11:51:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶИЛАВГИРӢ АЗ ВУРУДИ ТО 18-СОЛАҲО БА НАМОЗИ ИДИ ФИТР

Маъмурони пулиси Тоҷикистон аз вуруди бархе наврасон ба масоҷиди ҷомеи марказӣ ҷилавгирӣ карданд. Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 31-уми август, дар ҳамаи масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон намози Иди Фитр баргузор шуд, вале ҳамчуноне ки мушоҳида гардид, бештари наврасон натавонистанд барои адои намози ид ба масоҷид роҳ ёбанд.

/images/stories/2011/08/31_milisa-tj_31.8.2011.jpgМаъмурони пулис, ки дар наздикии дарвозаи масоҷиди ҷомеъ меистоданд, аз вуруди афроди то 18-сола ба масоҷид ҷилавгирӣ карданд. Онҳо аз ҳар як навҷавоне, ки мехост, вориди масҷид бишавад, санад мепурсиданд.

Ҳарчанд маъмурони пулис ин амалкарди худро тавзеҳ надоданд, вале ин иқдом дар пайи ба иҷро даромадани Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд сурат мегирад. Ин қонун аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод ва аз тарафи вакилони порлумони кишвар дар оғози моҳи шарифи Рамазон тасвиб шуд, ки рафтани афроди то 18-сола ба масоҷидро манъ мекунад.

Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ аз иҷрои қонуни масъулияти волидайн интиқод кард ва гуфт, ин қонун набояд дар ин шакл мавриди иҷро қарор мегирифт. Вай афзуд, дар соатҳои дарсӣ навҷавонон бояд дар мактаб бошанд, вале дар рӯзҳое, ки таътил аст, набояд мақомот аз вуруди онҳо ба масоҷид ҷилавгирӣ кунанд.

Вале Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, ки дар масҷиди марказии пойтахт сӯҳбат мекард, гуфт, давлат барои адои фароизи динӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст.

Ду рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёми табрикотии худ бахшида ба Иди сайиди Фитр аз қабули қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам ёдоварӣ кард ва онро аз ҷумлаи “қонунҳои ҳаётан муҳим” донист. Ӯ афзуд, ин қонун бар асоси талаботи ҷомеаи озод ва пас аз муҳокимаи тӯлонӣ қабул шудааст, ки дар таҳия ва қабули он уламои ислом ҳам саҳм гирифтаанд.

“Моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қонуни масъулияти волидайн ба мавҷи интиқодҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст ва аз ҷумла ба далели маҳдудиятҳое, ки барои афроди ноболиғ дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ, бо шумули ширкат дар намозҳои ҷамоат дар масоҷид эҷод мекунад.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi