ПЕШНИҲОДИ ИСЛОҲОТ БА ҚОНУНИ АСОСИИ ТОҶИКИСТОН
Тарҳи ҷадиди ислоҳот ба Қонуни асосии Тоҷикистон таҳия ва барои омӯзишу баррасӣ ба ҳукумат ироа шудааст. Ин тарҳ аз сӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, тағйиротеро дар бахшу бобҳои ҷиддии Қонуни асосӣ пешбинӣ мекунад.
Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ, гуфт, Қонуни асосии кишвар, ки таҳти таъсири қавонини замони Шӯравӣ таҳия шуда буд, ниёз ба ислоҳот дорад. Ҷаноби Шарифов афзуд, усулҳои асосии Қонуни асосӣ аз қабили озодиҳо, тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ, дунявият ва ҳуқуқбунёдии давлат дар ин санад ҳифз хоҳад шуд, вале дар бобҳои марбут ба сохтори давлат имкон дорад дигаргунӣ ба амал ояд. Аммо то чӣ ҳад Қонуни асосии кишвар ба дигаргунӣ ниёз дорад ва оё имрӯз шароит ва зарурате барои иҷрои ин амр ба миён омадааст?
Коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик дар ин бора назарҳои мутафовит доранд. Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқшиноси ботаҷриба ва раиси пешини Додгоҳи Қонунӣ асосӣ бар ин назар аст, ки Қонуни асосӣ ба такмил ва таҷдиди назар зарурат дорад, ба вижа, банду аслҳое, ки низоми давлатдориро танзим кардаанд.
Вале Раҷаби Мирзо таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ду навбати қаблии ислоҳоти Қонуни асосӣ бештар бар суди гурӯҳи ҳоким тамом шуд. Аз ин рӯ, мегӯяд ҷаноби Мирзо, беҳтар буд Қонуни асосӣ дертар ва дар вазъияте тағйир ёбад, ки мардум ва нерӯҳои умдаи сиёсӣ аз натоиҷи интихоботҳо қаноат ҳосил кунанд ва гурӯҳеро бар тақаллуби раъй муттаҳам насозанд.
Ба андешаи Шӯҳрат Қудратов, ҳуқушинос аз Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ аз он ҷиҳат зарур аст, ки ихтиёрот ва салоҳиятҳои густардаи як шохаи ҳокимият коҳиш ва тавозун дар низоми ҳокимият барқарор шавад. Дар сурати ғайр, мегӯяд ин ҳуқуқшинос, Тоҷикистон бештар гирифтори авторитаризм ва худкомагӣ хоҳад шуд.
Дар зимн, Қонуни асосии Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол дар соли 1994, замоне ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва як бахши бузурге аз ҷамъияти ин кишвар дар хориҷ ба сар мебурд, тавассути як раъйпурсӣ қабул гардид. Аммо дар қабули он нерӯҳои сиёсии мухолиф иштирок надоштанд ва аз ин рӯ дар соли 1999 баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ бо пешниҳоди онҳо ба он ислоҳот ворид карда шуд.
Муҳимтарин нуктаи ин навбати ислоҳот ин буд, ки ба фаъолияти ҳизби характери динидошта иҷозат дода шуд, Маҷлиси дупалатаӣ ташкил ёфт ва мӯҳлат барои раиси ҷумҳур як ҳафтсола муқаррар карда шуд. Аммо дар соли 2003 бо пешниҳоди ҳукумат Қонуни асосӣ ба муҳокимаи мардумӣ гузошта шуд, ки дар натиҷаи ин навбати ислоҳот мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз як ҳафтсола ба ду ҳафтсола иваз ва синни ниҳоии раиси ҷумҳур, ки 65 муқаррар шуда буд, лағв гардид.
Он замон мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ изҳор доштанд, ки ин амр ба хотири дар сари қудрат нигоҳ доштани раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Бо ин ҳол Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, он чи ки омода кардаанд танҳо як пешниҳод буда, тасмими ниҳоӣ барои ворид кардани ислоҳот дар Қонуни асосӣ дар ихтиёри ҳукумати кишвар аст.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4426-peshnihodi-islohot-na-konuni-asosii-tojikiston.html