ТАСВИБИ ҚОНУНИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТЕРРОРИЗМ
Порлумони Тоҷикистон барои назорат бар гардиши маболиғи ғайриқонунӣ ва ҷилавгирӣ аз сармоягузорӣ дар фаъолиятҳои теруристӣ тарҳи қонунеро тасвиб кард. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16 феврал пешнависи Қонуни "Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терерурисм"-ро дар иҷлоси порлумони ин кишвар муъаррифӣ мекард, тасвиби ин санадро барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ва мубориза бо пулшӯйӣ муҳим хонд.
Ба гуфтаи оқои Раҳимзода, то ҳол дар Тоҷикистон гардиши пул ҷиддан назорат намешуд ва маълум набуд, ки маболиғи муъодили 500-600 ҳазор дулор ба Тоҷикистон ба хотири чи ворид мешуд ё ба кадом ҳадаф ин гуна пулҳо ба шаҳри Дубай ё кишварҳои дигар мунтақил мегардид. Ӯ гуфт, ки дар пайи тасвиби ин қонун заминаи ҳуқуқӣ барои назорат ва мубориза алайҳи гардиши маболиғи ғайриқонунӣ фароҳам шуда ва ҳамакнун дар Бонки Миллӣ як ниҳоди ҷадиди назорат ё мониторинги молӣ таъсис хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ба ин манзур мутахассисони ин ниҳод дар шаҳри Маскави Русия омӯзиш дидаанд ва таҷҳизоти мудерни фаннӣ ворид гардидааст ва дар бораи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молӣ тавофуқ ҳосил шудааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон тасвиби ин санади ҳуқуқиро идомаи мантиқии истротежии давлати Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва бунёдгароӣ арзёбӣ карданд.
Аммо Шокир Ҳакимов, коршиноси тоҷик, гуфт, ки то ҳол дар Тоҷикистон ҳеч далел ё нишонаи сармоягузорӣ дар фаъолиятҳои теруристӣ ошкор нашудааст. Ҳамакнун парвандаҳои ҳамалоти теруристӣ дар водии Рашт ва шаҳри Хуҷанд дар ҳоли баррасӣ қарор доранд ва маълум нест, ки ин ҳаводис аз сӯйи ниҳоде сармоягузорӣ шудааст ё хайр. Оқои Ҳакимов таъкид кард, ки дар ҷараёни иҷрои Қонуни "Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ ба дастомада ва маблағгузории терроризм" мумкин аст шаффофият дар фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон камтар шуда ва сиррӣ будани иттилоъи бонкӣ, ки мояи эътимод ба бонк маҳсуб мешавад, зери суол биравад.
Аз сӯйи дигар, бархе аз коршиносон сарнавишти ин қонунро ба Қонуни "Афви шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии амвол" мушобеҳ хондаанд, ки дар моҳи майи соли 2007 тасвиб шуда буд ва ба гуфтаи онҳо, ин қонун ба таври зарурӣ иҷро нашудааст. Ба эътиқоди ин коршиносон, теъдоди дороиҳое, ки соҳибони аслиашон пушти парда қарор дошта ва ин амвол ба номи ашхоси дигаре сабт шудаанд, дар Тоҷикистон ҳамчунон зиёд аст.
Зимнан, дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон созишномаҳо дар мавриди омода сохтани кодрҳо барои ниҳодҳои зиддитеруристии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ва Кунвонсиюни СҲШ дар мавриди ҳамкорӣ алайҳи терроризм тасвиб гардид. Дар ин кунвонсиюн дар канори тақвияти мубориза алайҳи терроризм ва ҷилавгирӣ аз он, истирдоди афроди мазнун дар аъмоли теруристӣ, ширкат дар амалиёти муштарак алайҳи терроризм ва ҳамкорӣ дар заминаи ошкор кардани сарчашмаҳои сармоягузорӣ дар фаъолиятҳои теруристӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, аз Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар даъват кард, ки барои иҷрои санадҳои зиддитеруристӣ ҷиддан талош шавад. Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, як сол қабл раиси ҷумҳурӣ дастур дода буд, то дар сохтмонҳои давлатӣ ва маҳаллоти таҷаммӯъи сокинон дурбинҳои назоратӣ насб шавад, аммо то ҳол ин дастур иҷро нашудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4455-tasvibi-konuni-sarmoyaguzori.html