15:01:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКОН БА РУСИЯ СПИД НАМЕОРАНД!

«Взгляд»

Баъди содир шудани ҳукми додгоҳ ба Владимир Садовнич, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии ҳарими ҳавоӣ ва қочоқ муттаҳам шудаву 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дар Маскав перомуни ҷорӣ кардани таҳримҳо зидди Тоҷикистон сару садоҳо баланд шуданд.

/images/stories/2011/11/29_zalina_291111.jpgАз ҷумла эҳтимоли ҷорӣ кардани низоми раводидӣ ва сахттар намудани талабот ба муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон номбар шуданд. Тақрибан ду ҳафта пеш котиби матбуоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Залина Корнилова изҳор намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 297 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қонунҳои Русияро вайрон кардаанд, боздошт намудаанд ва рӯзҳои наздик онҳо ба ватанашон фиристода мешаванд.

Дар навбати худ сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко перомуни эҳтимоли манъи истифодаи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон бо мулоҳизаҳои тиббӣ изҳори андеша кард. Ба қавли ӯ шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2010 ба Русия 188 шаҳрванди Тоҷикистон бо бемориҳои хатарнок, аз қабили ВИЧ, сил ва газак (сифилис) омадаанд.

Баъди чанд рӯз ба изҳороти Онишенко сарвари идораи назорати давлатии эпидемологии Тоҷикистон Самариддин Алиев вокуниш нишон дод. Вай суханҳои ҳамтои русиягии худро рад намуд, хабар медиҳад ОИР "Новости". Дар изҳороти вай омадааст, ки тибқи қонуну қоидаҳои байналмиллалии санитарӣ пеш аз бозгашти муҳоҷири кории беморшуда муассисаҳои тиббии ин маризиҳоро ошкоркарда бояд ба кишвари зисти доимии он маълумоти фаврӣ фиристанд.

Лекин давоми ду соли охир вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба ошкор шудани бемории сил аз муассисаҳои тиббии Русия расман ҳамагӣ 11 маълумоти фаврӣ гирифтааст. Баробари ин дар вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар ин кишвар сатҳи бемории ВИЧ ва сили фаъол байни мамолики ИДМ пасттарин аст. Бино ба маълумоти онҳо муҳоҷирон аз пайдо шудани беморӣ баъди ба Русия омадану муддате чанд истиқомат кардан шикоят менамоянд. Сабаби ин шароит дар кишвари қабулкунанда мебошад, ки он ҷой муҳоҷирон кор мекунанд.

Рӯзномаи "Взгляд" перомуни он, ки тоҷикҳо дар Русия чӣ зиндагие доранд ва ҳодисаҳои охирин ба онҳо чӣ таъсире расонидааст, аз консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ва раиси созмони ҷамъиятии дӯстии халқҳои Русияву тоҷики Санкт-Петербург "Сомониён" Муҳаммадназар Мирзода пурсон шуд.

-Муҳаммадназар Мирғарибович, андешаҳои шумо дар бораи ҳодисаҳои охирин чӣ гунаанд ва онҳо ба кору фаъолияти диаспораи тоҷикҳои шаҳр таъсире мегузоранд?

-Дар воқеъ баъди содир шудани ҳукми додгоҳ нисбати сарнишини Русия, баъди изҳороти сиёсатмадорон дарҳол мақомоти ҳокимият, пулис ва хадамоти федеролии муҳоҷират эътино карданд. Дирӯз мо аз ХФМ маълумот гирифтем, ки дар Петербург ва вилояти Ленинград вақтҳои охир 25 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд ва ба департатсияи онҳо омодагӣ мебинанд. Сабабашро пурсон шудем. Ба мо гуфтанд, ки Русия дар пеш интихобот дорад ва дар ин вақт муҳоҷирони корӣ набояд бошанд.

Маҳз тоҷикҳоро "шикор" мекунанд. Боздошти тоҷикистониҳо хеле зиёд шудааст. Пештар хеле кам буд, чаҳор, панҷ, шаш одам дар шаҳр ва вилоят, ҳоло бошад давоми се рӯ 25 касро боздошт кардаанд. Дар шӯъбаҳои милитсия боз чанд нафари дигар нишастаанд, мо намедонем.

-Чанде пеш сардухтури санитарӣ Геннадий Онишенко изҳор дошт, ки шаҳрвандҳои Тоҷикистон ба Русия бемориҳои гуногунро меоранд...

-Суханҳои Онишенко ба ҳақиқат рост намеоянд. Аксарияти одамоне, ки аз Тоҷикистон меоянд, бештар аз 90 дарсадашон, мусулмонҳоянд. Мусулмонҳо одамоне мебошанд, ки дар як рӯз панҷ вақт намоз мехонанд ва одамони покизакоранд, вай бошад дар бораи чунин касалиҳо сухан меронад. Баробари ин саломатии онҳо пеш аз сафар дар Тоҷикистон ва ҳангоми додани иҷозати кор дар Русия тафтиш мешавад ва ҳама аз ин чорабинӣ мегузаранд.

Дар Тоҷикистон ҳоло ба хизматрасонии тиббӣ аҳамияти лозимӣ дода мешавад. Ҳатто дар деҳоти дурдаст ба муқобили бемориҳо сузандору мегузаронанд. Ва агар сухан перомуни беморӣ равад, дар ин бобат вазъият дар Қирғизистону Ӯзбакистон аз Тоҷикистон бадтар аст, вале аз чӣ сабаб бошад, ҳеҷ кас дар ин бора гап намезанад.

Муҳоҷирон асосан дар ин ҷой, дар Русия бемор мешаванд, зеро дар шароити хеле бад -дар таҳхонаҳо, дар хунукӣ зиндагӣ мекунанд, то 25 кас дар як ҳуҷра- шароити ҷойи кор чунин аст. Бисёр вақт ҳангоми баргузории назорати тиббӣ замони аз ватан омадан қариб ҳамаашон саломатанду вақти тамдид кардани иҷозатномаи кор дар онҳо бемориҳои гуногунро меёбанд. Касалиҳои СПИД ва сил бошад, байни онҳо хеле кам аст.

-Назари шумо ба проблемаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ чӣ гуна аст?

-Албатта, муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Ва дар қонунҳо роҳҳои гурез вуҷуд доранд, ки ба ин мусоидат мекунанд.

-Агар ин проблема вуҷуд дошта бошад, он одамонеро, ки шумо мегӯед, объективона ва одилона дастгир ва департатсия мекунанд?

-Ғайриқонуниҳоро тамоми сол тафтиш, ошкор ва боздошт мекунанд. Агар гуноҳашон исбот шавад, онҳоро меронанд. Мо ба ин эътирозе надорем. Вале мо он чизро намефаҳмем, ки чаро пештар се-чаҳор одамро боздошт мекарданду ҳоло давоми якчанд рӯз якбора 25 касро? Ва барои чӣ фақат тоҷикҳоро дастгир мекунанду дигар қонунвайронкунандаҳо -ӯзбакҳо, қирғизҳо ва намояндагони миллатҳои дигарро не?

-Боз кадом проблемаҳо ба зиндагии шумо дар ин ҷой халал мерасонанд?

-Мо кайҳо дохил кардани дигаргуниҳоро дар қонунҳои муҳоҷират пешниҳод кардаем. Он қонунҳое, ки ҳукуматдорони мо ва ҳукуматдорони Русия қабул кардаанд, дар зиндагии воқеӣ проблемаҳои зиёди нолозимиро ба вуҷуд меоранд. Масалан, корти муҳоҷириро мисол меорем. Мо кайҳо пешниҳод кардаем, ки барои он одамон ба ҷойҳои дур нараванду дар ҳамин ҷой дастрас кунанд ва пулашро диҳанд. Чӣ хеле ки дар кишварҳои солим қабул шудааст. Дар он ҳолат пул ба буҷаи  Петербург дохил мешавад, на ба ҷойи дигар. Ҳозир бошад одамон барои ба се моҳ тамдид додани он ба Тоҷикистон, Украина, Туркия сафар мекунанд ва ҳатман бояд сарҳадро убур кунанду пулро дар ҳамон ҷой супоранд.

Аз ҷониби дигар, шумораи зиёди ширкатҳои чап ҳастанд, ки аз тарафи Раёсати Хадамоти муҳоҷират контрол намешаванд ва онҳо ин ҳуҷҷатҳоро дар худи ҳамин ҷой пешкаш мекунанд.

-Ҳоло ҳамватанҳои шумо дар Русия чӣ рӯҳия доранд? Дар онҳо хоҳиши ба Ватан баргаштан пайдо нашудааст?

ӣ хеле ки медонед, муҳоҷирати фаъол ба Русия солҳои 90-ум шурӯъ шудааст, вақте ки дар Тоҷикистон  ҷанги дохилӣ идома дошт. Ҳозир бошад, одамон хоҳиши яку якбора ба ватан баргаштанро надоранд. Танҳо дар Петербург ва вилояти Ленинград панҷ-шаш ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия мебошанд ва онҳо оилаҳои якҷоя ташкил мекунанд. Тоҷикҳо бо русҳо, озариҳо, урдмурдҳо, тувагиҳо хонадор мешаванд. Баъзеҳо дар ин ҷой 20 сол боз зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо корфармоҳо муносибатҳои шартномавӣ доранд. Чӣ хел мумкин аст ин равобитро якбора вайрон кардан?

Агар сухан дар бораи муносибатҳои байни одамон, байни халқҳои мо равад, байни мо ҳеҷ вақт ихтилофе набудааст. Мо ҳанӯз замони шӯравӣ якҷоя мезистем ва ҳоло ҳам бародарвор мезием.

-Шумо чанд сол боз дар Петербург ҳастед? Ин шаҳр барои шумо чӣ аҳамият дорад? Шумо худро дар ин ҷой бегона ҳис намекунед?

-Мо чӣ хел метавонем дар бораи Петербург сухани носазо гӯем? Ин аллакай ватани мост. Гуфтан мумкин аст, ки хонаи дуюм. Бале, мо дар Тоҷикистон таваллуд шудаем, лекин зиёда аз 20 сол боз дар ин ҷой зиндагӣ мекунем. Ман дар ҳамин ҷой таҳсил кардаам, рисолаи номзадиамро дифоъ намудаам дар Донишгоҳ ба ҳайси муовини декан кор кардаам. Мо ҳамаамон кайҳо петербургием ва ҳатто худро тоҷику ӯзбак, арманӣ намегӯем. Масалан, дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба муштзанӣ  ва ғайраҳо бачаҳои мо Петербургро муаррифӣ мекунанд, намегӯянд, ки мо намояндаи ин ё он миллат ҳастем.

Дар бораи муносибатҳои шаҳриҳои таҳҷойӣ сухани баде гуфта наметавонам. Шахсан ман байни олимҳои Петербург ҳеҷ вақт худро бегона ҳис накардаам, яъне дар он соҳае, ки ман кор мекунам. Баръакс, ҳама вақт ба ман кӯмак мекарданд. Ва дар сатҳи маишӣ ҳам. Ҳозир ман дар ҷазираи Василевский зиндагӣ мекунам ва ҳама вақт кӯшиш менамоям, ки ба ҳамсояҳо ёрӣ расонам ва онҳо ба ман. Агар ягон садамаи коммуналӣ ба вуҷуд ояд, мо якҷоя онро бартараф мекунем ва фикр намекунем, ки кӣ намояндаи кадом миллат аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi