15:34:32 02-уми Июни 2025 сол

СЕЛИ ШАДИД ДАР НАВОҲИИ МУХТАЛИФИ ТОҶИКИСТОН СЕ КУШТА ДОД

Дар асари бориши шадиди сел дар рӯзи панҷшанбеи панҷуми май се нафар дар навоҳии Панҷакент, дар шимол, ва Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора Нигора Солиева, як масъули дафтари матбуъотии Вазорати умури изтирории Тоҷикистон, хабар дод.

11_flood_vose.jpg

Ба гуфтаи вай, Гулсира Хоҷаева, як духтари 16-сола аз деҳаи Шингаки ҷамоъати Хурмии ноҳияи Панҷакент, ба ҳангоми ҷустуҷӯи чорво дар минтақае кӯҳистонӣ зери бориши сел монда ва ҷон додааст. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҷасади ин сокини ҷавони ноҳияи Панҷакент ҳанӯз пайдо нашудааст ва корҳои ҷустуҷӯйӣ аз сӯйи кормандони вазорати умури изтирорӣ идома дорад.

Ба гуфтаи Парвиз Амонов, масъули бахши Вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент, ҷустуҷӯйи ҷасади Гулсира тавассути кормандони ситоди вижа ва афроди довталаби маҳаллӣ дар Сойи Шингак ва дарёи Зарафшон идома дорад.

Аз сӯйи дигар, бародарон Фазлиддин ва Фахриддин Мирзоевҳо, сокинони 16 ва 18-солаи деҳаи Майдапаттаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, низ ба ҳангоми чарондани ҳайвоноти аҳлӣ дар теппаҳои деҳаи Қаратоғи ин ноҳия дар муқобили ҷараёни сел қарор гирифта ва кушта шудаанд.

Қаблан масъулони вазорати умури изтирорӣ хабар дода буданд, ки ҷасади танҳо яке аз ин бародарон пайдо шуда ва ҷустуҷӯйи ҷанозаи Фахриддин идома дорад.

Аммо дертар Илҳом Баротов, ёвари раиси ноҳияи Фархор, хабар дод, ки ҷасади ҳар ду бародар аз соҳили дарёи Сурхоб пайдо шуда ва ғайр аз ин ягон хисороти моливу ҷонӣ аз ин ҳодисаи табиъӣ ба мардуми ноҳия ворид нашудааст.

Ба гуфтаи дафтари матбуъотии вазорати умури изтирорӣ, панҷуми май бориши сел ва шамоли шадид дар ноҳияҳои Панҷакент, Фархор, Ҷиргатол, Панҷ, Ҳисор ва Шаҳринав рух дода ва ба изофаи кушта шудани се нафар дар ин минтақаҳо роҳҳо, пулҳо, заминҳои кишоварзӣ, ҳайвоноти аҳлӣ, лӯлаҳои обрасонӣ ва бархе аз хонаву мактабҳо низ зиён дидаанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи масъулони умури изтирорӣ, кумисиюнҳо ва ситодҳои вижа дар маҳаллҳои ҳодисаи табиъӣ фаъол буда, машғули "бартараф кардани паёмадҳои сел ва мушаххас кардани зарари расида" ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки бориши сели шадид ҳамасола, бахусус дар мавсими баҳор, бар иқтисоди Тоҷикистон хисороти ҷиддӣ ворид карда ва гоҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад.

Дақиқан як сол қабл, 6-ум ва 7-уми май ҳазору панҷсад манзили маскунӣ дар шаҳри Кӯлоб бар асари сел ва обхезии сойи Тебалай хароб шуда ва сокинонаш бесарпаноҳ монданд. Дар он ҳодиса 13 нафар ҳам кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 07.05.2011 12:05
Salom. okhi in hukumat chi kor mekunad ki har sol in hodisaho hast charo jiddi chora dida nameshavad?!!! In qadar pule ki judo meshavad kujo meravad?!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854