ҲАЖДАҲ СОЛИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз 23-юми феврал аз таъсиси Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 18 сол сипарӣ шуд. Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз Шӯравии собиқ нагирифтаааст, фаъолияти хешро дар соли 1993 дар авҷи ҷанги дохилӣ ва аз сифр шурӯъ карда ва муддати 18 соли ахир ба як артиши қавӣ ва дорои маҳорати ҷангӣ мубаддал шудааст.
Ин аст, ки ба гуфтаи мақомот, маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Артиши миллии Тоҷикистон аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ баҳои арзанда гирифтааст. Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аз соли 1997 шурӯъ карда, пайваста дар тамриноти минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат карда ва саҳми муносибе дар мубориза алйҳи тероризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ доранд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон аксари соҳибназарони арса мегӯянд, беҳбуди шароити маишии хидмат дар Артиш бояд аз вазоифи муҳими нерӯҳои мусаллаҳи кишвар бошад.
Ин дар ҳолест, артиши Тоҷикистон марҳала ба марҳала дар роҳи ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ қарор дорад ва барои аз байн бурдани норасоиҳо иқдомоте андешида мешавад. Ба назари коршиносон, шароити маишӣ дар Артиш сол аз сол беҳтар шуда ва дар муқоиса ба солҳои нахусти таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ, ки нарасидани лавозимоту либос ва маводи ғизоӣ ба мушоҳида мерасид, ҳоло бар иловаи кӯмак аз буҷа, ҳар як воҳиди низомӣ захираи маводи хӯрокаро дорост.
Афзун бар ин дар кишвар корхонаи дӯхти либоси низомӣ фаъол аст, ки на танҳо низомиёни вазорати дифоъ, балки куллияи ҳайати шахсӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ имкони баҳрабардорӣ аз тавлидоти ин корхонаро хоҳанд дошт. Аммо гуфтугузорҳо дар бораи маоши ками низомиёни тоҷик ва зиндагии хоксоронаи онҳо тайи ин ҳама солҳо пурсишҳое вуҷуд доштанд.
Юнусҷон Муродов, полковник, сарвари шӯъбаи даъват ва пуррагардонии ҳайати шахсии Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз онҳоест, ки 20 соли ахири умрашро дар сафи Артиши миллӣ сипарӣ кардааст. Дар остонаи ҷашни Артиши миллии Тоҷикистон, нахуст аз ӯ пурсидем, ки афсари артиши Тоҷикистон чӣ қадар маош мегирад ва оё ба зиндагиаш басанда аст?
- Вазорату сохторҳои қудратии Тоҷикистон қариб, ки як хел ҳаққи заҳмат мегиранд. Дар вазорати дифоъ фармондеҳи гурӯҳ аз 400 то 500, афсарони дигар вобаста аз вазифаи хизматиашон то 1000 -1100 сомонӣ маош мегиранд.
- Аммо ин кам нест. Ё кофист?
- Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои модар -ватан хизмат мекунанд. Дар кадом вазъу ҳолат набошад, бояд хизмат кард. Маоши кам аст, кофӣ аст, фарқ надорад. Ҳеҷ вақт ба модар намегӯӣ, ки ман маоши кам мегирам ё чаро ба ман маоши кам медиҳӣ. Маоши афсарон ба иқтисодиёти кишвар вобаста аст. Вақте иқтисод пеш меравад, ман сад дар сад итминон дорам, ки раҳбарияти кишвар, аз ҷумла Ҷаноби Олӣ дар ин бора ғамхорӣ мекарданду мекунанд.
- Шахсан маоши Шумо барои таъмини оилаатон кифоят мекунад. Агар махфӣ набошад, чӣ қадар маош мегиред?
- Маоше, ки ҳамин шабу рӯз мегирам, барои таъмини оилаам басанда аст. Ҳудуди 1 200 сомонӣ маош мегирам. Дар оила 6 нафар ҳастем. Кифоят мекунад.
- Яъне тамоми эҳтиёҷотатонро бароварда мекунад?
- Албатта, на ҳама эҳтиёҷотро. Барои ҳамон «сабади истеъмолӣ», ки имрӯз муайян шудааст, маводи ниёзи аввал - орду биринҷу шакару равғану дигарҳо мерасад. Камбудӣ нест.
- Хонаи зист доред? Шахсӣ?
- Бале, дорам. Як сеҳуҷрагӣ дар сеошёна.
- Бо маоши худ харидед ё ҳукумат дод?
- Вақте дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур, собиқ Роҳи оҳани пойтахт кор мекардам, ҳукумати ноҳия дод. Афсари вазорати дифоъ, ки ҳастам, ин ҳақро ба ман қонун медиҳад.
- 20 сол зиёд мешавад, ки зиндагии афсарӣ доред. Оё ҳамин зиндагие, ки аз рӯи «нақша» ҳаст ва ҳамеша танзим карда мешавад, ба дилатон назад?
- Реҷаи кории афсарону сарбозон аз рӯи оиннома танзим мешавад. Аҷобат дар он аст, ки вақте рӯзи корӣ аз рӯи оиннома муайян карда шудааст, кас дар як муддати муайян ба ин тартиб одат мекунад. Шахсан ман ҳоло дигар хел зиндагӣ доштан намехоҳам.
- Аммо бубинед, масалан, соли гузашта ҳодисаҳои шарқи Тоҷикистон рух доданд. Он қадар, ки мо хабар дорем, низомиён шабу рӯз дар кор буданд, тавре мегӯянд, «вазъи казармавӣ». Чӣ тавр гузаштанд он рӯзҳо, аз рӯи Оиннома ё дигар хел?
- Соли гузашта ҳам ҳамин тавр буд. Сохтори нерӯҳои мусаллаҳ як сохтори мураккаб аст. Вақте ҳамин гуна ҳолатҳо мешаванд, рӯзи корӣ аз сӯи фармондеҳони раддаи аввал, вазири дифоъ ба як низоми дигар, аммо муайян дароварда мешавад. Рӯзҳову соатҳои истироҳат ҳастанд. Фақат низом дар қиёс бо рӯзҳои маъмулӣ андак тағйир меёбад.
- Мегӯед, ки зиндагии Шумо аз рӯи Оиннома аст. Аммо зиндагии шахсӣ чӣ мешавад? Оё вақти кофие доштеду доред, ки барои фарзандонатон хешу табору дӯстонатон сарф кунед?
- Одамизод ҳамин хел аст, агар хоҳиш ҳаст, барои ҳама кору ҳама кас вақт меёбад. Барои истироҳат, барои фарзандон, барои кӯмак дар дарс тайёр карданашон, нишаст бо дӯстону хонаи хешу табор рафтан ҳамеша вақт ёфтан мумкин аст. Фақат хоҳиш даркор аст. Хоҳиш набошад, ҳар гуна баҳона пеш оварда мешавад. Тартиби зиндагии низомӣ он гуна аст, ки вақте Оиннома эҷод мекарданд, ҳамаи ҷанбаи ҳаёти як инсон, талаботи ӯро ба назар гирифта буданд. Ин тартиб аз осмон гирифта нашудааст.
-Бори дигар Шуморо бо иди Артиши миллӣ таҳният мегӯем. Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4504-hazhdah-soli-artishi-millii-tojikiston.html