12:02:13 06-уми Июни 2025 сол

МИЗОНИ ФАСОД ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗУДААСТ

Мизони фасод ва ришва дар ҷомеаи Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир аз се то чаҳор маротиба боло рафтааст. Ин натиҷаи муқаддамотии як назарсанҷӣ ва ё омӯзиши афкори умум дар робита ба сатҳи фасод дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур ва бо мусоидати молии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

ФАСОД-ОМИЛИ ХАТАР БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

korrupsia-252212.jpgСӯҳроб Шарифов-мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки фасод ва ришват ҳамоно ба ҳайси як омили хатар ва таҳдид ба амнияти миллӣ боқӣ мондааст. Ба гуфтаи оқои Шарифов, тадқиқоти доиркардаи онҳо ба чунин  натиҷа расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2006, мизони миёна ва ё ҳаҷми миёнаи маблағҳои сарфшуда барои ришват ва фасод аз 480 сомонӣ  то ба 1800 боло рафтааст.

Сӯҳроб Шарифов гуфт, қиёси вазъи имрӯза бо соли 2006  ба он хотир аст, ки ҳамин гуна тадқиқот дар он сол низ ба анҷом расонида шуда буд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҷараёни роҳандозии тадқиқоти мазкур, ки тӯли ним сол идома доштааст, беш аз се ҳазор аз атбои  тоҷик, ки дараҷаи тахассус ва сатҳи донишашон  мухталиф аст, пурсида шудаанд.

Оқои Шарифов афзуд, ба ин пурсиш афроди аз 18 сола боло, намояндагони касбу кори гуногун ва занону мардон посух додаанд. Аз он, ки номҳои афроди пурсидашуда мастур аст ва саволҳо низ ба таври пӯшида матраҳ шудаанд, ҷавобдиҳандагон бидуни  ибо посух додаанд. Ва аз ин ҷиҳат афзуд оқои Шарифов, натиҷаи ин тадқиқот воқеияти имрӯзаи Тоҷикистонро дар робита ба мизони фасод инъикос кардааст.

МИЗОНИ ФАСОД БОЗ ҲАМ АФЗУДААСТ

Аммо бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бар натиҷаи холисонаи пажӯҳиши мазкур тардид доранд. Амнияти Абдулназар- таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ як ниҳоди вобаста ба давлат аст ва аз ин рӯ наметавонад мизони фасод ва ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатиро, ки ҳамасола вусъат пайдо мекунад ошкор созад.

Аз ин рӯ беҳтар буд, ки ба ин кор созмонҳои иҷтимоӣ ва ё ғайридавлатӣ ҷалб шаванд. Вале бо вуҷуди ин,  назарсанҷии омма бозгӯӣ аз он дорад, ки сатҳи фасод ба ҷойи он, ки коҳиш биёбад, боло рафтааст. Ҳоҷимуҳамммад Умаров-иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ки чунин раванд дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки низоми тоталитарӣ ҷорӣ аст, авҷ мегирад.

ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ 10 КИШВАРИ ФАСОДЗАДАИ ДУНЁ?

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои шаффофияти ҳарчи бештар дар амри гузаронидани ин тадқиқот, аз шева ва усулҳои мавриди истифодаи  Cозмони байнулмилалии Шаффофият ё Тransparency International ё низ истифода карданд.

Вай гуфт қарор аст дар 26-ум моҳи ҷорӣ маросими муаррифии ин барнома сурат бигирад, вале дар ҳоли ҳозир Маркази мазкур бо Созмони амният ва  ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон  дар робита ба вазъи  фасод дар ҷомеаи ин кишвар пажӯҳиши тозаеро  рӯи даст гирифтааст. Бо ин ҳама Тоҷикистон бар пояи арзёбии созмони "Тrancparency International" тайи чанд соли ахир дар шумори даҳ кишвари фасодзадаи олам мақом дорад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 10.07.2011 03:17
voqe'an saru kallai fasodi jahon dar Tojikiston shuru' meshavad va xandaovar ast, ki da'voi kishavari peshrafta ham mekunad.
 
 
0 #1 Guest 03.07.2011 19:30
Точикистон зурай, фораш фасода зиёд мекунад, фораш бензина фораш хама чиза. так что дахум не якум бояд боша... :lol:
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854