09:41:29 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИКАНҶА. БАНДИ НАВ ДАР КОДЕКСИ ҶИНОИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси Намояндагон ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусеро дар бораи шиканҷа ворид кардааст.

Шерхон СалимзодаШерхон Салимзода , додситони кулли Тоҷикистон, ки дар рӯ ба рӯ бо намояндагони порлумони кишвар сӯҳбат мекард, гуфт, ин банд бо тавсияи созмонҳои байнулмилалӣ ва барои риояи адолату ҳуқуқи инсон ворид шудааст. Ӯ афзуд, қаблан дар мавриди шиканҷа модда ё банди махсусе вуҷуд надошт, агарчӣ дар моддаи 117-и Кодекси ҷиноӣ дар ин маврид таъкид мешуд.

Додситони кулли Тоҷикистон илова кард, ки агар дар гузашта барои шиканҷа ва бадрафториву азияти шаҳрвандон аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд, ҳоло ҷазои муттаҳамони шиканҷа боз ҳам вазнинтар шудааст.

Вай гуфт, дар соли 2010-ум ҳудуди 50 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шуда ва аз ин теъдод 15 мавриди он исботи худро ёфтааст. Дар соли 2011, ба гуфтаи ӯ, 26 мавриди шикояти сокинон аз бадрафториву шиканҷа дар додситонӣ сабт шуда, 5 мавриди он қонеъ карда шудааст.

Ин тағйирот (шиканҷа) ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҳоле ворид гардид, ки рӯзи 14-уми марти соли ҷорӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гузориши давраӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон барои қурбониёни шиканҷа ду телефони боварӣ кушодаанд, ки яке (98 882 37 96) барои вилояти Суғд аст ва дувумӣ(98 882 37 97) – барои Душанбеву навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон. Бино ба гузоришҳо, ин телефонҳо дар чаҳорчӯби барномаи “Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон” амал мекунанд. Ин тарҳро Маркази ҳуқуқи инсон бо кӯмаки дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба роҳ андохтааст.

Ба ҳисоби ин марказ, соли гузашта дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе зери 30 мавриди шиканҷа сабт шудааст, ки намунаҳои барҷастааш ҳалокати Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi