“БОЗОРИ ФАСОД ДАР ТОҶИКИСТОН РУШДИ УСТУВОР ДОРАД”
Пажӯҳише тоза ҳокист, ки бо вуҷуди таъсиси Ожонси мубориза бо фасод дар соли 2006 дар Тоҷикистон мушкили фасод дар ин кишвар печидатар шудааст. Мавзӯъи густариши фасод дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26 июл дар маросими муъаррифии натоиҷи пажӯҳиши дувуми Маркази мутолеъоти истротежик, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, дар заминаи фасод баррасӣ шуд.
Пажӯҳиши мавсум ба “Фасод дар Тоҷикистон: Назари мардум” ҳокӣ аз он аст, ки мардуми ин кишвар сатҳи фасодро дар муқоиса бо панҷ сол қабл “хеле болотар” арзёбӣ мекунанд. Тақрибан ними ҷомеъаи кишвар, бар асоси ин пажӯҳиш, ин падидаро амре маъмулӣ меҳисобанд, ки бо он наметавон мубориза кард. Ин пажӯҳиш ҳамчунин нишон медиҳад, ки мизони мутавассити “ришвахорӣ” дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон се баробар афзудааст.
Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: “Агар дар соли 2005 мизони мутавассити ришва 620 сомонӣ буд, ҳоло ин рақам ба 1800 сомонӣ расидааст. Ин милёрдҳо сомонӣ аст, ки берун аз буҷет, аз ҷайб ба ҷайб мегузарад. Ин пул боз як буҷети ҷудогона аст!”
Бар асоси пажӯҳиши Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, ними ҷомеъаи ин кишвар бовар доранд, ки мақомот ришвахур ҳастанд ва 65 дарсади мардум ҷавоб додаанд, ки сабаби фасод моҳонаҳои поён аст. Оқои Шарипов дар ҷараёни суханронии худ дар маросими муъаррифии натоиҷи ин пажӯҳиш гуфт, ки аксари афроде, ки ба муассисаҳои давлатӣ барои кор истихдом мешаванд, “ба фикри дарёфти ғайриқонунии пул ҳастанд, то ба фикри кори давлат ва ободии соҳа.”
“Мо бозори фасод дорем, бозор харидор дорад”
Натоиҷи пажӯҳиши “”Фасод дар Тоҷикистон: Назари мардум”-ро Абдулвоҳид Шамолов, раҳбари гурӯҳи пажӯҳишӣ, муъаррифӣ кард. Вай гуфт, ки панҷ муассисаи беш аз ҳама фасодзада, ба бовари мардуми Тоҷикистон, ин “пулиси роҳ, бемористонҳо, донишгоҳҳо, ожонси мубориза бо фасод ва пулис” будааст.
Ба гуфтаи ӯ, 21 дарсади посухдиҳандагон дар назарсанҷии онҳо ожонси мубориза бо фасодро фасодзадатарин ниҳод унвон кардаанд. Дар ҳоле ки ин ожонс панҷ сол қабл таъсис шудааст, аммо пажӯҳиши тоза ҳокист, ки пас аз таъсиси ин ниҳод фасод камтар не, балки бештар шудааст.
Гуфта мешавад аҳаммияти вижаи пажӯҳиши мазкур он аст, ки он нисбат ба пажӯҳиши мушобеҳи ин ниҳод дар соли 2005 равандҳо ва гароишҳоро беҳтар ошкор кардааст. Оқои Шарипов бо такя ба ин пажӯҳишҳо гуфт, ки бозори фасод танҳо бозори дар ҳоли рушди собит ва устувор дар Тоҷикистон аст.
Барои мисол, вай гуфт, ки болотарин қимати ришва дар бахши тақсимоти замин ба мушоҳида мерасад ва ба гуфтаи мардум, дарёфти “кумак” барои тахсиси қитаъоти замин дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон даҳ маротиба афзудааст.
Зеҳнияти “суннатӣ” боъиси фасодкорӣ
Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар поёни пажӯҳиши худ ба давлати Тоҷикистон тавсияҳое дар заминаи мубориза бо фасод ироа кардааст. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки давлат бояд дар ин замина “иродаи қотеъи сиёсӣ” нишон бидиҳад ва дар ин замина коршиносон пайравӣ аз мудели мубориза бо фасоди кишварҳои Ҳон Конг ва Сингапурро барои Тоҷикистон муфид донистаанд.
Вижагии мудели мубориза бо фасоди Сингапур иборат аз ин аст, ки давлати он кишвар ҷазо барои фасодро сахттар карда ва моҳонаҳои мақомотро болотар бурдааст. Аммо бархе аз коршиносони хориҷӣ, ки дар ҷаласаи муъаррифии натоиҷи пажӯҳиш ширкат доштанд, ин саволро матраҳ кардаанд, ки чаро Тоҷикистон, ки системи қазоию ҳуқуқияш системи романо-германӣ аст, бояд ба кишваре тақлид кунад, ки системи қонунгузории англо-саксонӣ дорад.
Абдулвоҳид Шамолов, раҳбари гурӯҳи пажуҳишӣ, дар посух ба ин савол гуфт, ки ба ин хотир, мудели Ҳонг Конг ва Сингапур барои Тоҷикистон бештар мувофиқ аст, ки зеҳнияти ҷомеъаи тоҷикӣ бо зеҳнияти мардуми ин кишварҳо наздиктар аст.
Оқои Шамолов гуфт: “Ҷомеъаи мо урупоӣ нест. Ҷомеъаи маданӣ дар мо ҳанӯз рушд накардааст. Тасаввур кунед, агар олмоние раиси шаҳр шаваду дархости бародарашро дар бораи ба кор гирифтани ӯ рад кунад, мушкиле нест, аммо агар ба ҷойи ин олмонӣ як тоҷик раис шаваду ба бародараш не гӯяд, ду авлод барои ҳамеша ҷанг мешаванд.”
Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар феҳристи созмони Шаффофияти Байналмилалӣ дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар заминаи мубориза бо фасод ҷойи 154-умро касб кардааст. Дар соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи таъсиси Девони муҳосиботро ба тасвиб расонд, ки гуфта мешавад оғози фаъолияти он дар соли оянда метавонад дар мубориза бо фасоди молӣ дар сутуҳи давлатӣ муассир бошад.
Гуфта мешавад бо таъсиси ин ниҳоди ҷадиди нозир бар амалиётҳои молии ниҳодҳои давлатӣ бархе аз салоҳиятҳои ожонси мубориза бо фасод коста мешавад. Бархеҳо ҳадс мезананд, ки ин ниҳод метавонад комилан аз байн биравад ва мубориза бо ҷароими марбут ба фасод, монанди панҷ сол қабл танҳо ҷузви салоҳиятҳои додситонӣ бошад.
Би-Би-Си