10:30:13 02-уми Июли 2025 сол

ПАНҶУМИН СОЛГАРД ВА МАРОСИМИ ХАТМИ ТАҲСИЛ

Дар театри шаҳри Хоруғ таҷлили панҷумин солгарди ба фаъолият оғоз кардани Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ва маросими хатми таҳсили хатмкунандагони барномаҳои шаҳодатномавӣ баргузор гардид.

/images/stories/2011/08/30_khorugh_30.8.2011.jpg

Дар ин маросим директори генералии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) Богдан Кравченко, раиси ВМКБ Қодири Қосим, намояндаи консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Хоруғ Зайнулобидини Обид ва дигар меҳмонони дохиливу хориҷӣ ширкат намуданд. Маросим бо суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, барои ҳозирин аз фаъолияти панҷсолаи ММКД филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд.

Раиси ВМКБ дар маърӯзааш доири ба роҳ мондани фаъолияти ДОМ бо ҷамъият миннатдории худро ба масъулини барномаи таълимии донишгоҳ баён намуда, қайд кард, ки барои мардуми Бадахшон дар остонаи ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми таҳсил ва панҷумин солгарди ММКД-и ДОМ як тӯҳфаи арзандае мебошад. Раиси вилоят инчунин илова намуд, ки соҳиби шаҳодатномаи ДОМ гардидани 28 нафар бародарони афғон василаи мустаҳками дӯстиву бародарии ду давлати ҳамҷавор - Тоҷикистону Афғонистон мебошад.

Котиби аввали консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Хоруғ Зайнулобидини Обид   ба халқи Бадахшони ҳар ду соҳил мувафаққият орзӯ намуда, миннатдории худ ва мардуми афғонро ба директории генералии ДОМ ва раиси ВМКБ оиди пазируфтани донишомӯзони афғон дар Хоруғ баён намуд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум аз тарафи ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Аълоҳазрат Оғохон таъсис ёфтааст. Қарордоди байналмилалӣ ва низомномаи таъсисдиҳии ин донишгоҳи дунявӣ ва хусусӣ аз ҷониби Аълоҳазрат Оғохон, раисони Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расида, намояндагони парламентҳо онро ба тасвиб расонданд ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст.

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳ ҳамчун барномаи нахустини таълимӣ дар соли 2006 таъсис ёфт. Ин мактаб дар Осиёи Марказӣ аввалин муассисаи пешниҳодкунандаи барномаҳои касбӣ мебошад, ки омӯзиши ихтисосро бидуни берун шудан аз истеҳсолот  пешниҳод мекунад.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ маблағгузорӣ дар самти омӯзиш ва маориф дар тамоми мамолики Осиёи Марказӣ бо суръати тез поён афтод, вале дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди муассисоти нави таълимӣ оғоз гардид. ДОМ аввалин муассисаи таълимӣ дар ҷаҳон аст, ки дастурамали он тавассути ризоияти байналмиллалӣ устувор гардидааст.

Маҳаки асосии ДОМ ҳамбастагии рушди иқтисодӣҷтимоии Осиёи Марказӣ буда, ба ҳифзу ташаккули маданияти бой ва меъроси мардумӣ дар манотиқи кӯҳистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Чунон, ки президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон  қайд карда буд, «Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бояд маркази байналмиллалии илму маориф дар тамоми минтақа гардад. Гумон мекунам, ки чунин як донишгоҳи замонавӣ дар баландтарин минтақаи кишвари мо худ як таҷрибаи нодир дар таърихи таълиму тарбия дар олам аст.»

Яке аз хатмкунандагон ва иштирокчии ин маросим Насрат Мастибеков ҷавҳари асосии усули таълимро дар ММКД назорати пурра аз болои тарзи таълим ва санҷишу имтиҳонот медонад;

- Тафовути аслии таҳсил дар ММКД нисбати дигар донишгоҳҳои минтақа дар он аст, ки дар ин ҷо мо ҳар моҳ аз имтиҳон гузашта, натиҷаи баланди омузишро соҳиб мешавем. Вақти мо беҳуда сарф намешавад, зеро талабот хело баланд аст.

Мактаб дар тӯли панҷ соли охир  ба натоиҷи назаррас ноил гашта, дар минтақа  ҳамчун яке аз марказҳои таълимии баъдимактабӣ, ки тавассути  маълумоти кӯҳтомуддат барои ҷавонон ва калонсолон тахассуси касбиро  пешниҳод мекунад, ба шумор меравад.  Баъди таъсиси ММКД  дар моҳи октябри соли 2006 то ҳозир дар Тоҷикистон  зиёда аз 16 ҳазор донишҷӯ  ба омӯзиш фаро гирифта шуда, таҳсилро  хатм намуданд. Дар ин маросим 30 нафар донишомӯз аз Афғонистон, ки Барномаи маълумоти касбӣ-техникиро дар ММКД хатм намуданд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Илова бар ин, хатмкунандагони калонсол барномаи технологияи муҳосибиро, ки дар асоси стандарти ҷаҳонии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудааст, забони англисии дараҷаи дуввум ва сеюм барои коргузории расмӣ, ки тибқи Барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон тарҳрезӣ шудааст, барномаи амалигардонии саёҳати кӯҳӣ, барномаҳои касбӣ-техникӣ дар соҳаи сохтмон  ва барномаи  компютерии Академияи Майкрософтро хатм намуданд, соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд.

Др. Богдан Кравченко иброз намуд, ки ММКД дар Тоҷикистон аз оғози шурӯъ беист дар тӯли панҷ сол хеле рушд кард. Барномарезӣ ва омодасозии он пеш аз кушодани ММКД анҷом ёфт.

Пас аз анҷоми маросими тақдими шаҳодатномаҳо ва суханони ҷамъбастии директории генералии ДОМ доктор Богдан Кравченко барои хатмкунандагон ва иштироккунандагони маросим намоиши фарҳангӣ бо ширкати  ҳунармандони санъату мусиқии вилоят, Афғонистон ва Қирғизистон барпо гардид.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ