23:55:28 02-уми Июни 2025 сол

ИН ЗИМИСТОН ТАЪМИНОТИ БАРҚ ЧӢ ГУНА МЕШАВАД?

Муроҷиат ва шарҳи раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон

Тирамоҳ ҳам фаро расид ва суоли «Ин зимистон таъминоти барқ чӣ гуна мешавад?» дар ин давра ба муҳимтарин пурсиш дар ҳама қиршу дар ҳама минбару маърака табдил меёбад. Дар ин бора гумону тахминҳо, фаразияву пешгўиҳо ва, ҳатто, овозаву сафсатаҳо ҳам пайдо мегарданд.

/images/stories/2011/10/19_barqi-tojik_10.11.jpgБарои он ки асли масъала ба ҳама возеҳ шавад, барои он ки мардуми кишвар иттилои пурраву аниқ дошта бошанд, Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» шарҳи раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёровро нашру паҳн менамояд, ки он эътимодноктарин ҷавоб ба ин суоли муҳим аст. 1.Дар бораи вазъи умумии системаи энергетики кишвар: Ҷои баҳс нест, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо энергетика рушду нумўъ ёфт. Овардани ҳамин факт басанда аст, ки дар ду-се соли охир норасоии нерўи барқ аз 4-5 миллиард кВт.соат қариб ду баробар коҳиш ёфт.

Чанд сол муқаддам агар мардум дар як шабонарўз 4-6 соат барқ мегирифтанд, ду сол боз 10-12 соат барқ мегиранд. Пеш маҷбур будем ҳатто дар пойтахт, маҳаллаҳои канории он маҳдудият ҷорӣ намоем. Ду сол боз Душанбе, марказҳои вилоятҳо, баъзе шаҳрҳои саноатии кишвар бе маҳдудият барқ мегиранд. Боз, набояд фаромўш намуд, ки то октябри соли 2009 мо шомили Системаи энергетики Осиёи Марказӣ будем ва ҳар сол дар давраи тирамоҳу зимистон аз давлатҳои ҳамсоя то 1,6-2,0 миллиард кВт.соат барқ ворид менамудем.

Моҳи октябри соли 2009 дар оғози фаро расидани сармо бо тазъиқи баъзе давлатҳои ҳамсоя моро аз ин система берун намуданд. Бо вуҷуди ин, самарии рушди соҳа ва тадбирҳои дигари фаврӣ буданд, ки мо ҳам аз буҳрони энергетикӣ раҳо шавем ва ҳам таъминоти барқро беҳтар намоем. Ин пеш аз ҳама аз сиёсати амиқи энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Бе шубҳа, омили аз ҳама муҳим бобати беҳ шудани таъмини барқ дар солҳои охир даъват ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон бобати сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерўи барқ буд: Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 апрели соли 2009, дар ин масъала аввалин дастури муҳим, ҷиддӣ ва асоснокшуда ба шумор меравад. Дар он, аз ҷумла таъкид мешуд, ки “Норасоии қувваи барқ дар кишварамон соле 4,5 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад ва яке аз роҳҳои паст кардани шиддати он ба таври васеъ ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад.”

Баъд аз чанд рўз, 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷўёнаи энергия» ба имзо расид. Ин дастури хеле муҳим ва саривақтии Сарвари давлат, аз ҷумла пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан, дар воқеъ, як сабаби асосии дар тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 аз буҳрони амиқи энергетикӣ раҳо намудани кишвар гардид. Дар ин давра тақрибан 1,2 миллиард кВт.соат нерўи барқ сарфа гардид, ки ин баробари он миқдорест, ки мо бояд аз Туркманистон барқ мегирифтему бо сабаби аз Системаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо карда шуданамон, гирифта натавонистем.

Дигар омили афзалиятноки беҳтар шудани таъминот бо барқ дар санаи 31 июли соли 2009 пурра ба истифода додани нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» буд. Бояд махсус таъкид кард, ки баъди суқути Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави собиқи ин давлати абарқудрат бунёди Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» бузургтарин иншооти энергетикие буд, ки ба истифодабарӣ дода шуд. Ин боз як исботи дигари диққати ҷиддӣ додани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика ва тараққиёту пешрафти он ба шумор меравад. Ҳамин тариқ Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1»  иқтидори энергетикии кишвари моро ба миқдори 2,76 миллиард киловатт.соат нерўи барқ, ки аз ин тақрибан 1,4 миллиардаш ба давраи зимистон рост меояд, афзун намуд.

Дар санаи 6 сентябри соли 2011, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон агрегати якуми Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» ба истифодабарӣ дода шуд ва интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ агрегати дуюми он низ ба истифодабарӣ дода мешавад. Ин ҳама норасоии нерўи барқро кам ва дараҷаи таъминотро бо барқ беҳтар намуд. Дар асоси дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бунёд ёфтани зиёда аз 250 нерўгоҳҳои хурди барқӣ низ ба беҳбудии таъминот мусоидат намуд. Ин фактҳо пурра шаҳодат медиҳанд, ки дар кишвари мо дар муқоиса бо тамоми дигар мамолики ҳамсоя соҳаи энергетика бештар рушду нумўъ меёбад.

Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боисти рушди соҳа мегардад. Ба истифодабарӣ дода шудани Хатти интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» системаи энергетикии моро муттаҳид сохт. Дар ҳафтоду панҷ соли мавҷудияти системаи энергетикии Тоҷикистон қисмати ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд.

То ин давра мо ба ҷануби Ўзбекистон барқ медодем ва дар як вақт аз Ўзбекистон барои шимоли мамлакат барқ мегирифтем. Акнун бошад, имконият фароҳам омад, ки тавассути нерўгоҳҳои худӣ ба шимоли мамлакат барқ интиқол диҳем. Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин аст.

Ана тасаввур намоед, ки агар ин хат бунёд намеёфт ва дар ҳолате, ки Ҷумҳурии Ўзбекистон кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқи байни Ўзбекистон ва Тоҷикистонро, бар хилофи як қатор созишномаҳои дурамал оиди кори муовизавии системаҳои барқии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ қатъ намуд, бобати бо барқ таъмин намудани вилояти Суғд мо бо чӣ проблемаи калоне рў ба рў мешудем. Талаботи ин вилояти мутараққии Тоҷикистон дар як сол тақрибан 2,9 - 3 миллиард кВт.соат нерўи барқ аст. Ягона НБО-и ин вилоят Нерўгоҳи барқи обии “Қайроққум” тақрибан 20 фоизи ин талаботро иҷро карда метавонад.

Боқимонда, тақрибан 2,4 - 2,5 миллиард кВт.соат нерўи барқи вилоят асосан тавассути ХИБ 500кВ «Ҷануб-Шимол» ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад. Фоидаи иқтисодии ХИБ 500кВ «Ҷануб-Шимол» дар як сол, бо назардошти афзудани нархи байналмиллалии нерўи барқ, мо барқро барои вилояти Суғд аз давлатҳои ҳамсоя агар 5 сентӣ ҳам мехаридем (боз агар ба мо мефурўхтанд!), тақрибан 125 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар санаи 26 сентяби соли 2011 ХИБ 220 “Хуҷанд – Айнӣ” ба истифодабарӣ дода шуд, ки ин таъминоти барқро ба водии Зарафшон беҳтар кард.

Дар бобати таъмини беҳтар ва афзоиши эътимоднокии бо барқ таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ дар баробари иншооти азими энергетикӣ бунёди иншооти инфрасохторӣ низ мавқеи калон дорад. Дар Ширкати «Барқи Тоҷик» ба ин масъала аҳамияти калон дода мешавад. Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони як қатор иншоотҳои хурду бузурги ҳаётан муҳими энергетикӣ ба анҷом расонида, онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зеристгоҳи «Исмоилов»110/35/10 киловолт дар шаҳри Кӯлоб, бо арзиши 9 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, навбати аввали зеристгоҳи 110/35/10кВ «20-солагии Истиқлолият» дар шаҳри Қурғонтеппа бо як адад трансформатори тавоноиаш 10 000кВА, бо арзиши 4 млн. 600 ҳазор сомонӣ, зеристгоҳи 220/110/10кВ «Бўстон-220» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо ду адад трансформатори тавоноиашон 1х63000кВА ва 1х32000кВА бо маблағи 8 млн 129 ҳазор сомонӣ, бунёди хати интиқоли барқи 110кВ аз зеристгоҳи «Бўстон-220» то зеристгоҳи «Янтоқ-1» бо дарозии 12,5км бо маблағи 1млн. 246 ҳазор сомонӣ, сохтмони ХИБ-35кВ аз зеристгоҳи «Янтоқ-4» то зеристгоҳи «Зарнисор» бо дарозии 25км, бо арзиши 4 млн. 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони ХИБ-35кВ «Сангтуда-1»- «Сангтуда-2» бо дарозии 8,5км, бо арзиши 2 млн. 176 ҳазор сомонӣ, бунёди хати дузанҷираи интиқоли барқии 220кВ аз пояи №5-и зеристгоҳи «Суғд-500» то пояи №65 ХИБ-220кВ «Суғд-Хўҷанд» бо дарозии 12км, бо арзиши 5 млн. 200 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Айни замон корҳои сохтмону васлкунӣ дар иншоотҳои- ХИБ-110кВ «Конибодом-Ашт» бо дарозии 41км, бо арзиши 13919 ҳазор сомонӣ ва- ХИБ-220кВ якзанҷира «Суғд-500» - «Суғд-Хуҷанд» бо дарозии 16км, бо арзиши 6208 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Дар бунёди ХИБ 110кВ «Узловая-Зафаробод» бошад, корҳои лоиҳавӣ оғоз гардидааст. Ҳамаи ин тадбирҳо имконият фароҳам меоранд, ки таъминот бо барқ беҳтар, эътимоднокии бо барқ таъмин будани кишвар афзунтар ва хароҷоти технологии нерўи барқ камтар гардад. Дигар омили муҳими афзалиятнокии таъмини барқ дар тирамоҳу зимистони гузашта, албатта мусоидати обу ҳаво буд, ки энергетикҳо тавонистанд обро ба дараҷаи зарурӣ дар обанбори Норак захира намоянд ва дар ҳолати мувофиқати омилҳои дар боло зикршуда сарфакорона истифода баранд. Имсол обанбори Норак низ то сатҳи лоиҳавӣ пур карда шудааст.

2 Таъминот чӣ хел мешавад? Аз рўи ҳисоби мутахассисон, ки аз натиҷаи омўзишу мушоҳидаи бисёрсола ва бо назардошти вазъи кунунии системаи энергетикӣ асос мегирад, ин зимистон таъминоти барқ ба зимистони порсола тақрибан монанд хоҳад шуд. Дуруст аст, ки имсол як қатор иншооти нав, аз ҷумла агрегати аввали НБО-и «Сангтўда-2», Нерўгоҳи «Марзич» дар ноҳияи Айнӣ, чандин Нерўгоҳҳои хурд дар мавзеи кўҳистон ба истифодабарӣ дода шуд. Вале ин ҷо ду омили хеле муҳимро бояд ба назар гирифт.

Ҳар сол дар кишвари мо, вобаста ба рушди хоҷагии халқ ва беҳдошти рўзгори мардум, талабот бо барқ зиёд мешавад. Инчунин, тавре дар боло қайд гардид, таъминот бо барқ ба омили обу ҳаво вобастагии сахт дорад. Ба таври дигар зикр намоем, дер ё зуд ҷорӣ намудани маҳдудият ва барҳам додани он пурра вобаста аст ба ҳарорати ҳаво. Дар сурати барвақт фаро расидани хунукӣ, ки ин ҳам боиси кам шудани маҷрои дарё ва ҳам зиёд гаштани талабот ба нерўи барқ мегардад ва истеҳсоли барқ аз истифодаи обанбор сурат мегирад, ҷорӣ намудани маҳдудсозӣ ногузир мегардад.

Ҳотиррасон менамоем, ки барои пурра аз ҳисоби маҷрои дарёи Вахш кор кардани нерўгоҳи Норак ва дигар нерўгоҳҳои поён аз он ҳаҷми маҷрои об бояд дар як сония 600-650 метри мукаабро ташкил намояд. Алҳол маҷрои Вахш дар ҳар сония 350-370 метри мукаабро ташкил медиҳад ва дар ҷумҳурӣ алаккай истифодаи обанбор шурўъ шудааст. Тирамоҳи имсола нисбатан хунук омад ва мо аз 26 сентябр ба истифодаи обанбор шурўъ намудем. Барои муқоиса - соли гузашта истифодаи обанбор аз 27 октябр оғоз ёфта буд. Хотиррасон менамоем, ки 10 метри кубӣ кам шудани ҳаҷми маҷрои об ба 750 ҳазор кВт.соат кам истеҳсол шудани нерўи барқ баробар аст.

Қайд кардани боз як омил хеле муҳим аст: ҳар қадар дар нуқтаи баландтар нигоҳ доштани сатҳи обанбор манфиати онро зиёд менамояд. Зеро фишори баланд боиси истеҳсоли бештари нерўи барқ мегардад. Аз ин сабаб ҳам, ШСХК «Барқи Тоҷик» барои то фарорасии хунукиҳо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани сатҳи обанбор, ки захираи асосии барқи кишвар ба шумор меравад ва сарфакорона истифода бурдани ҳар сантиметр оби он, ки дар давраи зимистон ба мардум бештар зарур аст, ба зерсохторҳои худ дар вилояту ноҳияҳо дастур додаст, ки шабона дар ҷойҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим мавҷуд нестанд, интиқоли барқро қатъ намоянд. Аз назарпурсие, ки кормандони мо дар маҳалҳо мегузаронанд, аксаран аз ин тадбир розиянд.

Охир, ҳар қатра обе, ки имрўз эҳтиёт менамоем, ҳар киловатте, ки имрўз сарфа менамоем, ба нафъи ҷомеа аст. Истифодаи барқ аз тарафи корхонаи «ТАЛКО». аз тарафи пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об ва дигар корхонаву муассисаҳо ба ҳадди минималӣ кам карда шудааст. Ин тадбирҳо ҳама барои зимистони дар рў ба рўямон истода ва пешгўинопазир мебошад. Дар шароити ҷорӣ, ки моро аз Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо намудаанд, дар ҳолатҳои душвор дигар наметавонем ба кумаки ҳамсояҳо умед бандем. Ҳоло ягона умеду такягоҳамон иқтидорҳои худӣ ва захираи обанбори Норак аст.

3.Овоза ва ҳақиқат.  Маҳдуд намудани интиқоли барқ албатта душвориву ногувориҳои зиёд меорад Вобаста бар ин, хоҳем - нахоҳем ҳар сол дар овони ҷорӣ намудани маҳдудият ҳар хел овозаҳо ва фаразияву тахминҳое, ки қисме аз онҳо супоришиянд, қисме махсус барои норозигӣ барангехтан ва раҳгум андохтани ҷомеа касдан паҳн карда мешаванд, пайдо мегарданд. Солҳои пеш, вақте мо шомили Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ будем, дар ин давра овоза паҳн мешуд, ки барқро ба Ўзбекистон мефурўшанд! Акнун бошад, вақте мо берун аз Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ фаъолият дорем, тавре дар бўҳрони баҳори имсола ба ин рў ба рў омадем, сафсатаҳое бар амсоли - барқро ба Покистон ва обро ба Ўзбекистон фурўхтанд! пайдо шуданд.

Дуруст аст, ки онҳое, ки аз вазъи воқеӣ огоҳанд ба ин хел афсонаҳо бовар намекунад ва тири муаллифони ин овозаҳои супоришӣ ба ҳадаф намерасад. Фақат ҳаминро бояд қайд намуд, ки барои нигоҳ доштани бозори энергетикӣ дар ин давра ба миқдори хеле кам, ба қадри 6-8 мегаватт ба Афғонистон барқ интиқол дода мешавад. Ин ҳам, вақте махдудият ҷорӣ мегардад, дар ҳамин чорчуба сурат мегирад. Ҳақиқати ҳол ҳол ҳамин аст, ки ҷорӣ намудани маҳдудият сарфаи ҳар қатра об ба хотири дар рўзҳои сард бештар бо барқ таъмин намудани мардум мебошад.

Ҳамдиёрони гиромӣ! Ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи зимистон дар нияти таъмини бештари Шумо бо нерўи барқ аст. Мо ҳар сантиметр обро ба ҳисоб мегирем, кўшиш мекунем, ки ҳар як киловатт.соат нерўи барқ мақсадноку манфиатнок истифода шавад. Аз Шумо ҳам хоҳиш дорем бо истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва пардохти пурраву саривақтии ҳаққи истифодаи нерўи барқ ба мо кўмак намоед. Аз барқ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани ҳар муштарӣ, ҳам ба манфиати худи ў ва ҳам ба манфиати тамоми ҷомеа аст.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854