00:55:52 03-уми Июни 2025 сол

ИҶОЗАИ ТАЪЛИМИ ДИНИИ КӮДАКОН ДАР ТОБИСТОН

Кӯдакони болиғ аз 7-сола иҷоза ёфтаанд, дар таътилоти се моҳаи тобистонӣ дар масоҷиди ҷомеъ таълимоти исломӣ бигиранд. Ин тасмимро Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гирифтааст. Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, дар пайи дархости волидон иҷоза шудааст, ки мударрисони расмӣ ба кӯдаконашон дар вақти таътили тобистона аркони исломро биомӯзанд:

masjid_dushanbe4444.jpg«Аъзои Шӯрои уламои маркази исломӣ дар як раъй омадем, ки бигзор фарзандон дар кӯча беҳуда нагарданд, омада дар масҷидҳои расмӣ, дар пеши муллоҳои расмӣ илм омӯзанд, то замони оғози дарсҳояшон дар мактабҳои дунявӣ. Расман иҷозат дода шуд. Шумораи муҳассилон маҳдуд нест, бигзор як нафар, 10 ё 100 нафар бошанд, биёянд ҳамроҳи адарашон ё бародарашон, омӯзиш бигиранд. Ҳамроҳ бо падарашон ба он хотир, ки дар роҳу кӯчаҳо танҳо намонанд, ба хотири таъмини бехатарии худи кӯдакон…»

Иҷозаи расмии Шӯрои уламо барои таълими динии семоҳаи кӯдакону наврасон дар назди мударрисон бо истиқболи гарми бархе аз волидон мувоҷеҳ шуда, коршиносон онро нишонаи ба истилоҳ, «нармшавӣ»-и бархӯрди ҳукумат ба масоили мазҳабию таълимоти динӣ унвон карданд.

Тасмими Маркази исломӣ ба Қонуни волидайн мухолиф нест?

Аммо гурӯҳе аз волидон бо таваҷҷӯҳ ба қонуни ахиран ба тасвибрасидаи «масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд», ки вуруди кӯдакони то 18-сола ба масоҷид ва таълимоти динии онҳоро манъ мекунад, аз он изҳори ташвиш карданд, ки ин тасмими Шӯрои уламо метавонад ба қонуни мазкур муғойират кунад ва боиси ба муҷозот кашидани волидон гардад.

Ҳанифаи Юсуф, модари се фарзанд аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Ин хеле хуб аст, ки муваққатан ҳам бошад, мо метавонем фарзандони хурдсоли худро барои гирифтани таълими исломӣ равон кунем ба масҷидҳо. Мо ки бандаи мусулмонем, донистани намозу рӯза ва дигар фаризаҳои динӣ хеле муҳим аст. Лекин аз он метарсам, ки мабодо падару модареро, ки фарзандашонро дар вақти каникули тобистона барои гирифтани дарси исломӣ мефиристанд, битқи қонуни нав боз ҷарима накунанд. Чандин домуллоҳо ва ҳатто занҳои мударрисро барои дарси динӣ додан ё падару модаронро барои рафтани бачаҳояшон ба масҷидҳо ва назди домуллоҳо ҷавобгар карданд…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки аллакай дар мадрасаи мутавасситаи шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин гурӯҳи кӯдакони синни мактабӣ ба омӯзиши забони арабӣ ва рукнҳои ислом оғоз кардааст.

Оё се моҳ барои омӯзиши динӣ кофист?

Яке аз мударрисони ҷавони ин гурӯҳи кӯдакон мегӯяд, ҳадаф аз гирд овардани кӯдакони мазкур машғул доштани онҳо мебошад, то вақти холи худро на дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳо, балки дар омӯзиши дину мазҳаб сарф намоянд:

«Ҳоло тақрибан 15-20 кӯдак омадаанд барои таҳсил. Ин кӯдакон дар марҳилаи якуми омӯзиш қарор доранд. Тарзи дурусти қироат, хондани намоз, рӯзадорӣ ва дигар рукнҳо ва фаризаҳои исломро меомӯзем. Мақсадамон ин аст, ки ҳамин кӯдакон, азбаски машғулиятҳои дигари шоиста дар замони таътил дошта наметавонанд, ақаллан аз илми динӣ баҳравар шаванд. Агар кӯдак бекор монаду биравад ба бозор, покутфурӯшӣ кунад ё дигар тиҷорати хурд, дигар фикри таҳсилу донишандӯзӣ аз сараш дур мешавад…»

Вале аз Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон, пурсидам, ки то куҷо мӯҳлати се моҳ кофист, то як кӯдак таълими комили исломӣ бигирад?

Вай дар посух гуфт: «Албатта кофӣ ҳаст. Дар ин сад рӯз онҳо агар бо шавқ омӯзиш бигиранд, дунёро аз худ карда метавонанд. Баъдан, ки дар мактаб дарсашон сар шавад, мераванд ба мактаб. Аммо дар ин ҷо онҳо таълими ибтидоии диниро хоҳанд гирифт, ба монанди курси тайёрӣ. Аз илму адаб, аз ислом, аз таърихи мазҳаб бохабар мешаванд. Тамоми масҷидҳои ҷомеъи Тоҷикистон ҳамин хел иҷозат гирифтаанд, ки курсҳои махсуси мавсимиро барои фарогирии кӯдакон ба таълими исломӣ ташкил кунанд. Касе дар Хатлонзамин зиндагӣ мекунад, метавонад биёранд фарзандонашро аз бекор гаштана, дар масҷидҳои ҷомеъ илму адаб биомӯзанд, маърифатнокиашонро мукаммал кунанд…»

Аммо муовини раиси Макази исломии Тоҷикистон таъкид кард, ки таълими мавсимии динӣ дар масҷидҳои ҷомеъ барои ҷавонони то 18-сола ҳуқуқи адои намоз дар масҷидҳоро намедиҳад. Зеро тибқи қонуни нави масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, падару модар бояд аз равуои фарзандони ноболиғи худ ба муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо ҷилавгирӣ намоянд.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.06.2011 21:13
анна он чизе Ки Инхо аз Мо мехоханд ! хонед : цель-привлечь молодежь на борьбу с ВИЧ/СПИД-Якобы- через танцы, (ну Тупые) или нет подожди, они хотят чтоб МЫ были таковыми как они (нет ошиблись Вы голубые )
Генер- дирек-«Dance4Li fe» Александр Симаков.
Офиц-представ-в Таджик-Молодеж- сообще-«ОСМОН».
вклад в защиту здоровья молодежи и борьбы с ВИЧ-инфекцией Якобы .

Впервые в Таджикистане, 2 июля, в конференц-зале бизнес-центра «Vefa Center» пройдет благотворительн ый шоу-концерт «
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854