ХУДКУШӢ ҲАРОМ АСТ
Яке аз мавзӯъҳои рӯз ва дардафкан, ки ҳар рӯз, ҳангоми мутолеаи хабарҳои Вазорати корҳои дохилаи кишвар, бо он рӯ ба рӯ мешавем, худкушӣ аст. Ин худкушӣ ҳар рӯз ашки садҳо модарро дармеовараду дили ҳазорон каси дигарро ғамгин ва шояд ба ҳамин теъдод касони дигарро ба даҳшат меафканад.
Бо дидани пайкар ва ё ҷисми беҷони марди худкуш, ки соҳибаш қабл аз тақдири Илоҳӣ тадбири дуруст наандешидааст, нохудогоҳ, рӯ ба боло ва даст ба гиребон, хоҳем гуфт: «Ай Худои ман, чаро ин бечора пеш аз расидани аҷал ва тамом шудани рӯзиаш, дунёи рангинро ба ҷаҳанам табдил дод? Магар сабабгори ин худкушӣ норасидан ба ишқи маҳбуб, қасди матлуб … ва ё рӯзи номақбул аст? Чаро ин фард ба амонати Илоҳӣ хиёнат кард ва пеш аз омадани Фариштаи марг ӯ ба ҳузураш шитофт? Дар ин дунё зистан, бо мардум будан ва…хулоса ҳарчӣ тезтар ба гӯр расиданро барои худ беҳтар донист. Ай кош ин азизи кулфатҳо ва муниси шиканҷаҳои рӯҳиву ровонӣ медонист, ки ин марги ӯ сабабгори зиндагии хубтар намегардад, балки то дамидани сӯри Исрофил, дар хонаи торик, аз хушиҳои Барзах бенасиб ва барои ҳамеша талхиҳои он рӯзгорон интизораш хоҳанд буд ва пушаймонӣ дар ҷаҳони пасомаргӣ барояш суде нахоҳад дод…».
Ба ҳар сурат, дар посух ба он ки, чаро худкушӣ дар ислом ҳаром аст, метавон гуфт: «Худкушӣ бар хилофи фалсафаи офариниши инсон аст ва аз ин рӯ дар ислом ҳаром ва мамнӯъ эълон гардида аст. Худованди ҳаким инсонро офарид то дар дунё зиндагӣ кунад ва дар сояи пайравӣ аз фармонҳои Илоҳӣ ва раҳнамоиҳои паёмбарони Худо ба камол расида ва ба неъматҳои ҷовидона даст ёбад.
Зиндагии дунё бистари касби хушбахтӣ ва саъодат аст, яъне башар метавонад, дар ин ҷаҳон ба гунае бошад, ки ба саъодати абадӣ бирасад. Расули гиромӣ фармудааст: «Дунё киштзори охират аст», касе, ки даст ба худкушӣ мезанад ва худро нобуд мекунад, заминаи зиндагии дунёро аз байн мебарад ва бо тадбир ва ҳикмати Илоҳӣ ба мубориза бармехезад, чаро ки Худо вайро офарид то ба таври табиӣ зиндагӣ кунад ва ба таври табиӣ (ба ғайр аз худкушӣ) аз дунё биравад. Марди худкуш бар хилофи ин хостаи Худо амал намудааст ва ба ин хотир амали ӯ мардуд ва номақбул дониста шудааст».
Ба ибораи дигар, оё худкуширо Худову Расулаш меписанданд? Ҳаргиз на! Зеро Куръон шоҳидаст, ки ҳазрати Паёмабар(с) дини Худоро ба пуррагӣ ба итмом расонид ва тамоми шариъати Илоҳиро ки тавассути Пайки Ҳаққ (а) оварда шуда буд, ба мардум расонид. Бар тибқи таълимоти тамоми шариъатҳои осмонӣ худкушӣ ҳаром аст ва фоъили он муртакиби гуноҳи кабира мегардад. Дини ислом низ бо истинод ба ояҳои зайл онро ҳаром гардонидааст. Худои карим мефармояд: «Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад!» (Фурқон, ояи 68).
Қатли нафс ва ё худкушӣ дар пешгоҳи ҳазрати Ҳаққ наздик ба ширк овардан ба Ӯ таъоло маҳсуб мешавад. Ҳар кӣ ба чунин кор даст бизанад, ҳатман подоши худро мегирад. Қуръон аҳли имонро аз худкушӣ ва ба ноҳақ хӯрдани амволи якдигар, ки яке аз омилҳои калидии рӯ овардан ба худкушӣ аст, манъ намуда чунин мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед. Ва худатонро макушед. Ҳар ойина Худо бо шумо меҳрубон аст!» (Нисо, ояи 29).
Тибқи ин ояи раҳмонӣ, Худои карим яке аз пешфарзҳои даст задани мардум ба худкуширо ба ноҳақ хурдани мол унвон кардааст ва барои ҷилавгирӣ аз пайдоиш ин омил талаби ризоияти тарафайн кардааст ва дар охири ин ояи карима таъкид доштааст, ки аз меҳрубонии ӯ ғофил мабошед. Яъне, ба таъкид, агар шумо дар пастӣ ва ноҳамвориҳо ва ноадолатиҳои рӯзгор сабр кунед Худои шумо меҳрубон аст ва тавре, ки пеш аз ин мусибат, дар тӯли умр ба шумо меҳрубонӣ мекард ва аз хушиҳои зиёде шуморо баҳравар сохта буд, дар оянда низ аз меҳрубониҳояш баҳравар хоҳед шуд. Дар акси ҳол, пешдастӣ аз аҷали Илоҳӣ гумроҳӣ ва иштибоҳи бузург аст.
Расули Худо (с) мефармояд: «Марде аз табори пешиниён ярадор шуд, ба дард тоб наовард, кордро гирифта рагҳои дасташро бурид ва то дами марг хунаш ҷорӣ шуд. Худои мутаъол гуфт: Бандаам аз ман пешдастӣ кард ва ман биҳиштро барояш ҳаром сохтам»(Ривоят аз Бухорӣ ва Муслим). Дар ривояти дигаре мехонем, ки Расули Худо (с) фармудааст: «Ҳар касе, ки худро тавассути чизе бикушад, дар охират низ тавассути ҳамон чиз азоб дода хоҳад шуд» (Ривоят аз Бухорӣ ва Муслим).
Худкушӣ, ки дар ҳадди нобоварӣ ба ояндаи дурахшон аст ва инсонро дар маърази хатарҳо ва оқибати нохуш қарор медиҳад. Ин кор яке аз амалҳои ношоиста аст ва он гуноҳони кабира маҳсуб мешавад. Табиист, ки баъд аз марг бояд фарде ҷисми фарди худкушро ба хок супорид. Аммо ҳама розӣ мешаванд, ки беихтилоф ва дудилагӣ онро ҳамчун дигар мусалмонон дар қабристон худашон гӯронанд?!!
ТайёрӢ барои ҷаноза
Дар бораи шустӯшӯ, кафанпӯшонӣ ва хондани намози ҷаноза бар марду зани худкуш ва дар қабристони мусалмонон ба хок супоридан, аксар маврид ихтилофе дар байни мардуми маҳал ба вуҷуд меояд. Иддае бо далели он ки Худо худкуширо ҳаром ва Паёмбараш (с) онро маҳкум кардааст. Ӯ (с) марди худкуш ва дар замони худ Моиз, шахсеро, ки баъди анҷоми ҳадди шаръӣ ҷон дода буд, ҷаноза накард.
Бо ҳамин далел мардум фарди худкушро, шахсе медонанд, ки аз аҷали Илоҳӣ пешдастӣ кардааст. Эшон бар ин боваранд, ки набояд, чунин шахсро ҷаноза кард ва пайкари беҷони ӯро дар паҳлӯи дигар мусалмонон ба хок супорид. Аммо баъзеи дигар бар хилофи онҳо амал карда, фарди худкушро бо анҷом додани тамоми суннатҳои мусалмонӣ ба хок месупоранд. Барои баён кардани дуруст ва ё нодуруст будани ин ихтилоф зикри фатвои зайлро сарфи назар карда натавонистем: Агар қасдан ҳам касе худкушӣ кунад, ҷанозаи вай хонда мешавад.
-Имом Нававӣ дар “Алмаҷмӯъ” гуфтааст: «ҳар кӣ худкушӣ кунад ва ё аз моли ғанимат чизе рабуда бошад, дар назди мо ҷанозааш хонда мешавад». Абӯҳанифа, Молик ва Довуд низ ба ин назаранд.
Ибни Обидин дар ҳошияи “Дуррулмухтор” овардааст: «Агар қасдан ҳам касе худкушӣ кунад, намози ҷанозааш хонда мешавад, ва фатво низ ба ҳамин аст. Зеро фарди худкуш фосиқест, ки дар рӯи замин ба фасодкорӣ даст наёзидааст, агар чӣ саркашӣ намуда сари худашро хӯрдааст ва гарчанде, ки бузургтарин гуноҳро муртакиб шудааст вай ба мисли тамоми фосиқони мусалмон аст, ки ба қитоли дигарон қиём карда аст…»
Паёмбар (с) гуфтааст: «Бар болои ҳамтоатон намоз гузоред». Мусалмон соҳиб ва ҳамтои мо аст. Худои карим мефармояд: «Аҳли имон бо ҳам бародаранд» ва дар ҷои дигар мефармояд: «Мардони боимон ва занони боимон баъзе дӯсти баъзеи дигаранд».
Дар ин сурат ҳар касе аз намози ҷаноза манъ кунад, иштибоҳи калоне хоҳад кард. Чун шахси фосиқ ба дуои хайри бародарони мусалмонаш мӯҳтоҷ аст. Манбаъ: (http: fatawah.com/Fatawah/127.aspx)
Эзоҳ:
1.Фарди худкушро Аҳли суннат валҷамоъат кофир намедонанд, балки ӯро муртакиби гуноҳи кабира меҳисобанд.
2. Дар мазоҳиби Шофеъӣ, Ҳанбалӣ, Ҳанафӣ, Моликӣ ва Довуди Зоҳирӣ хондани намози ҷанозаи фарди худкуш ҳаром нест.
Аммо, бо инстинод ба суннати Расули Худо(с), ки худ намози ҷанозаи марди худкуш ва шахсе, ки ҳаддишаръӣ бар ӯ зада шуда буд нахондаанд ва дигаронро гуфтанд, ки ҷанозаи афроди мазкурро бихонанд, донишмандони мусалмон, ҳузури шахсони аввали ҷомеъа, яъне раисони шаҳру ноҳия, масъулони маҳал ва имомхатибҳо, бо далели он ки дигарон донанд, ки даст задан ба худкушӣ кори ҳаром аст ва ин барояшон дарси ибрат шавад, иштироки онҳо дар намози ҷанозаи фарди худкуш кароҳият дорад.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4519-khudkushi-harom-ast.html