ки танҳо то якуми феврал арзиши барқ барои Тоҷикистон 4,7 сент муқаррар мешавад. Вай афзуд, ки баъд аз якуми феврал эҳтимоли афзоиши ин қимат низ вуҷуд дорад. Гузашта аз ин, тибқи иттилоъи манобеъи ширкати “Барқи тоҷик”, онҳо аз ҳамтоёни ӯзбаки худ бидеҳкоранд, вале ин маблағ чандон бузург набудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, дар як нишасти матубъотӣ дар ҳафтаи ҷорӣ эълом кард, ки ин ширкат аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, ки 85 дарсади саҳмияҳои он моли давлати Русия аст, беш аз 26 милюн дулор бидеҳкор аст. Ин бидеҳӣ ё қарз дар пайи саривақт напардохтани қимати нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ, ки аз сӯйи ширкати “Барқи тоҷик” масраф мешавад, анбошта шудааст.

 

Зимнан, “Барқи тоҷик” нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳро бо қимати се сенти омрикоӣ харидорӣ мекунад. Ҳарчанд, сокинони Тоҷикистон то ҳол бар ивази ҳар як килувот/соъат нерӯи барқ танҳо то ду сенти омрикоӣ пардохт мекунанд. Вале ин мушкил ахиран то андозае ҳал шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ дар чорчӯби як тарҳи худ, ки кумак ба бахши энержии Тоҷикистонро ҳадаф дорад, беш аз ҳафт милюн дулор аз бидеҳиҳои “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро пардохт кардааст.

 

Ин тарҳ, ки соли гузашта тасвиб шуда буд, дар фасли зимистон харидории миқдоре аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додааст. Вале ба далели он ки Тоҷикистон ҳоло наметавонад аз хориҷи кишвар барқи изофӣ харидорӣ кунад, Бонки Ҷаҳонӣ миқдоре аз барқи тавлиди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро харидорӣ кардааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Ёров ахиран изҳор дошт, ки болоравии арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон ногузир аст. Вай хабар дод, ки алорағми пахши бархе аз гузоришҳо дар бораи бетағйир мондани таъруфаҳои барқ дар Тоҷикистон қимати нерӯи барқ афзоиш хоҳад ёфт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4285-2011-01-28-11-24-50.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ