00:45:47 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось

ҲИMМАТИ МАРДЕ ДАР СОХТАНИ БАРНОМАИ ҶАДИДИ КОМПЮТЕРӢ

Як пажӯҳигари эронии муқими Тоҷикистон аз сари ҳиммат ва аз будиҷаи худ як барномаи компютерие таҳия кардааст, ки матни сириликро ба хатти форсӣ бармегардонад.

a.behruziyon_1.jpgАбдураҳими Беҳрӯзиён – раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсии сафорати Эрон дар Тоҷикистон як барномаи компютерие таҳия кардааст, ки бо истифода аз он метавон матни форсии сирилики тоҷикиро ба хатти форсӣ баргардонд. Оқои Беҳрӯзиён мегӯяд, ин барнома қудрате дорад, садҳо сафҳаи матни форсии сирилик (хатте, ки  дар Тоҷикистон роиҷ аст)-ро дар фосилаи камтар аз як дақиқа ба хатти форсӣ баргардонад.

Ин донишманд мегӯяд, ҳангоме ки барои донишомӯзӣ дар риштаи забону адаби форсӣ ба Тоҷикистон омадааст, дар амри баргардони китобҳои форсии сирилики Тоҷикистон ба алифбои форсӣ, зарурати як барномаи компютерии баргардони хатро эҳсос кардааст. Зеро барои баргардони як китоби 200-300 сафҳагӣ ба сурати дастӣ 3-4 моҳ муҳлат лозим аст. Беҳрӯзиён ба хулосае расидааст, ки ин корро мешавад ба мошин вогузор кард. Ва ӯ, пеш аз ҳама ба омӯзиши корҳои барномарезии компютерӣ пардохтааст, ки барои ин кор ду сол заҳмат кашидааст. Танҳо пас аз ин, ба омӯзиш, таҳия ва тадвини барномаи баргардони компютерӣ шурӯъ кардааст.

Ҷаноби Беҳрӯзиён, то ин ки ба кори таҳияи барнома бирасад, роҳи мушкилеро тай кардааст. Вай мегӯяд: «Ростӣ, риёзиёт воқеан зиндагиро барои инсонҳо осон мекунад. Дар улуми инсонӣ ҳам риёзиёт хеле корҳоро анҷом медиҳад. Бинобар ин, агар мо дар ҳар бахши зиндагӣ аз формулаҳои риёзӣ истифода барем, зиндагиамон хеле пешрав мешавад. Биноан, ман қотеона аз пайи тасмими гирифтаам равон шудам. Ва бо ҳар мусибате, ки буд, формулашро ҳам пайдо кардам ва нишастам барномаашро ҳам навиштам, ки ба сурати як барномаи риковерӣ ҳаст. То ин ки барнома ба як нармафзор табдил шуд, ҳудуди ҳафт сол вақт гирифт».

Оқои Беҳрӯзиён мегӯяд, чунин барномаҳо хеле дақиқанд ва агар як ҳарфаш ноҷо биуфтад, ҳамаи барнома ба ҳам мерезад. Биноан дар таҳияи он дастикам 30 ҳазор мадхал истифода шудааст ва ҳудуди 50-60 ҳазор калимаро пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, барномаи баргардон ба сурате сохта шуда, ки агар калимоти ҷадиде дар забони Тоҷикистон ворид бишавад, ин барнома онро мешиносад ва баргардон мекунад. Яке аз масоили дигари муҳим ин аст, ки бояд матни сирилик ғалат набошад. Зеро ин барнома матни ғалати сириликро хеле хуб ифшо мекунад, бинобар ин мешавад ин барномаро барои ғалатёбии матни сирилик низ истифода кард.   

Абдураҳими Беҳрӯзиён мегӯяд, ин барнома таи як сол аст таҳия шудааст ва ҳама созмонҳои иронии муқими Тоҷикистон ва ҳамчунин бархе аз мардуми тоҷик онро истифода мекунанд, вале мо онро ҳанӯз таблиғ ё реклом накардаем. Вай мегӯяд: «Дар аввал ман эҳсос мекардам, ки ин кор метавонад заминае бошад барои иртиботи байни мардуми форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон. Вале имрӯз мебинам, ки ин барнома барои ошноии бештари мардуми форсизабони сириликхону форсихон чи қадар ёрӣ расонда метавонад».

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадсидиқи Комил – як пажӯҳишгари тоҷик, ки аз ин барнома истифода мекунад, дар робита гуфт: «Тавассути ин баргардон мо метавонем, тамоми осоре, ки ба хатти сирилик ҳаст, ба олам пешкаш кунем ва хонандагони форсизабон аз кори доираҳои фарҳангии мо огоҳ шаванд. Агар ин барнома ба шакли дигар, яъне аз хатти форсӣ ба кирилӣ ҳам бошад, барои мардуми мо хеле муфид аст, ки ба воситаи он аз адабиёти ғании худ огоҳ мешавем».   

a.behruziyon_2.jpgМавриди ёдоварист, ки ҷаноби Абдураҳими Беҳрӯзиён худ мутахассиси риштаи забонҳои бостонии Ирон аст ва дар Тоҷикистон таҳти раҳбарии профессор Додхудо Саймуддинов ба таҳқиқоти илмӣ машғул аст. Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Беҳрӯзиён мегӯяд, ҳоло дар сари барномаи баргардон аз хатти форсӣ ба сирилик кор мекунад, вале ин барнома дар муқоиса ба барномаи баргардон аз сирилик ба далели хислати алифбои форсӣ хеле мушкилтар аст. Ин  барнома ҳам дар ҳудуди 60 дарсад омода шудааст, вале ҳоло ниёз ба он дорад, ки барояш ҳарчи бештар матни озмоишӣ дода бишавад, то садҳо матнро баргардон кунад ва мо иштибоҳотро ислоҳ кунем, то ин бирасад ба марзи 95-96 дарсад барномаи корӣ.

Табиист, ки чунин як барнома ба ҳайси як пружа сарфу харҷи зиёд дорад ва гузашта аз ин, ба пуштибонӣ ва соҳибият аз тарафи як созмони бузург, кишваре ё давлате ниёз дорад, чун ҳар барномаи компютерӣ дар сатҳи ҷаҳон соҳиб дорад, тарғиб мешавад ва саранҷом қуфлу калид низ дорад. Аммо ҷойи тассуф аст, ки ин барнома, бо вуҷуди чунин арзиш ва муҳимм буданаш аз сӯйи созмоне, кишваре ё ҳукумате ҳимоятгар наёфтааст. Агарчи оқои Беҳрӯзиён бо ҳазинаи худ бахши аввали ин барномаро ба шакли нармафзор даровардааст, вале ӯ мегӯяд, ин кам аст. Зеро барои тавзеҳи фаровони он ба муштариён, аввалан он бояд ба шакли нармафзори сатҳи байналмилалӣ дароварда шавад, ки барои ин кор боз ҳам ҳазина ва муҳиммтараш ҳимояти ҳукуматӣ лозим аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Беҳрӯзиён, сафири кишвари Эрон, ройзании фарҳангии ин кишвар дар Тоҷикистон барои пуштибонии ин барнома талошҳое ба харҷ додаанд, аммо то ҳанӯз дар ин замина иқдоме сурат нагирифтааст. Воқеият ин аст, ки қисми аввали ин барнома, ки хатти сириликро ба форсӣ бармегардонад, пеш аз ҳама барои мо мардуми Тоҷикистон хеле корсоз аст. Зеро мо ба алифбойи тоҷикӣ сайти кам дорем, вале ба хатти форсӣ миллиюнҳо сайт роҳандозӣ шудааст, ки ба он сайтҳо ворид шудани хабару гузориш ва ҳар гуна иттилоот дар бораи кишвари мо ба нафъи мардум ва давлати мо хоҳад буд. Ҳоло, ки як қисме аз бачаҳои кишвари мо ба сохтани барнома ва сайтҳои интернетӣ машғуланд, бо истифода аз ин барнома метавонанд маводди зиёди адабӣ, фарҳангӣ ва иттилоотиро ба интернет ворид кунанд.

Зеро бахши аъзами мардуми форсизабон бо алифбои сирилик ошно нестанд ва аз адабу фарҳанг ва ахбори Тоҷикистон огоҳии дуруст надоранд. Ба назарам, агар сайтҳои тоҷикии мо ҳам дар гӯшае аз хабаргузориҳояшон даричаи хатти форсӣ барои пахши ахбори Тоҷикистон боз кунанд, шумораи хонандагонашон бамаротиб афзоиш пайдо мекунад. Бо ин ҳама, Абдураҳими Беҳрӯзиён – ин марди хайрхоҳ ва фарҳангдӯсти донишвар ба ин бовар аст, ки рӯзе созмоне, кишваре ё ҳукумате ин барномаро соҳибӣ ва ба ҷаҳон пахш мекунад. Аммо ӯ ҷонибдор аст, ки  бо ин ҳама заҳмате, ки кашидааст, ин барнома ба мардум ба таври ройгон расонда бишавад.

Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА



Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 19.06.2011 14:13
Гар Эрон набошад тани ман мабод ё тан сухта бод,
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.

Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
 
 
0 #4 Guest 12.06.2011 17:21
Хайр дар кучост хаму барномаи сохтагиш б гаранг шудем аз кофтана е ин факат таърифи дуруг буд?
 
 
0 #3 Guest 11.06.2011 18:34
Salom kormandoni somonai ruzgor.Tashakku r ba Shumo,ki in korro baroi mo muarifi karded.Man az kujo in narmafzorro paydo kunam iltimos dar imelam ba man posukh dihed.Qablan az Shumo tashakkur mekunam .Va az oqoi Behruziyon ham tashakkur mekunam baroi in kori khayrash.
 
 
0 #2 Guest 10.06.2011 17:52
Офарин огои Бехрузиён, ахсан бар Шумо зинда бошед. Кори хайреро анчом додаед
 
 
0 #1 Guest 10.06.2011 16:38
Bo arzi salom masuli somonai Ruzgor. Az shumo darxost doshtam ki banda ba in barnoma az kujo metavonam dastrasi paydo kunam? Xohishmandam ba in jonib kumak namoed
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi