23:57:13 02-уми Июни 2025 сол

НУҚТАҲОИ ТИББӢ БО КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА ФАЪОЛ МЕШАВАНД

Сафири ИМА Кен Гросс дар маросимҳои ифтитоҳии ду нуқтаи тиббии аз нав барқароршуда дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ширкат варзид.

/images/stories/2011/10/27_fayzobod_usa_1.jpgДар ин чорабиниҳо инчунин муовини Вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова, роҳбари раёсати тандурустии ноҳияи Файзобод Караматулло Шарифов, раиси маҳаллаи Ҷонварсӯз Мирзо Холов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, роҳбари Каунтерпарт Интернейшнл дар Тоҷикистон Мӯъмин Сидикшоев ва раиси ҷамоати маҳаллии Дуоба Низомиддин Шамсов иштирок намуданд. 

Нуқтаи тиббии дар Дуоба ҷойгирбуда дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ осеби зиёд дида буд ва дармонгоҳи тиббии Ҷонварсӯз аз боришот хеле хароб гашта буд. Дар ҳарду бино аз ҷониби Сафорати ИМА фаршҳои чӯбӣ иваз гардиданд, деворҳо ва шифтҳо аз нав гаҷ ва ранг карда шуданд ва тирезаҳои нави пластикӣ ва тахтачаҳои сафолӣ насб шуданд, инчунин системаи таъмини барқ барқарор гардонида шуд. Маблағи умумии корҳои таъмирӣ 24 ҳазор долларро ташкил дод.

/images/stories/2011/10/27_fayzobod_usa_2.jpgИн гуна корҳои таъмирӣ ҳамкориҳои пайвастаи миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ғайридавлатии  асосиро нишон медихад. Барои иваз шудани боми ҳарду бино дар лоиҳаи мазкур мақомоти иҷроия ва маҳаллии ноҳияи Файзобод ба маблағи ҳазорҳо доллар саҳм гузоштанд. Иншоотҳои тандурустии таъмиргашта ба 7500 нафар сокинони ин маҳал, ки 95 фоизи сокинони он дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, хизмати тиббӣ фароҳам хоҳад овард. 

Таъмири марказҳои саломатӣ аз ҷониби Барномаи ҷомеавӣ ва ёрии башардӯстонаи Каунтерпарт Интернейшнл иҷро гардида, аз тарафи шӯъбаи Котиботи давлатии ИМА оид ба ҳамоҳангсозии кӯмаки ИМА ба Аврупо ва Евразия маблағгузорӣ шуд. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона, ки ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиётро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, зиёда аз 984 миллион доллар пешниҳод намудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854