ОМӮЗГОРОНИ ХАТЛОН ШОГИРДОНРО ДАР МАСОҶИД "РЕЙД МЕКУНАНД"
Бахши маъорифи вилояти Хатлон бо судури фармоне омӯзгорони мактабҳои миёна дар ин вилоятро муваззаф кардааст, ки ҳар рӯзи ҷумъа ба масоҷиди панҷвақта рафта, кӯдаконро аз саффи намозгузорон пайдо карда ва ба мактаб биёранд.
Рӯзи ҷумъаи 8 апрел монанди ҷумъаи ҳафтаи гузашта намояндагони бахши маъорифи Хатлон ва омӯзгорон дар чорчӯби ин фармон ба масҷидҳои ҷомеъ рафта, мактабхонҳоеро, ки дар вақти дарс барои адои намози ҷумъа дар масоҷид ҳозир буданд, аз саффи намозгузорон берун кашиданд.
Чунин рейдҳо ё амалиёт чанд моҳ қабл барои ҷилавгирӣ аз "дарспартоии мактабхонҳо" тавассути маъмурони интизомӣ сурат мегирифт ва, аз сӯйи дигар, аз имомхатибони масоҷид дархост шуда буд, ки барои кӯдакон мактаб рафтанро таблиғ кунанд.
Аммо барои бори нахуст аст, ки мақомот акнун худи омӯзгоронро водор ба ширкати мустақим дар берун кашидани кӯдакон аз масоҷид мекунанд.
Лутфия Роибова, муъовини масъули бахши маъорифи вилояти Хатлон, гуфт, ки ин фармон ба хотири ҷалби кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил содир шудааст. Вай мегӯяд акнун ҳар рӯзи ҷумъа дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят “рейдҳо” гузаронда мешаванд. Хонуми Роибова афзуд: "Волидони кӯдаконе, ки дар соъоти мактабӣ дар масҷид дастгир мешаванд, бозпурсӣ мешаванд ва аз онҳо баёнот мегиранд."
Қурбоналӣ номи мустаъори як имомхатиби масҷиде дар ноҳияи Бохтар аст. Вай мегӯяд, ки ба масҷид кӯдакони синни мактабӣ зиёд меоянд.
Вай меафзояд: "Мувофиқи фармудаҳои ислом, мо бародари мусалмонро, ки барои ибодат ва гузоштани намоз дохили масҷид шуда, пеш карда наметавонем ва ин гуна ҳаққро низ надорем. Ҳоло ҷавонону кӯдакони мазҳабӣ дар ин вилоят зиёданд ва аксари намозгузорон навҷавонони ноболиғ мебошанд. Агар қонуне дар ин бора тасвиб шавад, шояд шумораи онҳо кам шавад."
Ҳокимҷон, хонандаи клоси 2-ум аз ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ки танҳо баъди дарс ба масҷид меравад. Вай афзуд: "Дар хонаи мо ҳама намоз мехонанд, ман ҳам намоз мехонам. Таҳсилам дар мактаб низ хуб аст ва танҳо баъди дарс ба масҷид меравам ва ҳамеша дарсҳоямро тайёр мекунам."
Аммо ба гуфтаи Майрамбӣ Ғафурова, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Хатлон, ҳоло шумораи намозгузорони ноболиғ дар масҷидҳо дар муқоиса бо чанд соли қабл камтар шудааст. Ба бовари ӯ "мардум фаҳмидаанд, ки ҷойи кӯдакони ноболиғ мактаб мебошад."
Ба гуфтаи масъулони бахши маъорифи шаҳри Қурғонтеппа, дар сурати мукарраран боздошт шудани як кӯдак дар масҷид дар соъоти дарсӣ алайҳи волидайни ӯ ба додситонӣ шикоят бурда хоҳад шуд.
Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар соли 2010-ум чаҳор волидайнро, ки кӯдаконашон ба мактаб намерафтанд, бар асоси моддаи 164 қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон, муҷозот намуда буд. Аммо ин маворид дар заминаи монеъ шудани волидайн барои таҳсили духтаронашон дар мактаб буда ва додгоҳ онҳоро ба пардохти ҷарима ба давлат ба маблағи 1500 сомонӣ маҳкум кард.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Аз руи конуни Ухдадорихои Падару Модар то 18 солаги ичозат нест ба масчид рафтан ! бале ! пас кай кай ин бача ё ин марди 18 сола ба масчид ба ибодати худо пардозад ! ки амри Худо боло бехтар аз хамаи амрхост ! ту чи гуфтестай
RSS Обуна