14:34:40 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар гузориши созмони “Марказ дар умури ҳуқуқи башар ва риояти қонуният” Барномаи ислоҳоти додгоҳию ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 аз муҳимтарин дастовардҳои давлати Тоҷикистон дар бахши таъмини ҳуқуқи башар дар ин кишвар талақӣ шудааст.

BHRБано ба арзёбии ин созмони маҳаллии ҳуқуқи башар ба иҷро даромадани Қавонини ҷинойии Тоҷикистон дар 1 апрели соли гузашта ва таъсиси Шӯрои миллӣ барои муқобала бо фасод аз гомҳои муассир дар роҳи ислоҳоти додгоҳию ҳуқуқӣ ва мубориза бо фасод будааст.

Аммо ин созмон дар гузориши худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2010 мегӯяд дар бахши таъмини ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, бахусус, дар заминаи озодиҳои виҷдону баён, таъмини ҳуқуқи атфолу занон ва адолати додгоҳӣ мушкилот вуҷуд дорад.

Интихоботи порлумонӣ

Дар интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, ки дар 28 феврал ва 25 марти соли гузашта баргузор шуд, 8 ҳизби сиёсии кишвар барои соҳиб шудан ба 22 курсӣ дар Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд. 41 курсии порлумон барои номзадҳои инфиродӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамон тавре ки интизор мерафт, номзадҳои ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон 53 курсӣ ва аҳзоби наҳзати исломӣ, куммунист, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан ду курсӣ ба даст оварданд. Бештари нозирони байналмилалӣ аз наҳваи баргузори интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон интиқод карда ва онро “ношаффоф ва ғайримунсифона” хонданд. Аз ҷумла, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ) зимни як гузориш ин интихоботро “ба тақозоҳои САҲУ ва меъёрҳои аслии демукросӣ муғойир” арзёбӣ кардааст.

Сафорати Омрико дар Тоҷикистон низ дар як гузориш ба мавориди зиёди тақаллуб, раъй додани як нафар барои аҳли хонавода, маҳдудият барои расонаҳо барои инъикоси раванди интихобот, мавонеъи маснӯъи дар роҳи таблиғоти қабл аз интихобот барои аҳзоби мухолиф ва мудохилаи масъулони ниҳодҳои давлатӣ дар фаъолияти Кумисиюнҳои интихоботии ҳавзаҳо ишора карда буд.

Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ низ аз натоиҷи ин интихобот ибрози норизоиятӣ карда буданд. Ин дар ҳолест, ки нозирон аз Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро озод ва демукротик арзёбӣ карданд.

Мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар соли 1995 Кунвенсиюни СММ алайҳи шиканҷаро тасвиб карда ва дар моддаи 18-и Қонуни Асосии ин кишвар низ шиканҷа ва муносибати бераҳмона мамнӯъ эълом шудааст. Бо ин вуҷуд, бино ба гузориши созмони “Марказ дар умури ҳуқуқи башар ва риояти қонуният” то ҳол дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мавориди шиканҷа иттифоқ меафтад.

Аз ҷумла, тибқи иттилоъи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, пулиси вилояти Суғд дар шимоли ин кишвар алайҳи Илҳом Исмонов, табаъаи Русия, ки ба занн ё гумони таъсиси гурӯҳи табаҳкор боздошт шуда буд, аз шиканҷа кор гирифтааст. Amnesty International ё Афви Байналмилал аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди тақозои вакили мудофеъ додгоҳ осори захм ва латту кӯб дар бадани оқои Исмоновро ба эътибор нагирифтааст.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи Asia-Plus, нашрияи мустақили Тоҷикистон, дар моҳи феврали соли 2010 кормандони идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохила дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар қиболи Исмонбой Бобоев, шаҳрванди Русия аз нерӯи барқ ё электрошок истифода кардаанд, ки бар асари он оқои Бобоев ҷон бохтааст. Шикоёти падари Исмонбой Бобоев ба ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон натиҷае дар пай надоштааст.

Дар ин гузориш баста ё дастнорас будани зиндонҳои ин кишвар далели афзоиши мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон унвон шудааст. Дар гузориш аз қавли Абдураҳмон Шокаримов, раҳбари бахши бемориҳои сили беморхонаи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба 15 баробар бештар будани беморони сил ва 33 баробар зиёд будани мавориди марги мубталоён дар ин бемористон дар муқоиса ба беморхонаҳои муқаррарӣ таъкид шудааст.

Ҳарчанд Тоҷикистон дар соли 2010 дуввумин гузориш дар бораи иҷрои муфоди Кунвенсиюни байналмилалӣ алайҳи шиканҷаро омода кардааст, аммо бештари тавсияҳои Кумитаи алайҳи шиканҷаи СММ то ҳол иҷро нашудаанд. Аз ҷумла, Протукул ба ин конвенсиюн дар Тоҷикистон тасвиб нашудааст, ҳузури вакили мудофеъ ба афроди боздоштшуда ва имкони дидори нозирони дохилию хориҷӣ аз маҳбасҳо таъмин нагардидааст. То ҳол меконизми бозрасии фаврӣ пас аз дарёфти шикоёт аз мавориди шиканҷа ва пардохти ҷуброн ба афроди мавриди шиканҷа ва таъмини ҳуқуқи ин афрод таҳия нашудааст.

Озодиҳои баён ва виҷдон

Бар асоси гузориши созмони “Марказ дар умури ҳуқуқи башар ва риояти қонуният” вазъияти озодии баён дар ин кишвар ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Мушкили аслие, ки рӯзноманигоронро нигарон сохтааст, афзоиши қазияҳои додгоҳӣ алайҳи журнолистон ва нашрияҳои мустақил маҳсуб мешавад.

Бино ба гузориши Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар соли гузашта дар додгоҳҳои ин кишвар 8 қазия дар қиболи нашрияҳои Asia-Plus, “Озодагон”, “Крим-Инфо”, “Миллат”, “Пайкон”, “Суғд” ва “Фараж” баррасӣ шудааст. Ҳамчунин, тибқи иттиллоъи ин созмон дар соли гузашта дар Тоҷикистон 58 мавриди нақзи ҳуқуқи журнолистон сабт гардидааст.

Дар ин гузориш аз афзоиши мавориди таъқиби журнолистон ва боз шудани парвандаҳои ҷинойӣ алайҳи онҳо аз ҷониби масъулони ниҳодҳои давлатӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Аз ҷумла, Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигор аз ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон, ки бо нашрияҳои “Нури зиндагӣ” ва “Истиқлол” аз моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми тӯҳмат, таҳқири шарафу эътибори инсон ва барангехтани низоъи миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ дар боздошт ба сар мебарад.

Вале Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи “Нури зиндагӣ” далели боздошти оқои Исмоиловро ба фаъолияти хабарнигории ӯ марбут хондааст, ки бештар дар матолиби худ аз фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқууқ шадидан интиқод карда буд. Ҳамчунин, дар ин гузориш ба бад шудани вазъияти расонаҳо ва нашрияҳои мустақил дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар моҳҳои сентябру октябри соли гузашта ишора шудааст, ки ба мутаваққиф шудани бархе аз нашрияҳои мустақил ва масдуд шудани сойтҳои интернетӣ мунҷар шуда буд.

Масоили марбут ба озодии виҷдон аз мавзӯъоти умда ва мавриди баҳс дар соли гузашта будааст. Дар тӯли сол давлати Тоҷикистон барои таҳти назорат гирифтани куллияи равандҳои марбут ба омӯзиши мазҳабӣ ҷиддан талош кардааст. Мақомоти Тоҷикистон далели ин иқдомро навъи ҷилавгирӣ аз бунёдгароӣ дар ҷомеъа унвон кардаанд, ки мумкин аст вазъи сиёсию иҷтимоъии ин кишварро ноором кунад.

Дар моҳи августи соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо сокинони кишвар аз падару модарон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадорису донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ бозгардонанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар ғайри ин сурат "Онҳо ҳама террурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд."

Ба дунболи ин даъват ниҳодҳои зирабти ин кишвар аз муассисоти омӯзишии Миср, Яман, Покистон ва Эрон беш аз 1000 донишҷӯйи тоҷикро ба ватан бозгардониданд. Дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта фишори ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Тибқи гузориши созмони “Марказ дар умури ҳуқуқи башар ва риояти қонуният” кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба дафтари ин ҳизб даромада, ба адои намози ҷумъа монеъ шудааанд ва адабиёту компютерҳоро мусодира кардаанд. Ҳамчунин, ба таври ғайричашмдошт дар маркази фарҳангии ҳизби наҳзати мавсум ба “масҷиди занон” оташсӯзӣ рух дода буд. Мавориди боздошти афроди ришдор дар хиёбону бозорҳои Тоҷикистон ва манъи фаъолияти занони ҳиҷобпӯш дар бозорҳо ва таҳсили ин гуна духтарон дар донишгоҳҳо низ сабт шудаанд.

Мавориди дигари нақзи ҳуқуқи башар

Ба дунболи ҷорӣ шудани юниформи ҳатмӣ дар мактабҳо бештари падару модарон барои харидории ин гуна либос имкони молӣ надоранд. Дар натиҷа, бесаводӣ густариш пайдо карда ва теъдоди бачаҳое, ки аз омӯзиш дар канор монда ва барои дастмузд заҳмат мекашанд, афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди он ки дар қавонини Тоҷикистон ба ҳуқуқи яксони зану мард таъкид шуда ва ин кишвар бо хушунат алайҳи зан мубориза мекунад, вале хушунат ё зӯроварии хонаводагӣ дар ҳоли густариш буда ва ҳамчун мушкили аслӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Бар асоси пажӯҳишҳои мухталиф, аз як сеюм то ними занҳои Тоҷикистон аз ҷониби шавҳар ё хонаводаи ӯ мавриди хушунат, аз ҷумла, хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ қарор гирифтаанд.

Дар робита ба иҷрои Нақшаи умумии бунёди биноҳои мухталиф дар шаҳри Душанбе мавориди иҷборан кӯч додани сокинон аз манозилашон сабт шудааст. Чунин, маворид дар вилояти Бадахшони ин кишвар низ иттифоқ афтодааст. Фасодзада будани судяҳо ё қуззот на танҳо ба сифати кори онҳо асар мегузорад, балки ба эътибори давлат латма ворид кардааст.

Зимнан, Гузориши мукаммали Ваколатдори ҳуқуқи башар ё Обдусмени Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар низ дар ҳафтаи гузашта ба нашр расид. Аммо дар маҷмӯъ лаҳни ин гузориш ба андозаи гузоришҳои созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари ватанию байналмилалӣ тунд набуда, ва дар бархе маворид бетараф ба назар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди коршиносон гузоришҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари дохилию хориҷӣ барои ошкор сохтани мавориди нақзи ҳуқуқи инсон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳаводис муассир будааст. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик гуфт, ин гуна гузоришҳо мисли оинаест, ки мушкилоти мавҷуда дар заминаи ҳуқуқи башарро нишон дода ва ниҳодҳои давлатиро барои ислоҳи вазъи феълӣ водор месозад.

Вафо Ниятбеков, коршиноси дигар таъкид кард, ки ҳадафи гузоришҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ишора ба мушкилоти ҳуқуқи башар ва ироъаи тавсияҳо барои ислоҳи чунин вазъ аст. Ба гуфтаи оқои Ниятбеков бар асоси чунин тавсияҳо давлати Тоҷикистон дар системи додгоҳию ҳуқуқӣ ислоҳот гузаронда ва дар таъмини ҳуқуқи занонону кӯдакон ва мубориза бо фасод гомҳои мушаххас бардоштааст.

Аммо намояндагони аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон интишори гузоришҳои созмонҳои байналмилалию дохилӣ дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишварро барои ислоҳи мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи инсон ва риояти озодии баёни виҷдон чандон муассир намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар чанд соли ахир созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз вазъияти душвори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон интиқод карда, вале то ҳол ин вазъият ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд наёфтааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi