16:26:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАВОДИ МУХАДДИР – АСЛИҲАИ ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, яке аз шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллиро ташкил медиҳад.

/images/stories/2011/11/03_narkotiki_2011.jpgДар баробари он ки ин маводи заҳролуд чандин фарди ҷомеаро мӯътод намуда, ҳаёти онҳоро ба нобудӣ мебарад, афроди дигаре аз дасти ин мавод хонасалоту гирифтор ва нодор гардида, дар бунбастҳои зиндагӣ нотавон мемонад. Бадтарин хусусияти ин падида табдил ёфтани он ба манбаи асосии бо маблағ таъмин намудани амалиёти террористии ҷаҳон мебошад. Ноамниҳои бартарафшудаи минтақаи Осиёи Марказӣ, гувоҳи ин гуфтаҳост.

 Мутаассифона, ин вабои аср ба ҳамватанони мо низ чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷ таъсири манфии худро расонидааст. Гарчанде, ки мувофиқи омор нисбат ба солҳои пешин сафи мӯътодон дар кишварамон кам шуда бошанд ҳам, вале ҳамагон шоҳиданд, ки аз чанги ин вабо чандин истеъдодҳои бузургу нотакрор ҳаёти худро аз даст додаанд.

Зарбаи асосии ин падидаи номатлуб бештар ба сари муҳоҷирони меҳнатӣ ворид омадааст. Бахусус онҳое, ки дар кишвари Русия кору фаъолият доранд. Дар баробари он ки бештари ононро дар надонистани забон, қонуниятҳои ҷории кишвари иқомат ва дигар камбудиҳо муттаҳам месозанд, мутаассифона эроди асосие, ки нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ гирифта мешавад, ин рабти онҳо бо маводи мухаддир мебошад.

Қувваҳои манфиатхоҳ солҳои охир Тоҷикистонро чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон дода, бо ин мекӯшанд, ки эътибору нуфузи онро дар минтақа ва арсаи байналмиллалӣ паст зананд. Албатта, аз ҷониби шаҳрвандони мо ҳолатҳои қочоқи маводи мухаддир низ ҷой доштанд ва он идома ҳам меёбад, вале он муҳоботе, ки дар васоити ахбори омма паҳн мегардад, на ҳамеша асоси воқеӣ дорад.

Қочоқи маводи мухаддир ва умуман ҳама гуна шаклҳои ҷиноёт хатту сарҳад надорад, бинобар ин ҳам иттиҳомоти зиёд нисбати сокинони кишваре танҳо гувоҳи ҷанги иттилоотист. Дар расонаҳои хабарӣ, вақте ки сухан дар бораи маводи мухаддир меравад, ҳатман танҳо қочоқгарони тоҷикистониро паҳнкунандагони ин мавод дар миқёси Русия ва манотиқи дигар номбар мекунанд.

Ҳол он ки тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмиллалӣ ба Русияву Аврупо аз Тоҷикистон дида, маводи мухаддир бештар аз Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳвил дода мешавад. Вале васоити ахбори омма ҳолатҳои ошкор шудани қочоқи маводи мухаддирро нисбати кишварҳои дигар нодида мегиранд, аниқтараш ҷанги иттилоотӣ бештар алайҳи тоҷикистониён равона шудааст.

Натиҷаи барномаву мақолаҳои васоити ахбори омма буд, ки бештари муҳоҷирони меҳнатии мо, бар ивази заҳмати ҳаққу ҳалоли хеш ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳатто баъзе коршиносу сиёсатмадорон ва вакилони мардумии Русия низ бар зидди ҳамватанони муҳоҷирамон баромад карда, онҳоро чун паҳнкунандагони маводи мухаддир муттаҳам сохтаанд. Хушбахтона, ходимони сиёсӣ ва баъзе намояндагони васоити ахбори оммаи Русия низ, дар пуштибонии ҳамватанони муҳоҷирамон бархоста, онҳоро чун миллати меҳнатдӯсту ободкор арзёбӣ намудаанд.

Дар барномаи телевизионии яке аз шабакаҳои русӣ ходими давлатие баромад карда, нақши тоҷиконро дар комилгардонии сафи муаллимони он кишвар дар маҳаллаҳои дурдасти Шимоли Русия, қайд карда буд. Сокини дигари шаҳри Маскав бо ҳаяҷон сухан ронда, нақши муҳоҷирони тоҷикро дар сохтмони иморатҳои зебову гулгаштҳои шаҳрашон баҳо медод. Яъне баромади нафарони дар боло зикргардида, аз он далолат мекунад, ки ҷанги иттилоотӣ на ҳама вақт нишонрас мегардад.

Чанде қабл дар шаҳри Турсунзода чаҳор шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 233 килограм маводи мухаддир ба даст афтиданд. Мутобиқи иттилои рӯзноманигорон, онҳо қарор гузошта буданд, ки канали ҷадиде дар ин росто оғоз намоянд. Пас маълум мешавад, ки то ба имрӯз каналҳои дигаре ҳам доштаанд. Ин қазия бори дигар собит месозад, ки қочоқи маводи мухаддир мансуби миллати мушаххасе набуда, шаҳрванди ҳар кишваре метавонад дар он даст дошта бошад.

Тавре, ки маълум гардид, воқеаи мазкур касеро ба тааҷҷуб ҳам наовард, нафаре аз намояндагони васоити ахбори омма аз ин кор дар ҳайрат нашуданд ва ҳангома набардоштанд, чаро ки ин амр бори аввал набуда, балки воқеист. Вале чун ҷинояткорон ғайритоҷиканд, дар расонаҳои хабарии бурунмарзӣ дар ин хусус каломе гуфта намешавад, агар гуфта шавад ҳам бидуни ҳангома пахш мегардад.

Пас, мушкили мо дар чист? Ҷилави кадом якеро гирифтан мантиқист – ҷанги иттилоотӣ ё қочоқи маводи мухаддирро? Мутаассифона, мубориза ва пешгирии ин ду зуҳурот ниҳоят фарох буда, танҳо дастаҷамъона сурат мегирад. Журналист ва коршинос – ду пешаи бо ҳам алоқаманд буда, атрофи сиёсат ҳамчун ҷанговари ҷанги иттилоотӣ амал мекунанд. Рисолати онҳо бошад, дар воқеияти инъикоси хабар ва дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ анҷом меёбад. Пас, мо бояд коре кунем, ки сазовори ин пешаи интихобкардаи хеш боқӣ бимонем.

Зиёвуддини Авлиёпур



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi