16:19:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИШКОШИМ: ЗАМИНЕ САНГЛОХ ВА ДИГАР ҲЕЧ

Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани минтақаи озоди иқтисодии мавсум ба “Ишкошим” дар марҳилаи аввал он метавонад барои беш 500 нафар аз сокинони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуғл фароҳам кунад.

ИшкошимАммо аз таъсиси ин минтақа ҳарчанд беш аз се сол гузаштааст, вале он ҳанӯз ба фаъолият оғоз накардааст. Дар соли ҷории мелодӣ низ шурӯъи фаъолияти он баъид аст. Зеро ба гуфтаи масъулони ин минтақаи озоди иқтисодӣ, то ба ҳол баҳри фаъол гаштани он ҳеч гуна шароити воқеъӣ ба вуҷуд наомадааст.

"Кори бемузд"

Он гуна ки Айдибек Бекмуродӣ, мудири масъули ин минтақаи озод, иттилоъ дод, дар тӯли се сол онҳо фақат ба ҳалли бархе аз масоили марбут ба таъсиси ин ниҳод муваффақ шудаанд. Ба гуфтаи оқои Бекмуродӣ, онҳо замони бештареро барои тахсиси қитъаи замин барои минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" сарф кардаанд. Вай афзуд: "Ҳарчанд барои таъсиси ин минтақа заминҳои нокорам ва биёбонӣ ҷудо шуда буд, вале расмӣ кардани асноди онҳо беш аз ду сол тӯл кашид."

Оқои Бекмуродӣ афзуд мушкили аслӣ он аст, ки аз замони таъсиси ин минтақаи озод то ба ҳол барои роҳандозии фаъъолияти минтақаи озод дар Бадахшон кумакҳои молӣ ироа нашудааст. Ӯ гуфт: “Ман бо чаҳор нафар аз кормандон се сол аст, ки довталабона ва бидуни маъош кор мекунем ва то ба ҳол ҳатто масъалаи маъошамон ҳалли худро пайдо накардааст."

Барои анҷоми фаъъолияти тиҷоратии минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ишкошим мақомоти Тоҷикистон дар наздикии маркази ин ноҳия ҳудуди 200 ҳектор замин ихтисос додаанд. Тибқи қонун дар бораи манотиқи озоди иқтисодӣ, дар перомуни қаламрави ин гуна минтақаҳо бояд девори баланд кашида шуда ва он дар маҳалле бетараф (нейтралӣ) бояд воқеъ шуда бошад ва майдони замини он барои пазироии муштариён омода бошад.

Оқои Бекмуродӣ мегӯяд, ки мудирияти минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим алҳол куллияи нақшаҳои корӣ, меъморӣ, ташкилӣ ва махориҷи онро таҳия карда, вале барои иҷрои ин нақшаҳо ҳанӯз маблағи кофие ба даст наомадааст.

Тиҷорати марзӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди беҳтари минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим қаламрави фурудгоҳи ин ноҳияро низ ба он вогузор кардааст. Ба гуфтаи коршиносони арсаи иқтисод дар Бадахшон, ба ихтиёри минтақаи озоди “Ишкошим” вогузор кардани фурудгоҳ дорои аҳаммияти иқтисодӣ аст. Қаламрави ин ноҳия аз шаҳри Хоруғ, маркази вилоят, бамаротиб бузургтар, паҳновартар ва фарохтар буда, кӯҳҳои он нисбатан пастттаранд ва дар он ҷо замина барои бунёди майдони ҳавоии байналмилалӣ вуҷуд дорад.

Ба ақидаи Боймаҳмад Алибахшев, раиси созмони “Миллал интер”, ки ҳадафи фаъъолияташ тавсеъаи тиҷорати марзӣ ва равобити иқтисодӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон аст, роҳандозии минтақаи озоди иқтисодӣ дар Бадахшон тарҳе судовар ва ифтитоҳи сареъи он барои ҳарду кишвар муфид аст.

Вай гуфт: “Ин минтақаи озод метавонад ба анбори борҳои тронзитие, ки аз Чин ба Покистон ва аз Покистон ба Афғонистон ворид мешаванд, табдил ёбад. Яъне дар ҳоли ҳозир, Афғонистон ҳам, ки бо Покистон муъомилоти сиёсиву иқтисодии на он қадар хубе дорад, метавонад аз роҳҳои тиҷоратии Тоҷикистон, бахусус аз ин минтақаи озоди иқтисодӣ, ба таври васеъ истифода кунад.”

"Ояндае дурахшон"

Шакар Қадамшоев, як масъули Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, гуфт: “Ин минтақаи озод, ки аз бисёре анвоъи молиёт муъоф аст, метавонад ба пастравии нархҳо дар минтақа кумак кунад”.

Ба андешаи ӯ, минтақаи озоди “Ишкошим” метавонад дар оянда ба маҳалли коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз қабили обҳои маъданӣ, сангҳои қиматӣ ва ороишӣ, гӯшту шири аз нигоҳи зистмуҳитӣ солим ва гиёҳҳои шифоӣ табдил ёбад.

Оқои Қадамшоев мегӯяд: “Дар марҳилаи нахуст, ки Афғонистон ҳанӯз ба нерӯи барқ дастрасии комил надорад, метавон бо истифода аз конҳои лоҷувард ва намаки ин кишвар, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон воқеъанд, коркарди онҳоро дар қаламарви минтақаи озоди иқтисодӣ ба роҳ андохт.”

Бисёре аз иқтисоддонҳои мақаллӣ нисбат ба дурнамои минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, ки дар наздики марзи Тоҷикстон бо Афғонистон қарор дорад, хушбинанд. Бархе аз коршиносони хориҷӣ низ, ки имконоти воқеъии ин минтақаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ин нуктаро таъйид мекунанд.

Горан Сункоски, як иқтисоддони мақдунӣ, ки дар чорчӯби як тарҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо зарфиятҳои минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”-ро омӯхтааст, мегӯяд, ки ояндаи ин минтақаи озоди иқтисодӣ дурахшон аст, аммо ба шарте, ки мақомоти таваҷҷӯҳи кофӣ ба он мабзул доранд.

Ишкошим дар қисмати ғарбии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст. Роҳи мошингарди Кулма-Қароқурум ин ноҳияро аз як сӯ бо Хоруғ, маркази вилоят, ва аз сӯйи дигар, бо ноҳияи Мурғоб ва ҳамин тур ба Чин муттасил мекунад.

Гардишгоҳи сайёҳон

Ишкошим ноҳияе ҳаммарз бо Афғонистон аст. Дар рубарӯйи он Дараи Вахон воқеъ аст, ки аз маҳаллоти писандидаи сайёҳон ё ҷаҳонгардони хориҷӣ ба шумор меравад. Ишкошим, тибқи омори расмӣ, аз фақиртарин навоҳии Бадахшон аст. Ба андешаи коршиносон, таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ барои зудтар раҳо ёфтани ин ноҳия аз фақр метавонад кумак кунад.

Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз роҳҳои аслии пешрафти кишварҳое мисли Чин, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ғайра маҳсуб мешавад. Таҷрубаи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон тоза аст. Фаъъолияти ин минтақаҳоро Вазорати иқтисод ҳамоҳанг мекунад.

Ҳоло чунин манотиқе озод дар вилояти Суғд, дар шимол, ва дар ноҳияи Данғара, дар ҷануби Тоҷикистон, таъсис дода шудаанд, ки фаъъолияташон оғоз шудааст. Соли гузашта давлати Тоҷикистон шуморе кормандони манотиқи озоди иқтисодиро барои як давраи бозомӯзии думоҳа ба Чин ва Туркия фиристодааст.

Айдибек Бекмуродӣ, масъули Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, яке аз бозаргонҳои муваффақ дар Бадахшон маҳсуб мешавад. Ӯ аз Донишкадаи халабонии шаҳрии Киев фориғуттаҳсил шуда ва ҳоло таҳсилоти ғоибонаро дар Окодемии хадамоти давлатии Русия идома медиҳад.

Ба гуфтаи масъулини минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, дар ояндаи наздик ба фаъъолият оғоз кардани ин минтақа, ки аз марокизи санъатӣ ва иқтисодии Тоҷикистон фарсахҳо дур буда, барояш ба ҷуз замини санглох чизи дигаре ихтисос дода нашуда, баъид аст.

Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi