14:41:13 06-уми Июни 2025 сол

ЭШОНИ СИРОҶИДДИН: “МАН САЛАФӢ НАБУДАМ”

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки дар оғози соли 2010 ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳоло дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Киромиддин Абдураҳмонови 21-сола, писари Эшони Сироҷиддин, низ ба иттиҳоми мушобеҳи падараш ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда ва ҳамроҳи ӯ дар зиндон аст. Ҳамкори мо ҳангоми боздид аз зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе бо Эшони Сироҷиддин ҳам дидор ва гуфтугӯ анҷом додааст.

eshoni-sirojiddin_7222.jpgЭшони Сироҷиддин: - Ман ҳаргиз салафӣ набудам. Як умр дар мазҳаби Имоми Аъзам хидмат кардаам. Умед дорам ва шабу рӯз дуо мекунам, ки авф эълон кунанд, то фарзандон берун бароянд. Агар ҳазор бор ҳам маро пурсанд, мегӯям, ки ватанамро дӯст медорам. Фаразанди ин ватан ҳастам. Боз мехоҳам ба ватанам хидмат кунам. Ягон бор хиёнат накардаам ва намекунам ва нияти хиёнатро ҳам надорам.

-Ба он айбе, ки шуморо маҳкум ба зиндон карданд, то куҷо розиед?

-Ман сазовори ин айб нестам. Ман ҳанафимазҳабам.

-Дар куҷо таҳсил кардаед?

-Дар дохили кишвар таҳсил кардам. Ба хориҷа нарафтам. Ман боз мегӯям, ки ҳамин ватанро дӯст медорам ва мехоҳам хидмат бикунам. Бовар кунед, мо гурӯҳ нестем. Мо ягон ҷамъият нестем. Ин дурӯғ аст, ки салафияро гурӯҳ мегӯянд. Дар ҳамин ҷо ҳам эълон мекунам, ки мо ҳама бародар ҳастем. Мо нияти тафриқаандозӣ надорем.

-Пас, вуҷуди “Салафия”-ро дар Тоҷикистон таъйид намекунед?

eshoni-sirojiddin_7111.jpg-Ман инро тасдиқ намекунам. Ман ҳамаро як хел дӯст медорам. Нахоҳед аз маҳбусон пурсед. Онҳоро маро Эшони Сироҷиддин мегӯянд ва ҳамаи онҳоро ба як чашм мебинам ва дӯст медорам. Дасти пасттарин одами ин ҷоро мегирам ва мегӯям, ки дар пушти дар модарат интизор аст.

Ту бояд берун бароӣ. Ту набояд гуноҳе куниву дар зиндон бинишинӣ. Шабҳо хобам намебарад. Фарзандам дар пешам аст. Ҳамин қадар умед дорам, ки майлаш ман, бигузор фарзандамро озод кунанд.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 06.06.2011 15:02
eshon harchand ki dar zindoniash kardand boz ham az salafiho difo mekunad man namedonam salafi hast yo nest ammo megam ki naboyad az in salafihoyi ifrot gar difo kard chun ino khayro kasiro namikhon allon shumo yak nazzar ba kishvari bahrayn kuned har baloyi ki bar sarashon ovardand hamon salafiyon ovardand ammo inro bidoned ki ssalafiho az vahobiho hech farq nadorand hardu az yak chashma ob menushand
 
 
0 #1 Guest 06.06.2011 10:41
Boboi Esho Alloh shumora nigah dora mo duo gui shumo astem
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854