ҚАРШИБОЕВ: КОРМАНДОНИ ФУРӮДГОҲИ ХУҶАНД ҲУҚУҚИ МОРО НАҚЗ КАРДАНД
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва шаҳрвандон аз сӯйи ширкати "ТоҷикЭйр" ва кормандони фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд гузориш дод.
Бино ба гуозриши ин анҷуман, рӯзи 5-уми март гурӯҳе аз мусофирони парвози рақами 62, дар самти Хуҷанд - Душанбе, ки дар миёни онҳо Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман ва Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик будаанд, дар посух ба эътирози худ ба амалкарди ғайриқонунии кормандони ширкат ва кормандони фурӯдгоҳ мавриди таҳдиди кормандони фурудгоҳ қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, намояндагони ширкати “ТоҷикЭйр” бидуни ироаи далоил ва ҷубронпулӣ ба мусофирон эълом карданд, ки парвоз то замони номаълум ба таъхир меуфтад. Мусофирони ин парвоз, тақозои эъломи вақти дақиқи парвоз ва ё фароҳам кардани ғизо ва ҷойи гарм барои интизор монад, талаб кардаанд. Ин амр боиси “ғазаби” кормандони фурӯдгоҳ ва ширкат шудааст.
Мусофирон дар толори фурӯдгоҳ пустерҳоеро бо шиъори “Мусофирон инсон ҳастанд, ҳаққи моро поймол накунед!” ва "ТоҷикЭйр - ширкати бемасъулият!" таҳия карда, мехостанд, эътироз кунанд, вале афроде бо либоси шахсӣ, ки худро муъаррифӣ накарданд ин пустерҳоро аз дасти онҳо бо зӯр гирифтанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки барои пӯшиши ин хабар ба фурӯдгоҳ хабарнигрони “Ҷаҳоннамо” ва “Азия” ҳозир шуданд, вале афроде, ки худро аввал кормандони амниятӣ ва сипас кормандони амнияти ҳавонавардӣ муъаррифӣ карданд, рӯзноманигронро аз муҳавватаи фурӯдгоҳ берун ронданд.
Оқои Қаршибоев гуфт: “Вазифаи ман ба унвони раиси анҷумани расонаҳои мустақил дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигрон дар ҳама вазъият аст, вале вақте ман аз афроди зӯргуй пурсидам, ки худро муъаррифӣ кунанд, ҳеҷ яке аз онҳо номи худро нагуфт ва баръакс онҳо кортҳои сари синаи худро пинҳон карданд.”
Раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон афзуд, се нафар, ки бидуни муъаррифии номашон худро кормандони амнияти ҳавонавардӣ хонанд, ӯро канор бурда ва ба ӯ таҳдидҳо кардаанд. Вай исрор кард: “Агар ман раиси анҷуман намебудам, бовар дорам, ки маро кӯтак мезаданд.”
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва яке дигар аз ин гурӯҳи мусофирон дар фурӯдгоҳи Хуҷанд, ки шоҳиди ин саҳнаҳо буд, гуфт дар ин ҳодиса чандин қонун аз сӯйи кормандони фурӯдгоҳ ва ширкати “ТоҷикЭйр” "дағалона нақз шуд".
Вай гуфт: “Аввал ин, ки дар миёни мусофирон заноне буданд, бо кӯдакон, аммо ширкат ба мо эълом намекард, ки таъхир то соъати чанд аст, то ки афроде, ки дар Хуҷанд хона доранд, дар сардӣ намонанд, баргарданд хона ва дар замони лозим баргарданд. Ин як зулм бар мусофирон аст, ки ТоҷикЭйр ба мусофирон раво мебинад ва мардуми мо ҳамеша таҳаммул мекунад.”
Вай афзуд: “Дигар ин ки одамоне, ки дар Хуҷанд ҷойи зист надоранд, бояд бо хӯрок ва ҷойи гарм таъмин мешуданд, ин дар низомномаи ширкат ҳам ҳаст. Муаррифӣ накардани худ, зӯргӯӣ ба мусофирон, ҷилавгирӣ аз фаъъолияти журналистон ва чандин намуди дигари нақзи ҳуқуқи инсон дар ин ҳодиса мушоҳида шуд.”
Хонуми Бобоназарова гуфт, ҳамроҳ бо гурӯҳи дигари мусофирон алайҳи ширкати “ТоҷикЭйр” ба додгоҳ шикоят ва аз ин ширкат ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳад кард.
Пулиси тарсу ё ҳамдаст бо ҷинояткорон?
Аз сӯйи дигар мусофирони парвози рақами 62-и Душанбе – Хуҷанд рафтори пулис дар ин ҳодисаро “нигаронкунанда” мехонанд. Ба гуфтаи онҳо, чанд корманди пулисе, ки дар ин фурудгоҳ ҳозир буданд, бо оғози даъво нопадид шуда ва ба ҷойи онҳо афроде бо либоси шахсӣ омаданд ва ба мусофирон зургӯӣ карданд ва аз ҷумла Нуриддин Қаршибоевро канор бурданд ва ба ӯ таҳдид карданд.
Шоҳидони ин ҳодиса бовар доранд, ки дар фурӯдгоҳ гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ фаъолият мекунад, ки аз сӯйи пулис пуштибонӣ мешавад. Мусофирони ин парвоз, дар бораи ин ҳодиса ва ҳадси худ тавассути “шумораи боварӣ” дар Вазорати кишвари Тоҷикистон, яъне 2212121 тамос гирифтанд, вале "ин ҳам бефоида" будааст.
Аммо кормандони шӯъбаи "шумораи боварӣ" ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки тибқи муқаррароти кори ин бахши вазорат, онҳо “шикоятҳоро дарёфт карда ва ба вазир гузориш мекунанд ва сипас вазир ба бахшҳои зидахл дар бораи таҳқиқи ҳодисаҳо супориш медиҳад.”
Ба гуфтаи кормандони ин бахши вазорати кишвар, тибқи муқаррарот ба афроде, ки тавассути телефони боварӣ шикоят кардаанд, дар миёни даҳ рӯз дар бораи коре, ки дар заминаи шикоят анҷом шуда, посух ирсол мешавад.
Би-Би-Си