ТАВОФУҚИ НИҲОӢ ДАР БОРАИ ТАРМИМИ НИҲОИИ ТУНЕЛИ “ИСТИҚЛОЛ”
Тоҷикистон ва Эрон барои тармими ниҳоии тунели “Истиқлол” сармояи лозим тахсис додаанд. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манобеъи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар мегӯяд, ки моҳе қабл як ҳайъати эронӣ ба манзури ниҳойӣ кардани ин мавзӯъ ба шаҳри Душанбе омада буд ва ҷонибҳо дар бораи ин ки барои анҷоми ин тарҳ ҳар ду ҷониб 3 милюндулорӣ тахсис мекунанд, ба тавофуқ расиданд.
Қаблан, ҷониби Эрон гуфта буд, ки бар асоси тавофуқоти миёни ин ду кишвар ҷониби Тоҷикистон бояд умури сохмонӣ дар ин тунелро анҷом диҳад. Ба гуфтаи Вазорати нақлиёт акнун қарор аст, дар аввали моҳи оянда ширкати эронии “Собир” корҳои тармиму бозсозиро дар тунели “Истиқлол” шурӯъ кунад.
Абдумаҷид Шарифов, раиси Раёсати сохтмони роҳҳо ва хоҷагии роҳҳои ин вазорат, рӯзи душанбеи 25 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи арзёбии муқаддамотӣ корҳои тармиму бозсозӣ дар ин пружа то охири соли ҷорӣ идома ёфта ва дар ин муддат ҳаракати васоили нақлия аз тариқи тунели “Истиқлол” мутаваққиф хоҳад шуд.
Ӯ таъкид кард, дар муддати ҳудуди 5 моҳи оянда рафту омади васоили нақлия дар масири Душанбе-Хуҷанд аз тариқи ағба ё гарданаи Анзоб, воқеъ дар иртифоъи 4 ҳазор метр аз сатҳи дарё сурат мегирад. Зимнан, дар моҳи сентябри соли 2008 низ, тунели “Истиқлол” ба далели корҳои тармиму бозсозӣ барои ду моҳ баста шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, тармиму бозсозии ниҳоии тунели “Истиқлол” ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар анҷом шуда ва Тоҷикистон аз ҷониби Эрон хостааст, то тарҳи мушаххаси корҳои тармимро пешниҳод кунад.
Ба гуфтаи оқои Наҷмиддинов, аз замони ифтитоҳи расмӣ дар соли 2005 то ба ҳол тунели “Истиқлол” борҳо тармим шуда, аммо навоқиси ин пружа, бахусус, резиши об дар дохили тунел ислоҳ нашудааст. Гуфта мешавад, пас аз анҷоми корҳои тармиму бозсозии тунел ширкати “Фароб”-и Эрон системи рӯшноӣ, оташнишонӣ ва тасфияи ҳаворо насб хоҳад кард.
Ба гуфтаи масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон, ба ин манзур 5 милюн дулор тахсис шуда ва таҷҳизоти зарурии фаннӣ аз ҷониби ин ширкат харидорӣ ва ба маҳалли кор интиқол дода шудааст.
Сохтмони тунели “Истиқлол” дар авоили соли 2004 аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл”-и Эрон шурӯъ шуда ва дар соли 2005 бо ширкати руасои ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуда буд. Ҳазинаи ин тарҳ 39 милюн дулор буда ва ҷониби Эрон 29 милюн дулорро ба унвони бидеҳӣ ва 10 милюн дулори дигарро ба ҳайси кумаки билоиваз тахсис додааст.
Би-Би-Си