19:04:23 01-уми Июли 2025 сол

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ

Авҷи ифротгароӣ ва бисёрчеҳра будани терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ин хулоса овардааст, ки бо ин падидаҳо бояд муташаккилона мубориза намуд. Падидаи бад ранги пӯст, дину мазҳаб, ҳуввияти табақавӣ надорад. Аммо то ба ин хулоса расидан инсоният роҳи тӯлониро тай намудааст.

 

terrorist То Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ инсоният ба мубориза ба муқобили терроризм кам аҳамият медод. Фақат соли 1934 баъд аз кушта шудани вазири хориҷаи Фаронса Луи Барту ва шоҳи Югославия Александри 1 Карагеоргиевич масъалаи муборизаи муттаҳидона ба муқобили терроризм ба Лигаи миллатҳо бароварда шуд. 16 ноябри соли 1937 давлатҳои аъзои Лигаи миллатҳо дар Женева 2 конвенсия ба имзо расониданд: «Дар бораи пешгирӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани терроризм» ва «Дар бораи ташкили суди байналмиллалии ҷиноятӣ».

 

Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина густариш пайдо намуданд ва як қатор санадҳои меъёрӣ қабул гардид, ки муборизаро ба мукобили терроризм танзим менамуд. Аз ҷумла:

 

- «Конвенсия дар бораи ҷиноятҳо ва дигар амалҳое, ки дар нақлиёти ҳавоӣ содир мешаванд» (1963);

-«Конвенсия дар бораи ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ» (1970);

-«Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди гаравгонгирӣ» (1979) ва ғайра.

 

Дар сатҳи байналмилалӣ ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм СММ ва сохторҳои махсуси он – Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ( ИКАО), Созмони байналмилалии баҳрӣ (ИМО), Созмони байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва ғайра машғул мебошанд. Дар сатҳи минтақавӣ масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризмро созмонҳои минтақавии амниятӣ ҳал мекунанд, ки дар асоси моддаи 51 Ойинномаи СММ ташкил шудааанд: Созмони давлатҳои амрикоӣ, Созмони ягонагии Африқо, Лигаи давлатҳои араб, Созмони Атлантикаи шимолӣ (НАТО), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра.

 

18 декабри соли 1972 дар сессияи XXVII Ассамблеяи Генералии СММ резолютсияи 3034 қабул шуд, ки мувофиқи он Комитети махсус оид ба терроризм дар ҳайати 35 нафар ҳуқуқшиносони машҳур ташкил гардид. Ассамблеяи Генералии СММ 9 декабри соли 1994 «Декларатсия дар бораи чораҳои аз байн бурдани терроризми байналмилалӣ»-ро қабул намуд. Ассамблеяи Генералии СММ 16 декабри соли 1997 резолютсияи 52\164 ро дар бораи «Конвенсияи байналмилалии терроризми бомбавӣ» қабул намуд. Соли 1999 «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризм» қабул шудааст. Дар кишварҳои гуногун қонунҳое қабул шудаанд, ки муборизаро ба муқобили терроризм танзим менамоянд.

 

Дар ИМА камаш 7 санади меъёрӣ ин муборизаро танзим мекунад- аз Қонуни федералӣ дар бораи авиатсияи гражданӣ (соли 1958) сар карда, то Санади таҳким ва муттаҳид намудани Амрико бо роҳи таъмини воситаҳои лозима барои ба даст овардани иттилоот ва мубориза бо терроризм (Санади ИМА дар бораи патриотизм) аз соли 2001. Дар маҷмӯъ аз соли 1958 то соли 2001 дар 40 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба ин ё он шакл дар бораи мубориза бо терроризм ёдоварӣ шудааст.

 

Дар ИМА Стратегияи миллии мубориза ба муқобили терроризм қабул гардида аст, ки асосан ба муқобили терроризми байналмилалӣ равона гардида аст, масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризми дохилиро бошад Стратегияи миллии амнияти дохилӣ танзим менамояд. Соли 1996 котиби давлатии ИМА М.Олбрайт пешниҳод намуд, ки рӯйхати созмонҳои террористӣ тартиб дода шуда, мувофиқи он, тибқи қонунгузорӣ бо онҳо муносибат карда шавад, зеро дар он солҳо мувофиқи қонунҳои либералии Амрико ва дигар давлатҳои Ғарб касеро ва ё созмонеро ба ҷурми терроризм ба ҷавобгарӣ кашидан бисёр мушкил буд.

 

Соли 1997 аввалин рӯйхати созмонҳои терррористӣ ба вуҷуд омад, ки дар он 30 созмон шомил буд. Ин рӯйхат дар ҳар ду сол нав мешавад. То амалҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ин таҷрибаи амрикоӣ дар дигар кишварҳо истифода намешуд. Аммо баъд аз ин ҳодисаҳо вазъият ба кулли тағйир ёфт. Моҳи октябри соли 2001 Департаменти давлатии ИМА рӯйхати 28 созмони хориҷиро ба нашр расонид, ки дар ин кишвар ҳамчун созмонҳои террористӣ шинохта шудаанд. Дар миёнаҳои соли 2007 ин рӯйхат 40 созмонро дар бар мегирифт.

 

Аз рӯи намунаи амрикоӣ имрӯз бисёр кишварҳо ва созмонҳо рӯйхати созмонҳои ифротӣ ва террористиро тартиб медиҳанд, ки аз якдигар бисёр фарқ доранд. Дар Британияи Кабир ин рӯйхатро Вазорати корҳои дохилӣ тартиб ва баъд парламент онро тасдиқ менамояд. Дар Канада ин рӯйхат аз тарафи Вазорати адлия тартиб дода мешавад. Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва баъзе дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ чунин рӯйхат доранд.

 

Масалан Иттиҳодияи Аврупо 100 шахсият ва созмонро ифротӣ ва террористӣ эълон намудааст, СММ- 450 шахсият ва созмонҳоро, Канада -26, Британия Кабир-25 созмон ва гурӯҳро террористӣ эълон намудааст. Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар ҷаҳон имрӯз 100 созмони террористии бузург фаъолият дорад, ки бо якдигар ҳамкорӣ ва робитаи доимӣ доранд. Дар маҷмӯъ агар созмону гурӯҳҳои хурдро ҳам ба назар бигирем дар ҳудуди 5 ҳазор мебошанд.

 

 Дар Ҷумҳурии Федералиии Олмон масъалаи мубориза бар зидди терроризмро чанд санади қонунгузорӣ танзим мекунад. Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-проссесуалӣ, Қонун дар бораи судҳо, Қонун «Дар бораи пардохти ҷуброни қурбониёни амалҳои зӯроварӣ» ва дигар қонунҳо. Дар Британияи Кабир, ки солҳои зиёд бо террористони Ирландия мубориза мекунад соли 1989 Қонун дар бораи пешгирии терроризм қабул шуд. Соли 2000 Қонун «Дар бораи терроризм», моҳи декабри соли 2001 Қонун «Дар бораи муқобила бо терроризм, ҷиноятҳо ва амният» қабул шуд.

 

Дар Фаронса аввалин қонун дар ин соҳа «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва сӯиқасд ба амнияти давлатӣ» 9 сенябри соли 1986 қабул шуд. 16 июли соли 1987 Қонун «Дар бораи ратификатсияи Конвенсияи Аврупоӣ дар бораи ба ҷазо кашидани терроризм», соли 1992 Қодекси нави ҷиноятӣ ба вучуд омаданд. Ҳамин гуна қонунгузориҳои дигар кишварҳо мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро танзим менамоянд. Асосҳои қонунии мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.

 

Кори тартиб додани рӯйхати созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ дар тамоми сохторҳои муштараки фазои пасошӯравӣ (СҲШ, ИДМ, ОДКБ (Созмони қарордоди амнияти дастаҷамъӣ-СҚАД) идома дорад. Дар ИДМ ба ин кор Маркази зиддитеррористӣ (МЗТ) машғул аст. Дар кишварҳои СҲШ ба ин масъала Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ(СМЗТ) сарукор дорад. Ин сохтор аз тамоми кишварҳои узв соли 2004 рӯйхати созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳро ҷамъ намуд, дар асоси онҳо рӯйхати ин гуна созмонҳо ва ҳамчунон рӯйхати шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ барои гумонбар будан дар ҷиноятҳои вобаста ба аъмоли террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳӣ қарор доранд тасдиқ гардид.

 

Дар 5 давлати аъзои СҚАД (ба ғайр аз Арманистон ва Белоруссия) чунин рӯйхатҳо вуҷуд доранд. Дар ин кишварҳо барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм асосҳои қонунӣ муҳайё шудааст. Ин мубориза дар асоси қонунгузориҳои миллӣ ва дар асоси як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегирад. Дар Россия, Казоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон қонунҳо дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудаанд. Дар Ӯзбекистон ва Хитой чунин қонунҳо вуҷуд надоранд, аммо мубориза бар зидди экстремизм дар асоси дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар асоси қонунҳое, ки фаъолияти итттиҳодияҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд ба роҳ монда шудааст.

 

Дар Тоҷикистон соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» қабул шудаанд, ки дар онҳо мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, самтҳои асосии мубориза бо ин падидаҳо муайян шудаанд. Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» мақсади қабули қонунро ин тавр муайян намудааст:

 

- ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм;

- таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди экстремизм;

- муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои амалӣ шудани он;

- ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм;

- ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти экстремистӣ, рафъи сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдошавии экстремизм мусоидат мекунанд.

 

Ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм (Шанхай, 15.06.2001) ва созишномаҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи кишварҳои аъзои СҲШ ва СНГ дохил мешаванд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 307) барои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (моддаи 3071), барои ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) моддаи 3072 ҷазоҳои мушаххас пешбинӣ намудааст. Моддаи 189 КҶ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ чораҳои ҷазоро пешбинӣ менамояд.

 

Давлатҳои СҲШ дар асоси «Рӯйхати созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ манъ шудааст» 36 созмонро ифротӣ, ҷудоихоҳ ва терррористӣ эътироф намудаанд ва дар ҳудуди давлатҳои аъзои ин созмон фаъолияти онҳо манъ аст. Аз чумла: дар Россия – 15 созмон, дар Қазоқистон-12, Ӯзбекистон-26, Тоҷикистон-12, Қирғизистон ва Хитой - 4 тогӣ. 30 марти соли 2006 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ташкилот террористӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. 11 марти соли 2008 Суди Олӣ»- «Ҳизб ут-Таҳрир»-ро ва январи соли 2009 «Салафия»-ро созмони террористӣ эълон намуд.

 

 Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Назаров Носир, доктори илмхои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ

Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4440-asoshoi-hukukii-muboriza-ba-mukobili-terrorizm.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ