АЗ ХУШУНАТ ВА БЕГОНАСИТЕЗӢ ПЕШГИРӢ ШАВАД
Ҳангоме ба манзили зисти Орифи Гулзод – як паноҳҷӯи афғонистонии муқими шаҳри Ваҳдат ворид шудам, аъзои оила аз шидати сармои шадиди зимистони имсола дар атрофи сандалӣ нишаста буданд.
Дар табақаи дувуми манзили баландошёна гарм кардани сандалӣ дар ҳолати бебарқиву беҳезумӣ бароям саволбарангез буд. Соҳибони хона курпаи болои сандалиро бардоштанд, чӣ манзарае: Дар дохили сандалӣ шамъ афрӯхта буданд ва ҳатто дар атрофи он сатилу кузаи об низ ба назар мерасид. Аз соҳибхонаҳо пурсидам, ки оё шамъ метавонад сандалиро гарм нигоҳ бидорад, посух доданд, ки дигар илоҷе надоранд.
Бо шамъ гарм кардани сандалӣ таҷрибаи навест дар хонадони Орифи Гулзод.
Писарони Гулзод – Аҳмад Иқбол ва Аҳмад Ҳилол низ дар як тарафи сандалӣ нишаста буданд. Захму изи хуни рӯи ин ҳарду писар таваҷҷуҳи маро ҷалб кард ва сабаби онро пурсидам. Падар хонадон дар оғоз нахост асли воқеаро бигӯяд, шояд аз мардуми таҳҷоии ин кишвар будани ман ибо мекард. Вале саранҷом гуфт, ки писаронашро ҷавонони ин шаҳр лату кӯб кардаанд.Аҳмад Иқбол – писари калони хонадон пас аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ як сол дар Донишгоҳ таҳсил кард, вале ба далели камбуди пулӣ аз таҳсил даст кашид. Ӯ дертар дар чорроҳи Файзободи шаҳри Ваҳдат курсҳои омӯзиши забони англисӣ ва компютерро ба роҳ монд, ки ҷавонони ин шаҳр ва паноҳандагони афғонистонӣ он ҷо таҳсил мекунанд.
Устод Аҳмад Иқбол бо захму ҷароҳатҳояш.
Воқеан Аҳмад Иқбол ҳам забони англисӣ ва ҳам компютерро хуб медонад. Он рӯз бо бародараш Аҳмад Ҳилол дар ҳамон бинои таҳсил буданд, ки ҷавонони шаҳр дар ҳавлии бино онҳоро лату кӯб карданд. Аҳмад Иқбол гуфт, ки ин бори аввал нест, ки бо онҳо чунин бархӯрд мекунанд. Дар кӯчаву хиёбон ҳамеша онҳоро таҳқиру дашном мекунанд ва онҳо маҷбуранд, ки сар ба зер афкананд ва хомӯш ба роҳи худ бираванд.
Устоди илми маъдан Орифи Гулзод бар асари мушкилоти сиёсӣ ва муҳитӣ бо зану панҷ фарзандаш дар се соле пеш аз Мазори Шариф ба Тоҷикистон муҳоҷират кардааст. Ӯ мегӯяд, вазъи зиндагиашон дар ин ҷо хуб нест, барқу об надоранд, дар шабонарӯз 4-5 соат барқ медиҳанд, ки ҳеч мушкилашонро сабук намекунад.
Бекориву нодорӣ барои ҳамаи паноҳандагони ин шаҳр мушкил болои мушкил аст. Вале ҳоло илоҷи баргашт ба ватанашонро надоранд. Оқои Гулзод мегӯяд, ҳамин ки вазъи сиёсии Афғонистон каме беҳтар шавад, онҳо ба ватанашон бармегарданд.
Дар шаҳри Ваҳдат анқариб 300 хонаводаи паноҳандагони Афғонистон бар асоси иҷозати Ҳукумати Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ва ҳамаи онҳо аз хушунату бегонаситезӣ ва таҳқиру бадрафтории мардуми таҳҷоӣ шикоят доранд.
Ман ба унвони хабарнигоре, ки 12 сол боз бо ин гурӯҳи паноҳандагон сару кор дорам, дар ҳеҷ чои дигари Тоҷикистон бо ин андозаи озору хушунати мардуми тоҷик бо ҳамқавмони худашон аз як кишвари дигар рӯбарӯ нашудаам.
Паноҳандагони таҳқирдида аз гуфтани амалҳои хушунатомези мардуми маҳалӣ шиква мекунанд, вале аз гуфтани ному насабашон метарсанд. Се рӯз пеш ҷавонони маҳалӣ як духтари ҷавони афғонистониро дар кӯча ба сӯи мактаб сангу барфборон кардаанд, ки маҷбур ба хонааш баргаштааст. Як навраси дигарро дар ҳафтаи гузашта дар мактаб беамон лату кӯб кардаанд, ки ӯро ба мушкил ба хонаашон овардаанд.
Аҳмад Ҳилол – шогирди мактаби 141- и шаҳри Ваҳдат бо захму ҷароҳатҳояш.
Ҳамсоя сими барқи ҳамсояи афғонистониашро қатъ карда гуфтааст, ки ҳақ надорад аз барқи Тоҷикистон истифода кунад. Як марди маҳаллӣ ба хонаи ҳамсояи афғонистониаш даромада, зану фарзандони ӯро таҳдид кардааст, ки бояд аз ин шаҳр берун шаванд. Ду рӯз пеш тирезаҳои хонаи як муҳоҷирро дар ошёнаи дувум сангборон карда, шишаҳояшро шикастанд.
Ҳатто занони маҳалӣ зану марди муҳоҷирро дар кӯча беамон дашному таҳқир мекунанд. Дӯконҳои муҳоҷиринро аз онҳо базӯрӣ ғасб мекунанд ва онҳоро водор мекунанд, ки дар берун, дар кӯча савдо кунанд… Аз ин қабил дарду озор аз паноҳандагон хеле зиёд мешавад шунид.
Ман дар шаҳри Душанбе гоҳ-гоҳе шоҳиди ҳамнишиниву маъракаороии якҷояи мардуми Тоҷикистон ва паноҳандагони Афғонистон (бештар дар миёни занон) мешавам ва аз ин рафтори башардӯстонаи ҳаммилатҳоям ифтихор мекунам.
Аммо фарзандони зани бесарпаноҳ Гулҷони Пайванд ҳатто сандалӣ надоранд.
Ҳамин гуна равияи инсондӯстонаро солҳои 1995-96 дар миёни фирориёни тоҷик ва мардуми таҳҷоӣ дар шаҳрҳои Афғонистон дида будам ва борҳо шунидаам, ки ҳамаи фирориёни собиқи тоҷик аз меҳрубониву самимияти мардуми Афғонистон сипосгузорӣ мекунанд.
Аммо чаро дар шаҳри Ваҳдат, ки аз пойтахти кишварамон ҳамагӣ 15 км дур аст, чунин хушунату бегонаситезӣ сар задааст. Бештарини мардуми Тоҷикистон аз бадрафторӣ, куштору таҳқир ва бегонаситезии мардуми Русия дар баробари муҳҷирони кории тоҷик шиква мекунанд.
Урра! Барои 2 соат дар хонаи Абдулазиз барқ омад.
Аз ҳамаи рӯшанфикрон, мардуми бофарҳанг ва адолатхоҳ, саранҷом аз ҳукуматдорони шаҳри Ваҳдат хоҳиш мекунам, ки садди роҳи чунин амалҳои бешрамона ва хушунатбор шаванд.
Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, хабарнигори радиои «Садои Амрико» дар Осиёи Марказӣ
PS. Мо аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» ин даъвати рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзодаро якдилона дастгирӣ менамоем. Ёдовар мешавем, ки ҳамин бадбахтие, ки имрӯз ба сари ин бародарони афғонӣ омадааст, яъне иҷборан ҷилои Ватан кардан, чанд сол пеш ба сари бархе аз ҳамватанони мо низ омада буд. Ҳамватанони мо маҷбур ба кишвари онҳо - Афғонистон ҳиҷрат карда буданд. Мардуми шариф ва башардӯсти Афғонистон, ҳукумати ин кишвари ҳамсоя, Раббонии худораҳматӣ, Масъуди шодравон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки худ доштанд, бо як самимияте ҳамватанони гурезаи моро пазируфтанд ва барои зиндагонии бошарафонаи онҳо то ҳадди имкон шароити мусоид фароҳам оварданд ва қарзи имониву инсонии хешро иҷро карданд. Имрӯз навбати мову шумо ҳаст, ки қарзи имониву инсонии хешро ба ҷо биоварем. Баъдан ин ҳадиси Расули Акрам (с)-ро, ки шайх Саъдии Шерозӣ ба назм даровардааст, набояд фаромӯш кунем:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор…
Шарҳҳо
RSS Обуна