05:30:05 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САДАМАИ НАҚЛИЁТИЕ, КИ ДАР ОН МАСЪУЛИ ҲНИТ БА ШАҲОДАТ РАСИД, ЧӢ ГУНА БА ВУҚӮЪ ПАЙВАСТ?

Чуноне, ки қаблан хабар дода будем, субҳи рӯзи 3-уми сентябр, Сабзалӣ Шарифов, узви раёсати олии ҲНИТ бар асари як садамаи нақлиётӣ, дар ноҳияи Файзобод, ба шаҳодат расид. Номбурда дар ин сафар вакили ҲНИН, Сайидумар Ҳусайниро, ки бо ҳадафи вохӯрӣ бо мардум, ба ин ноҳия сафар карда буд, ҳамроҳӣ мекард.

/images/stories/2011/09/06_sabzali-sharifov_6.9.2011.jpgҲамзамон, баъзе аз иштирокчиён дар маросими намози ҷанозаи марҳум Сабзалӣ, фарзияҳои гуногунро бо ҳам радду бадал мекарданд, аз ҷумла  гуфтанд, ки ин садама ба хотири Сайидумар Ҳусайнӣ анҷом шудааст. Чун Ҳусайнӣ дар мавзеъгириҳои ахири худ нисбат ба чанд мавзӯъ, аз ҷумла суханронии ӯ дар рӯзи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби Парламент,  дар парлумон, хелеҳоро нороҳат карда буд ва…

Ин дар ҳолест, ки баъд аз адои намози ҷаноза, вақте Ҳусайнӣ бо чанд тан аз намозгузорон аз маркази ҲНИТ хориҷ мешуд, тафсилоти ҳодисаро чунин нақл кард: «Ин садамаи нақлиётӣ замоне рух дод, ки онҳо аз тарафи ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Ваҳдат ба мулоқоти мардуми ноҳияи Файзобод ҳаракат мекарданд. Дар роҳ, як «ҶИП», пеш-пеши онҳо ҳаракат мекард, ногоҳ дар васати роҳ таваққуфи онӣ (тормоз) намуд. Аз баски суръати мошин баланд буд, рафиқаш (Сабзалӣ) ба ронанда таъкид карда, гуфтааст, ки «ҶИП» манъ кард, эҳтиёт кун! Ронанда ночор ба  муқобили ҳаракати роҳ баромадааст. Дар ин ҳолат як автомашинаи «Корандо» омада ба мошини онҳо бархӯрдааст…».

Ҳамзамон аз Вазорати корҳои дохила ба мо хабар доданд:  «Рӯзи 3-уми сентябри соли 2011, тахминан соати 09.40 ронандаи автомашинаи тамғаи «АУДИ-А 6», рақами давлатиаш: АО 20-57 РТ 01, шаҳрванд Мирзоев Насим Иброҳимович, соли таваллудаш1982, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, деҳаи Чанор, бекор, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳия Файзобод ба самти шаҳри Ваҳдат дар километри 22  шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Карандон», рақами давлатиаш: А 91-09 РТ 04, ки ба шаҳрванд Давлатов Нозимбек Шарифбекович, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи ноҳия Дарвоз, деҳаи Ширг, бекор, таалуқ дорад, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «АУДИ-А 6», шаҳрванд, Шарифов Сабзалӣ соли таваллудаш1961, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, хонаи 17/1, ҳ. 25, раиси Шӯъбаи ҳизби наҳзати Ислом, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Боқимонда мусофирон: 1.Наҷмиддинов Файзулло  соли таваллудаш1964, истиқоматкунанди деҳаи Дубеда, ҷойи кор мудири бахши фарҳанг ва робитаи дастгоҳи раиси ноҳия (Файзобод), 2.Ҳусейнов Умаралӣ Фатоҳевич (Сайидумар Ҳусайнӣ), соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Гиссарский, хонаи 28, ҳӯҷраи 9, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Сабзалӣ Шарипов - 20- уми апрели соли 1961 дар деҳаи Боғчаи ноҳияи Ховалинг дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ таълимоти умумиро дар зодгоҳаш гирифта, баъди хатми мактаби миёна шомили Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки он замон мавсум ба номи Ленин буд, шуда онро бо ихтисоси иқтисодчӣ  хатм намуд. Ӯ таълимоти диниро дар назди Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва домулло Аҷик ва як қатор донишмандони дигар аз худ кардааст. Вай дар баробари таҳсил дар донишгоҳ марҳум Сабзалӣ ба омӯзиши улуми исломӣ низ машғул шуд. Вай  дар баробари таҳсили улуми динӣ ва дунявӣ ба як гурӯҳ аз ҷавонон улуми исломиро таълим медод.  Мавсуф, аз солҳои аввали таъсиси ҲНИТ ба ин ҳаракат пайваст ва яке аз аъзои фаъоли ин ҳизб буд.

Дар вақти маросими ҷаноза, ки аксар дӯстон ва ҳамсангарони ӯ дар борааш нақл мекарданд, ҳама аз Сабзалӣ ба некӣ ёд карда, қариб аксари онҳо дар як нуқта бо ҳам иттифоқи назар доштанд. Нуқтаи иштироки эшон он буд, ки марҳум Сабзалӣ  як мусалмони воқеӣ буд, ки тамоми аркони исломро дар ҳаёти худ ба ҷо оварда буд. Аз ҷумла дар ҳаёти худ бо дигар мусалмонон ҳиҷрат карда буд ва то дами марг барои эҳёи арзишҳои динӣ талош мекард. Инчунин дар ҳолати бо дунё видоъ гуфтан низ дар роҳи Худо буд. Чун вай барои ризоияти Ӯ таъоло ба мулоқот ва даъвати мардум сафар карда буд. Аз ин рӯ бо такя ба ояҳои Қуръонӣ Сабзалиро шаҳид ном бурданд. Бар илова вай ҳамеша чеҳраи кушода дошту ҳар якро бо як табассуми ба худ хос пешвоз мегирифт.  Сабзалӣ ошиқи Қуръон буд ва бо Қуръон маънус мешуд.

Дар маросими ҷанозаи марҳум, чанде аз мақомоти дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ва мусалмонони зиёде аз ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Намози ҷанозаи ӯро бо хоҳиши раиси Камисияи тафтишоти ҲНИТ, мавлавӣ Муҳаммадалӣ, эшони Нуриддинҷон ба ҷо оварда, ҷасади марҳум дар қабристон маҳаллаи «Қаротегини»-и пойтахт ба хок супорида шуд.

Гуфта мешавад, чанде пеш низ ба ин монанд Муҳиддин Кабрӣ, раиси ҲНИТ дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошта буд.

Идораи сомона даргузашти асафбори Сабзалӣ Шарифовро ба аҳли оила ва ҲНИТ тасаллият гуфта, барои эшон сабри ҷамилро хоҳон аст. Инно лиЛлоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi