18:43:52 01-уми Июли 2025 сол

ҚУРҒОНТЕППА: ХУДДОРИИ МАҚОМОТ АЗ ТАХРИБИ КАЛИСО

Шаҳрдории Қурғонтеппа тасмим гирифтааст аз тахриби калисои правословии ин шаҳр, ки ахиран бо сармояи пойгоҳи низомии 201-и Русия бозсозӣ шудааст, худдорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси тарҳи бозсозӣ ва тавсеъаи шаҳри Қурғонтеппа аз соли 2008, қарор буд ин калисо тахриб ва дар ҷойе дигар сохта шавад.

 

nikolai-golubНиколай Голуб, роҳиби калисои православии (уртудукси русии) шаҳри Қурғонтеппа, ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз бозсозии ин калисо бо кумаки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ҳукумати шаҳр тасмими худ дар бораи тахриби ин калисоро лағв кардааст. Мақомоти шаҳрдории Қурғонтеппа дар ин бора ибрози назаре накардаанд, вале оқои Голуб дар истинод ба мақомот гуфт, ки ҳукумати шаҳр ба хотири васеътар сохтани роҳи утумубилгарди канори ин калисо тасмим гирифтааст танҳо аз бахше аз замини назди ин калисо истифода кунад. Аммо роҳиби калисои правословӣ бо ибрози нигаронӣ аз ин тасмим гуфт, ки шаҳрдорӣ мехоҳад бо истифода аз замини мутаъаллиқ ба калисо роҳеро, ки аз канори калисо рад мешавад, васеъ кунад, ки дар натиҷа "саҳни (муҳавватаи) калисо танг хоҳад шуд."

 

Николай Голуб гуфт, ки чанд сол қабл сохтмони калисои правословӣ дар шаҳри Қурғонтеппа хеле фарсуда шуда буд ва мақомоти шаҳр гуфта буданд, ки "ин калисои вайрона ба симои шаҳр латма мезанад." Вай афзуд, ки ба ин хотир, ду сол қабл рустаборони маҳаллӣ ва пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Қурғонтеппа, ба бозсозии калисо шурӯъ карданд ва акнун ин калисо ба яке аз бузургтарин калисоҳои правословӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст.

 

Масъулони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Қурғонтеппа мегӯянд, ки бар асоси тарҳи бозсозӣ ва тавсеъаи ин шаҳр, чандин манзили маскунӣ низ, ки шомили қаламрави ба истилоҳ "хати сурх" ҳастанд, бояд тахриб шаванд. Ба гуфтаи онҳо, қисмате аз замини калисои правословӣ низ шомили минтақаи "хатти сарх" аст.

 

Ҳарчанд ҷузъиёти тарҳи бозсозӣ ва тавсеъаи шаҳри Қурғонтеппа ҳануз ифшо нашуда, аммо ба гуфтаи масъулон, бар асоси ин тарҳ то соли 2020 чандин хиёбони шаҳр бояд васеъ карда шаванд ва ба ин хотир, сохтмонҳои зиёде тахриб хоҳанд шуд. Шаҳри Қурғонтеппа аз бурузгтарин шаҳрҳо дар ҷануби Тоҷикистон ва маркази вилояти Хатлон аст. Ин вилоят аз лиҳози теъдоди ҷамъият бузургтарин вилоят дар Тоҷикистон аст, ки мардумаш умдатан кишоварз ҳастанд, аммо дар шаҳри Қурғонтеппа ва атрофи он баъзе корхонаҳои санъатӣ низ мавҷуданд.

 

НигаронӢ аз тарҳи масъулияти волидайн

Дар ҳамин ҳол, масеҳиёни шаҳри Қурғонтеппа аз тарҳи қонуни масъулияти падарону модарон низ, ки ахиран аз сӯйи давлат таҳия ва баррасии умумӣ гузошта шудааст, ибрози норизоятӣ кардаанд. Роҳибони калисои правословӣ ва калисои прутестони инҷилӣ (эвангелӣ) дар шаҳри Қурғонтеппа мегӯянд, ки бархе аз бандҳои ин тарҳи қонун барои онҳо "ғайри қобили қабул" аст.

 

churcheНиколай Голуб, роҳиби калисаи православии шаҳри Қурғонтеппа, гуфт: "Тибқи тарҳе, ки ба барасии умумӣ гузошта шудааст, вуруди афроди то сини 18-сола ба муассиҳои динӣ, бахусус ибодатгоҳҳо, мамнӯъ аст, ки ин амр барои мо ғайри қобили қабул аст."

 

Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти рустаборони вилояти Хатлон, мегӯяд, ки теъдоди дақиқи рустаборон дар ин минтақа маълум нест, аммо "теъдоди онҳо ҳамасола камтар мешавад." Ба гуфтаи вай, шумори ҷамъияте, ки дар калисои правословии онҳо сабт шудаанд, ҳудуди 200 нафар буда ва бештарашон афроди синни 40 то 70-сола мебошад, ки дар калисо фароизи дини худро анҷом медиҳанд.

 

Ба гуфтаи масеҳиёни Қурғонтеппа, дар минёни ҷавонони рустабори ин шаҳр саффи ибодаткунандагон кам аст, аммо аксарият маросими номгузории кӯдаки навзод ва ғусли таъмиди онҳоро дар калисо анҷом медиҳанд, ки дар сурати тасвиби тарҳи қонуни ҷадид баргузории ин маросим барои афроди зери 18-сола мушкил эҷод хоҳад кард.

 

Орзуи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4507-kurghonteppa-khuddorii-makomot-az-tahribi-kaliso.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ