ЛИЗА: "Ё ДАСТАМРО БАРГАРДОНЕД Ё 40 000 ДОЛЛАР БИДИҲЕД"
Олга Кострикова -- модари Лиза, духтаре, ки соли 2006 хирс дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ба ӯ дарафтода, аз дасти росташ маҳрум кардааст, мегӯяд, барои рӯёнидани товон пофишорӣ хоҳад кард. Вай аз додгоҳи ноҳияи Сино хостааст, ки ҳамчун ғаромат аз масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе 40 ҳазор доллари амрикоӣ бирӯёнанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасии парванда алайҳи Боғи ҳайвонотро то даҳ рӯзи дигар ба тавқиф гузошт. Хонум Кострикова мегӯяд: «Ман ин маблағро танҳо барои сохтани дасти сунъӣ барои духтарам, ки якумр маҷрӯҳ боқӣ мемонад, талаб дорам, на барои ҷамъоварии сарват.»
Олга мегӯяд, барои табобати духтараш маблағи зиёде харҷ карда, ба ӯ дасти сунъӣ шинонидаанд. Вале дар тӯли панҷ соле, ки Лиза бузург шуд, онҳо маҷбуранд, ки ба ӯ боз як дасти дигари сунъӣ пайванд кунанд.
«Ман модар ҳастам, намехоҳам, ки ин ҳодисае, ки ба фарзанди ман рух додааст, ба ягон кӯдаки дигар рух диҳад. Рӯзноманигорон ва кормандони судро ба боғ даъват кардам будам, ки то бубинанд қафасҳои боғ дар чӣ ҳолат қарор доранд ва онҳо онро аксбардорӣ карда буданд. Танҳо пас аз даъвоҳои ман, кормандони боғ кафшергарро оварда панҷараҳое, ки вуҷуд надошт, пайваст карданд.»
Вале Хайрулло Ғаффоров, намояндаи Боғи ҳайвоноти пойтахт зимни мурофиаи додгоҳӣ гуфт: «Падари Лиза ӯро бо 5 кило хӯрока аз марзи як-якуним метри назди қафаси ҷонвар мегузаронад. Духтар тавассути ёрдами падараш гузашта ба хирс хӯрок медиҳад ва оддитарин қоидаҳоро риоя накарда, ба қафаси ҷонвар хеле наздик мешавад ва дар натиҷа хирс ба ӯ дарафтодааст».
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки падари Лиза-Игор Шнякин дар ҳолати мастӣ ба тамошои Боғи ҳайвонот омадааст ва ҳангоми харидани чипта, чиптафурӯш ӯро огоҳ намудааст, ки дар ҳолати мастӣ ба боғ даромадан мумкин нест, лекин ӯ ба ин суханҳо гӯш надодааст.
Хонум Кострикова қаблан ҳам оид ба ин қазия ба суд муроҷиат карда буд. Суд дар натиҷа Муҳаммадҷон Мирзоев, раҳбари собиқи Боғи ҳайвоноти пойтахтро ба мӯҳлати 5 сол ҳабс кард ва боғи ҳайвонотро муваззаф кард то 20 ҳазор доллар барои табобати Лиза пардохт кунад.
Абдулло Ашӯров, «Озодӣ»