ДАР ТЕМУРМАЛИК ШУМОРАИ БЕКОРОН ЧӢ ҚАДАР АСТ?
Ҳамасола дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шумораи мардумони қобили меҳнат, аммо бе ҷойи кори доимӣ дар ҳоли афзоиш аст. Яъне сохтмони корхонаҳои хурду бузурге, ки муҷиби ба кор таъмин кардани аҳолӣ мегардад, аз шумораи афзоиши аҳолӣ бамаротиб қафо мондааст. Аммо дар бораи шумораи умумии мардумони қобили меҳнат, аммо бешуғл, касе иттилоъ додан намехоҳад.
Ҳамвора теъдоди аслии бекоронро пӯшида медоранд. Рӯзи Душанбе дар як нишасти матбуотӣ ба саволи мо дар мавриди теъдоди аслии шумораи бекорон раиси ноҳияи Темурмалик Малика Шукурова аз ҷавоб додан худдорӣ кард. Раиси кумитаи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии ноҳия Файзиддин Нуров шумораи мардумони бекор ва дар қайд бударо 749 нафар арзёбӣ кард.
Ин дар ҳоле, ки дар сартосари ноҳия, ки бештар аз 60 ҳазор нуфус дорад, ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надорад. Тибқи иттилои як корманди баландпояи ҳукумати ҳамин ноҳия, ки хоҳиш кард номаш зикр нашавад, теъдоди умумии бекорони ин ноҳия баробар ба сеюним ҳазор нафар аст.
Соли гузашта, мегӯяд ҷаноби Нуров, 12 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ташкил шуд, ки дар онҳо 499 нафар соҳиби ҷойҳои кор шуданд. Чун нек назар кардем қариб ҳамаи ин нафарон аз шумули саҳмдорони хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ буданд. Даромади миёнаи ҳар кадом саҳмдор дар ин хоҷагиҳо на бештар аз 30 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин хотир ҷойи кор номидани шуғли онҳо хандаовар, балки гиряовар аст.
Соли гузашта низ раиси ноҳия хонум Шукурова гуфта буд имсол корхонаҳои хурди саноатӣ месозем, аммо ба ваъда вафо накарда буд. Имсол ҳам ба ҳамин монанд ваъдаҳо дод. Гуфт ҳукумати ноҳия тасмим дорад ва ба ҷамоатҳо супориш медиҳад, ки тули соли 2012 дар ҳамаи ҷамоатҳо яктогӣ корхонаҳои хурди саноатӣ сохта ба истифода диҳанд.
Аммо мушоҳидаҳо собит месозанд, ки танҳо ба ваъдаҳои холӣ шиками мардум сер намешавад. Ҳазорҳо нафар сокинони қобили меҳнати ин ноҳия мисли дигар рустоҳои ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ рафтаанд. Ҳазорҳо нафари дигар ҷиҳати мавҷуд набудани ҷойҳои кор барои дарёфти ризқ гӯшаи бозорро интихоб кардаанд. Мехаранд ва мефурӯшанд.
Ин дар ҳоле, ки бо ҳама имконоте, ки дар ин навоҳӣ мавҷуд аст, метавон на танҳо мардумро бо ҷойи кор таъмин кард, балки ҳатто аз хориҷи ноҳия мардумро ба кор даъват кард. Дар тамоми ноҳия на корхонаи коркарди пуст вуҷуд дораду на пашм ва на мурғхонаву ҳавзҳои моҳипарварӣ. Яке аз сабабҳои ин коҳилӣ дасткӯтаҳии бонкҳо аст дар мавриди додани қарзҳои имтиёзнок.
Аҳмади Иброҳим, барои «Рӯзгор»