00:13:08 03-уми Июни 2025 сол

КОРЗОРИ ВИЖА БАРОИ ҶАЛБИ ДУХТАРОН БА ТАҲСИЛ

Дар Тоҷикистон корзори вижаи ташвиқотӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба аҳамияти таҳсил барои духтарон ва авоқиби бесавод мондани духтарон оғоз шудааст. Ин корзор, ки аз рӯзи душанбеи 10 октябр шурӯъ шуд то 30 октябр идома хоҳад дошт ва дар чорчӯби он мизҳои гирд бо ширкати занони фаъол ва духтарони таҳсилкарда дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Кӯлоб доир хоҳанд шуд.

/images/stories/2011/10/11_slide_sample_2011.jpg

Дар нишасте ба муносибати муъаррифии ин тарҳ Ирина Каримова, масъули вазорати маъорифи Тоҷикистон суханронӣ кард ва зарурати ин тадбирро, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон доир мешавад барои ҳозирин шарҳ дод. Хонум Каримова гуфт: “Дар чорчӯби ин барома тоблуҳои таблиғонтӣ ва китобчаҳо, ки муҳтавои аслии он аз зарурати таҳсил барои духтарон аст, ба мардум тавзеъ мешавад. Ҳамчунин мулоқоти занони муваффақи Тоҷикистон бо волидон ва духтарони манотиқи мухталифи ин кишвар дар назар аст.”

Лайлӣ Муъоширӣ, раиси намояндагии UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд, ки он ҷомеаъе, ки табъиз ба духтарон дар арсаи омӯзишу парвариш вуҷуд дорад, ҷомеъаи ақибуфтода хоҳад буд. Вай мегӯяд: “Мо мушахассан бо ин барномае, ки имрӯз роҳандозӣ мешавад бо вазорат ҳамкорӣ дорем, зеро мехоҳем аз аҳдофи масъулони он барои дастёбӣ ба баробарии таҳсилот барои писарону духтарон ҳимоят кунем.”

Саида Саидова, омӯзгори яке аз рустоҳои ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки дар ноҳия духтарони бештар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аммо вай афзуд: “Бештари духтароне, ки баъд аз клоси нуҳум аз таҳсил дар канор мемонанд, ба сабаби мушкилоти иқтисодӣ мактабро тарк мекунанд. Яъне аксаран духтарон аз хонаводаҳои афроди камбизоъат аз таҳсил дар канор ҳастанд.”

Аммо Саидабону мӯътақид аст, ки духтарони таҳсилдида метавонанд модарони муваффақ шаванд. Вай мегӯяд: “Беҳуда нагуфтаанд, ки як писар таҳсил кунад як сокин босавод мешавад, вале агар як духтар таҳсилдида бошад даҳ нафар аз шаҳрванд босавод мешавад. Зеро модарони босавод фарзандони босавод тарбия хоҳанд кард.”

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, ки маҳфили оғози барномаро гардонадагӣ мекард, мегӯяд, ки мушкилоти иқтисодӣ дар заминаи канор мондани духтарон аз таҳсил дар Тоҷикистон матраҳ набуда ва масъалаи аз мактаб берун нигаҳ доштани духтарон бештар ҳурофотӣ будааст. Бар асоси иттилоъи оқои Раҳмонов, 15 дарсади духтарони синни мактабӣ таҳсилоти ҳамагониро то поён намерасонанд.

Ба эътиқоди вай барномаи ҷадид барои ҷалби духтарон ба таҳсилот амри муҳимест,ва оқои Раҳмонов ба нақши расонаҳо дар амалӣ шудани ин барнома таъкид кард. Ба гуфтаи масъулон дар чорчӯби ин барнома намоиши огоҳиҳои видиёӣ тавассути телевизюнҳои давлатӣ дар мавриди зарурати таҳсил барои духтарон ва авоқиби ногувори дар канор мондани духтарони синни мактабӣ аз таҳсил намоиш хоҳанд ёфт.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи бархе аз ҷомеъашиносон дар Тоҷикистон дар солҳои ахир мушкили дар канор мондани писарони синни мактабӣ аз таҳсил низ матраҳ будааст. Ба гуфтаи коршиносон мушкилоти иқтисодии бархе аз хонаводаҳо ба вижа оилаҳое, ки модар ба танҳои фарзандонро бузург мекунад, писарон аз синни даҳ бузургтарро водор мекунад, ки аз таҳсил канор раванд ва ноновари хонавода шаванд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854