15:42:42 02-уми Июни 2025 сол

НИГАРОНИИ ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ АЗ "СУИИСТИФОДА АЗ ОЗОДИИ БАЁН"

Шаҳрдории Душанбе аз ончи "суистифода аз озодии баён" дар сойтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон меномад, башиддат ибрози нигаронӣ кардааст.

ubaydulloev_4522.jpg

Дар баёнияе матбуъотӣ, ки Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, интишор дода, омадааст, ки дар ин авохир дар бахшҳои "Назарҳо"-и сойтҳои интернетӣ афкор ва назароте мунташир мешаванд, ки ба беэътимодии мардум нисбат ба фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ дар заминаи танзими нарху наво дар бозорҳои шаҳр доман мезананд.

Ин баёния меафзояд: "Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ВАО (расонаҳо) ва бештар дар бахши «назарҳо»-и сомонаҳо (сойтҳои интернетӣ) баёни афкори носолим ифода мегардад, ки он воқеъан нигаронкунанда ва ингуна сӯиистифода кардан аз озодии баён дар минбари тавлидкунандаи афкори омма назди қонунгузории кишвар бо дарназардошти оқибатҳои таҳрифкории воқеъият посухталаб мебошад."

Дар баробари ин, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе аз тамоми раҳбарони расонаҳо ва гардонанагони сойтҳои интернетӣ хостааст, ки усули озодии баёнро риъоят кунанд ва ба ончи "махлутшавии (шояд мухталшавии) фазои иттилоъотӣ" меномад, роҳ надиҳанд. Вай ҳамчунин ба муштариёни сойтҳои интернетӣ тавсия кардааст, ки иттилоъоти дақиқ дар бораи фаъолияти мақомоти шарҳдориро аз сойти шаҳрдории Душанбе дарёфт кунанд.

Вай ҳамчунин иттилоъотеро дар ин бора ироа дода ва аз ҷумла овардааст, ки дар соли ҷорӣ шаҳрдорӣ маблағи 20 милюн сомонӣ ба унвони вомҳои бебаҳра ба ширкати "Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе" ихтисос додааст.

Оқои Саидов меафзояд: "Аз маблағҳои мазкур 12 млн сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 млн сомонӣ барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт масраф шудааст."

Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ин тадобир барои дар сатҳи пойинтар нигоҳ доштани қиматҳои маводди мавриди ниёзи аввалияи мардум муассир буда ва аз ҷумла нархи гӯшт пойинтар рафтааст. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз мардум мегӯянд тайи рӯзҳои ахир қиматҳои маводди ғизоӣ, бавижа гӯшт ва орд, дар бозорҳои Душанбе ба таври қобили мулоҳизае боло рафтааст.

Ба гуфтаи соҳибназарон, болоравии қиматҳо дар пайи афзоиши нархи бензини воридотӣ аз Русия ва ҳамчунин, ба таври чашмгире пойин рафтани баҳои сомонӣ, пули миллӣ, дар баробари дулор дар ҳафтаҳои ахир, сурат мегирад ва талошҳои мақомот барои маҳор кардани ин раванд муассир нахоҳад буд.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 16.05.2011 08:24
Бале! Хакикатро шунидан талх аст. Шумо имруз ки сохиби курси хастед, фардо дар назди Худо чавоби раийатро хохед дод.
Сахобагон монанди шумо шахрдор буданд, аммо бо мардум буданд, аз холи онхо хабардор буданд. Як камбагал ба назди хукумат равад хечгох намегузорад ба назди шумо хозир шаванд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854