16:45:15 01-уми Июли 2025 сол

РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ: ТАНҲО МЕРОС АЗ АРТИШИ ШӮРАВӢ?

Комрон аз ҷумлаи андак ҷавононест, ки зимни посух ба ин суол, ки оё мехоҳӣ дар артиши Тоҷикистон хидмати низомӣ кунӣ, ҷавоби рад дод. Вай мегӯяд, ки қаблан давлат бояд вазъияти артишро беҳбуд бахшад ва сипас аз ҷавонон даъват кунад, ки хидмати низомӣ дар артишро анҷом диҳанд. Комрон ҳанӯз донишҷӯйи бахши чаҳоруми Донишгоҳи политехники Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд: "Низомиёни кишварҳои дигарро бинед, ҳавасатон меояд, вале агар сарбозони тоҷикро дар хиёбон бинед, ба пӯшиши онҳо ва харобии баданашон раҳматон меояд."

 

ruzi artish 1Комрон мӯътақид аст, ки даҳҳо сарбозе, ки дар артиши миллӣ имрӯзҳо хидмати низомӣ анҷом медиҳанд, ба таври иҷборӣ ба артиш эъзом шудаанд. Аммо мақомот мегӯянд, сарпечӣ аз хидмати низомӣ ҷурм маҳсуб мешавад ва муҷозоти ҷиноиро ба дунбол дорад. Бар хилофи Комрон, бисёре аз ҷавонон, ки дар хиёбонҳои Душанбе бо онҳо суҳбат кардем, мегӯянд, ки омода ҳастанд дар артиши Тоҷикистон хидмат кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, "хидмат ба ватан вазифаи муқаддаси ҳар фарди тоҷик аст."

 

Артиши миллии Тоҷикистон соли 1993 дар замони бесуботӣ ва ҷанги дохилӣ дар ин кишвар таъсис шуд ва саҳми худро аз артиши бузурги Шӯравӣ нагирифт. Танҳо чизе ки артиши Тоҷикистон аз Шӯравӣ ба мерос гирифт, рӯзи 23-уми феврал буд, ки дар даврони Шӯравӣ низ дар ин рӯз аз таъсиси артиши Шӯравӣ таҷлил мешуд.

 

РӮзи артиши миллӢ

Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 23 феврал ба муносибати солгарди таъсиси артиши миллии ин кишвар, масъулони вазорати дифоъ дар порки "Ғалаба"-и шаҳри Душанбе дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ширкат карданд. Сипас, дар бинои ин вазорат ҷаласаи вижае дар робита бо 18-умин солгади таъиси ин артиш баргузор шуд ва таҷлил аз рӯзи артиши миллӣ бо баргузории кунсерте дар Кохи Ҷомии пойтахти Тоҷикистон барои афсарон ва сарбозони ин артиш ба поён расид.

 

sherali_khayrullaevИн дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз соҳибназарон, соле, ки сипарӣ шуд, барои артиши миллии Тоҷикистон яке аз душвортарин солҳо будааст. Дар пойзи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон афсарону сарбозони ин артиш бо афроде, ки давлат онҳоро терурист меномад, даргири ҷанг буданд. Ин даргирӣ аз кушта шудани 25 сарбози артиши Тоҷикистон дар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи мухолифи давлат оғоз шуд ва дар моҳи январи гузашта бо кушта шудани ҳашт нафар аз пайкорҷӯён, бо шумули Аловиддин Давлатов, ки раҳбари пайкорҷӯён хонда мешуд, ба поён расид. Артиши миллии Тоҷикистон ҷавонтарин артиш дар миёни кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ аст. Тақрибан аз солҳои аввали таъсиси ин артиш женерол Шералӣ Хайруллоев, аз афроди наздик ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, симати вазорати дифоъи ин кишварро бар уҳда дорад. Дар солҳои нахусти таъсиси артиши миллӣ теъдоди низомиёни ҳирфаӣ ночиз буд ва он солҳо ин артиш ба афсарони собиқадор ва мутахассисони низомӣ шадидан ниёз дошт.

 

Вале дар авоили солҳои 2000, баъд аз оғози амалиёти эътилофи зидди терурисм дар Афғонистон, ҳамкориҳои низомӣ бо Фаронса, кишваре, ки низомиёни он дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мустақарранд, кумакҳои он кишвар ба низомиёни тоҷик мунҷар ба беҳтар шудани вазъияти артиши миллӣ шудааст. Албатта, аз он замон то кунун, чанде дигар аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Омрико, кишварҳои урупоӣ, Ҳинд ва Чин низ дар канори Русия ба омӯзиши низомиёни тоҷик кумак кардаанд ва кумакҳои фаннию молӣ ба ниҳодҳои амниятию дифоъии Тоҷикистон ироа додаанд.

 

"Гурез, облава!"

Бар асоси омори ғайрирасмӣ, дар артиши миллии Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор сарбозу афсар хидмат мекунанд ва ҳамасола ҳазорҳо нафар аз ҷавонон ба хидмат дар саффи нерӯҳои мусаллаҳ ҷазб мешаванд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро то ҳол бисёре аз ҷавонони зери синни 25 сол аз ифои хидмати низомӣ дар артиш канораҷӯйӣ мекунанд? Таҳлилгарон мегӯянд бештари ҷавононе, ки ҳоло дар Русия машғули корҳои мавсимӣ ҳастанд, амдан то 30-солагӣ ба Тоҷикистон намеоянд, то онҳоро ба зӯр ба хидмати низомӣ водор накунанд.

 

Дар гузашта аз мавориди зиёди боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба артиш, ки дар миёни мардум бештар ба унвони "облава" маъруф аст, гузориш шудааст. Ҳамасола бисёре аз волидон аз боздошти фарзандонашон ва маҷбуран эъзом кардани онҳо ба артиш шикоят мекунанд. Вале масъулони умури низомӣ иттилоъот дар бораи боздошти ҷавонон ва водор кардани онҳо ба хидмати низомиро такзиб мекунанд ва мегӯянд, ки дар солҳои ахир ҷавонони зиёде алоқамандии худро барои анҷоми хидмати довталабона дар артиши миллӣ изҳор кардаанд.

 

Фирӯз Саидов, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ки сабаби аслии сарпечии аксари ҷавонон аз хидмати довталабона дар артиш он аст, ки "мардум намехоҳанд ду соли вақти худро беҳуда сипарӣ кунанд, зеро ҳама дар фикри он ҳастанд, ки чи тавр даромади рӯзгор барои зиндагии рӯзмарраро пайдо кунанд."

 

Оқои Саидов ҳамчунин гуфт: "Дар даврони Шӯравӣ низ бисёриҳо ба таври иҷборӣ ба хидмати низомӣ мерафтанд. Аммо дар он замон барои онҳое, ки хидмати низомиро аз сар гузарондаанд, имтиёзҳои вижае барои таҳсил дар донишгоҳҳо вуҷуд дошт. Ҳамчунин, барои истихдом ба машоғили хубе дар бархе аз вазоратхонаҳо афроде, ки хидмати низомиро пушти сар карда буданд, имтиёз доштанд."

 

Ҳамчунин, оқои Саидов мегӯяд, ки он замон артиши Шӯравӣ ҳамзамон бо иҷрои хидмати низомӣ ҷавононро ба омӯзиши машоғили вижае низ ҷалб мекард. Аз сӯйи дигар, бархе аз соҳибназарон яке дигар аз сабабҳои сарпечии ҷавонон аз хидмати низомӣ дар артиши миллиро ба вуҷуди мавориди азияту озори тозасарбозон аз сӯйи ҳамсаффони меҳтари онҳо дар артиши Тоҷикистон марбут медонанд.

 

Ҳарчанд сарбозони собиқ аз вуҷуди мавориди фаровони меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" дар артиш хабар медиҳанд, вале мақомоти низомии Тоҷикистон ҳамвора ин иддаъоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки чунин мавориде дар артиш сабт нашудааст. Дар моҳи марти соли гузашта сарбозони Горди миллии Тоҷикистон бо Клик интишори баёнияе аз ҳамхидматони худ ва ҳамаи артишиён дар ин кишвар хоста буданд, ки ба он чи "калонгароӣ" ё "дедовшина" хонда мешавад, дар суфууи нерӯҳои мусаллаҳ поён диҳанд.

 

Ин баёния дар нашрияи "Родмардон", вобаста ба Горди миллии Тоҷикистон, мунташир шуда буд ва дар аз ҷумла омада буд, ки калонгароӣ "мисли маразу заҳрпечаке аз бегонагон" аз артиши Шӯравии собиқ ба артиши ҷавони Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Муаллифони ин нома зимни даъвати сарбозон ба решакании меҳтарсолорӣ дар артиш навишта буданд, ки ин гуна бадрафторӣ "бо ҳувияту хилқати мардуми мо, дину мазҳаби мо бегонаву носозгор" аст.

 

Аммо ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ҳарчанд аз сарбозону афсарони воҳидҳои мухталифи вазорати дифоъ низ хоста шуда буд, ки зери ин баёния имзо кунанд, вале мақомоти ин вазоратхона аз ин кор монеъ шуда ва гуфтаанд, ки дар суфуфи артиш чунин падидае аслан вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта аз мавориди гуногуни маргу мири сарбозон дар шароити машкук дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузоришҳои мунташир шудааст.

 

Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4510-tanho-meros-az-artishi-shuravi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ