ҚОЧОҚИ ИНСОН ДАР БАДАХШОН: "ҲЕЧ МАВРИДЕ САБТ НАШУДААСТ"
Манобеъи пулис дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, мегӯянд се духтари навҷавон аз шаҳри Хоруғ, ки ҳафтае пеш нопадид шуда буданд, баъди се рӯз дар Тем, як деҳаи наздик ба марзи Афғонистон, пайдо шудаанд.
Cарҳанг Сайфиддин Орумбеков, як масъули Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон, нигарониҳо дар мавриди эҳтимоли қочоқ шудани ин се духтарро, ки синфҳои 10 ва 11 таҳсил мекунанд, рад кард. Вай гуфт, ки ин духтарон тайи се рӯз "меҳмони як ҳамсинфашон" будаанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ин духтарон дар мактабҳои гуногун таҳсил мекунанд. Сарҳанг Орумбеков ҳамчунин имкони қочоқи як духтари дигар аз маҳаллаи Баҳрхоруғи шаҳри Хоруғро низ рад намуд ва зиндаву саломат будани ӯро таъйид кард.
Бино ба иттилоъи манобеъи пулис, ин духтар, ки исми мустаъораш Сабзбаҳор аст, шогирди синфи 9 буда ва ҳудуди ду ҳафта қабл шабона аз хонааш нопадид шуда буд. Аммо вай то ба ҳол аз ҷониби мақомоти умури дохилӣ ва хешовандонаш пайдо нашудааст.
"Вилояти орӢ аз қочоқи инсон"
Мақомҳои Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ахиран дар як нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки тайи понздаҳ соли ахир дар ин ниҳод ҳеч мавриди қочоқи инсон сабт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки масъулони "Мадина", як созмони ғайридавлатии маҳаллӣ, ахиран аз афзоиши мавориди қочоқи инсон дар қаламрави вилояти кӯҳистонии Бадахшон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Набот Додихудоева, як масъули созмони "Мадина", ба Би-би-сӣ гуфт дар маҳаллаи наздимарзии Тем дар тӯли се рӯз нигоҳ доштани духтарони қадрас аз маҳаллоти мухталифи шаҳр бесабаб набуд. Ба андешаи ӯ, ҳадафи ба он ҷо бурдани духтарон қабл аз ҳама интиқоли онҳо аз тариқи марз ба кишвари ҳамсояи Афғонистон будааст. Дар наздикии рустои Тем як пули иртиботӣ бо Афғонистон мавҷуд аст. Ба гуфтаи хонуми Додихудоева, дар мавриди Сабзбаҳор низ нишонаҳои қочоқи инсон вуҷуд дорад, вале ин мавзӯъро мақомоти умури дохилӣ бояд таҳқиқ ва собит кунанд.
Набот Додихудоева аз афзоиши мавориди ончи вай қочоқи инсон меномад, изҳори нигаронӣ карда ва мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир созмони ғайридавлатии "Мадина" ҳашт мавриди қочоқи инсон аз қаламрави Бадахшонро сабт кардааст. Вай афзуд таҳқиқот аз ҷониби ин созмон барои пайдо кардани ҷойи будубоши қочоқшудагон ва баргардондани онҳо ба ватан идома дорад.
Ба ақидаи хонуми Додихудоева, маъмулан духтарон ва занон ҳадафи қочоқ қарор мегиранд, вале ахиран қочоқбарон бештар духтарони қадрас ва синни мактабӣ ва донишҷӯёни солҳои аввали донишгоҳро бештар ҳадаф қарор медиҳанд. Ба гуфтаи вай, то ба ҳол созмони "Мадина" мавориди қочоқи духтарону занони бадахшонӣ ба шаҳрҳои Маскави Русия, кишварҳои Туркия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Афғонистонро ифшо кардааст.
"Дар ивази 80 килу ҳеруин"
Хонуми Додихудоева мегӯяд соле пеш аз шаҳри Хоруғ Музаффар (номи мустаъор), як ҷавони 26-сола, шабонгоҳ аз хонааш ғайб зад. Волидайн ва хешу табораш баъди чанд моҳи ҷустуҷӯ ба ин натиҷа расида буданд, ки вай худро дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ кардааст. Аммо мутахассисини созмони ғайридавлатии "Мадина" тавонистаанд дар бораи зиндагӣ ва маҳалли будубоши вай дар кишвари ҳамсояи Афғонистон иттилоъоте пайдо кунанд.
Хонуми Додихудоева мегӯяд кормандони ин созмон барои ба ватан баргардондани афроди қочоқшуда ҳамвора бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд, зеро иртиботи мустақим ва мустаҳкаме миёни кормандони умури дохилии кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои иҷтимоъӣ мавҷуд нест.
Набот Додихудоева гуфт: "Соли 1994 як гурӯҳи ҷинояткор аз маҳаллаи "ГЭС"-и шаҳри Хоруғ Гулбаҳор (номи мустаъор) ном духтарро ба ивази 80 кило ҳеруин ба шаҳри Файзободи Афғонистон фурӯхтанд. Мо ҷустуҷӯ карда ва аз ҳоли ин духтар хабар ёфтем. Дар ҳоли ҳозир ин духтар дар ҳаволии Файзобод зиндагӣ мекунад."
Хонуми Додихудоева мегӯяд, ки Гулбаҳорро дар он ҷо ба шавҳар додаанд. Вай соҳиби ду фарзанд шуда ва шавҳараш фавт кардааст. Сипас Гулбаҳорро ба бародари шавҳараш ба занӣ додаанд. Ҳоло ин зан ба хотири надоштани шиноснома ва асноди дигар наметавонад ба ватан барагардад. Модараш аз зинда будани ӯ хеле хурсанд шуда ва гуфтааст: "Ман медонам, ӯ акнун соҳиби фаразандон ва хонавода аст. Агар баргаштан барои ӯ мушкил бошад, ақаллан мо як бор дидори ӯро бубинем."
Вале ба ақидаи хонуми Додихудоева, то кунун меконисми муассири ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамсоя барои ифшо кардан ва ба ватан баргардондани афроди қочоқшуда вуҷуд надорад.
Нопадидшудагон
Тибқи иттилоъи Раёсати умури дохилии вилояти кӯҳистонии Бадахшон, дар соли гузаштаи мелодӣ дар қаламрави вилоят 9 нафар нопадид шудаанд. Дар байни онҳо як корманди ҳукумати маҳаллӣ, Мусаллам Анваров, низ буд, ки 22 сентябр зимни таҷлил аз ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Дарвоз ғайб зада буд. Ба гуфтаи манобеъи пулис, то ба ҳол ҳеҷ як аз парвандаҳои ҷиноӣ, ки дар мавриди ин ҳаводис боз шуда буданд, то ба охир таҳқиқ нашуда ва нишонаҳои ҷиноят дар онҳо ошкор нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки сарҳанг Сайфиддин Орумбеков дар суҳбат бо рӯзноманигорони маҳаллӣ, зинда будан ва дар кишвари ҳамсояи Афғонистон будани яке аз афроди нопадидшударо таъйид кард, вале ӯ гуфт, ки дар ҳодисаи нопадид шудани ин шахс осори қочоқи инсон дида намешавад. Нигаронии созмони ғайридавлатии "Мадина" аз афзоиши қочоқи инсон дар Бадахшон дар ҳолест, ки ахиран як хабаргузорӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон дар бораи қочоқи панҷ нафар аз занони тоҷик ба маҳаллаи Оби Гандаи вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон хабар додааст.
Порлумони Тоҷикистон дар соли 2004 Қонун "Дар бораи қочоқи инсон"-ро ба тасвиб расонд. Дар ҳукумати Бадахшон назорат бар иҷрои ин қонун ба ӯҳдаи муъовини раиси вилоят оид ба корҳои иҷтимоъӣ, робита бо аҳзоб ва созмонҳои ғайридавлатӣ вогузор шудааст. Аммо тавре, ки Арамбегим Маҳтобшоева, муъовини раиси вилояти кӯҳистонии Бадахшон, иттилоъ дод, ҳеч гуна ҳодисаи қочоқи инсон дар қаламрави Бадахшон то ба ҳол ба мушоҳида нарасидааст.
Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4331-kochoki-inson-dar-badakhson.html