БАРҚ ҚИМАТУ НОПАЙДО ШУД
Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ бист дарсад зиёд карда шудааст. Минбаъд сокинони кишвар ба ҷойи 9 дирам барои як киловат соат 11 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши моҳонаи атбои ин кишвар пойинтар аз сад доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Малоҳат, сокини шаҳри Душанбе ва модари чаҳор фарзандро қарори ҳукумат ҷиҳати бист дарсад боло бурдани нархи нерӯи барқ ба ташвиш овардааст. Вай мегӯяд, пештар низ ҳамин гуна сарусадоҳоро шунида буд, ки нархи нерӯи барқ баланд мешавад. Вале масъулини давлат, аз ҷумла вазири энержии кишвар дар як сӯҳбаташ мардумро итминон дода буд, ки дар ташвиш набошанд, ҳукумат ба боло бурдани нархи нерӯи барқ иҷозат нахоҳад дод.
Ва аммо хонум Малоҳат, ки хонашин асту дар ҳеҷ ҷо кор намекунад, хеле нороҳат аст, ки минбаъд чӣ гуна метавонад бо ин гаронии нархи барқ барои фарзандонаш, ки дуи онҳо донишҷӯ ва дуи дигар муҳассили мактаби миёнаанд, ғизо таҳия кунад. Зеро ҳамагӣ танҳо бо як маоши падари хонавода, ки устоди донишгоҳ аст, зиндагӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми гармиву рӯшноии манзили зист ба нерӯи барқ вобаста аст. Ва сокинони пойтахт солҳост, ки газ ва оби гарм аз марокизи гармидиҳии пойтахтро фаромӯш кардаанд.
Ин хонуми шаҳрӣ мегӯяд ҳоло нархи як коса ғизои ӯ ва нархи пухтани он тақрибан баробар шудааст: «Ҳозир ман фикр мекунам, ки вақте ман ғизо таҳия мекунам, нархи он миқдор аз қувваи барқ, ки барои пухтани таом сарф мешавад аз он маҳсулоте, ки дар худи таом сарф мешавад, қимматтар аст.»
Хабари гароншавии баҳои нерӯи барқ дар ҳоле мунташир мешавад, ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба аҳолӣ аз як ҳафта ба ин сӯ боз ҳам шадидтар шудааст.
Маҳкам, сокини рустои Рукнобод дар ноҳияи Панҷакент реҷаи интиқоли барқ дар кишварро як муаммои сарбаста хонд. Вай аз он шигифтзада аст, ки маҳз дар оғози баҳор, вақте рӯдҳо нисбатан сероб мешаванд, реҷаи интиқоли барқ барои аҳолӣ боз ҳам маҳдудтар мешавад. Аз сӯи дигар мегӯяд ӯ, ҳукумат дар даврае ба боло бурдани нарх иқдом мекунад, ки дар кишвар садҳо миллион киловат соат қувваи барқи изофӣ тавлид мешавад:
«То як ҳафта қабл панҷ соат бомдод ва севуним соат аз тарафи шом нерӯи барқ дода мешуд. Ҳоло ин рақам то як ва ду соат кам шудааст. Албатта гароншавии нарх ба ҷайби мардум таъсири манфӣ мегузорад. Ҳоло як халта ангиште, ки аз ноҳияи Айнӣ ба деҳот меоваранд то сӣ сомонӣ арзиш дорад. Нархи бензин ҳам хеле баланд аст, ки «движок»-ро ба кор барӣ. Дар ҳолати 11 дирам шудан ҳам агар ҳукумат ба таври пайваста таъмин кунад, боз мардум масалан аз пули мардикории Русия метавонад пардохт кунад. Вале ҳамин, ки баҳор расид барқ нопадид ва аз бех гум мешавад.»
Бо ин ҳол Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» аз шарҳи тасмими ҳукумат барои боло бурдани нархи фурӯши нерӯи барқ худдорӣ кард. Вай гуфт: «Барқи тоҷик қарори ҳукуматро тафсир намедиҳад. Вақте, ки прейскурант таҳия шуд ва онро вазорати рушди иқтисод, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва вазорати энергетика тасдиқ кард, мо онгоҳ ба тафсир додан ҳуқуқ дорем. Ҳоло ин фақат қарори ҳукумат аст бо имзои Эмомалӣ Шарифович.»
Зимнан бори охир арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар аввали соли 2010 тағйир ёфта буд. Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, афзоиши нархи нерӯи барқ бо ҳидоят ва ташвиқи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул сурат гирифтааст.
Бар асоси тавсияи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар раванди ислоҳоти низоми энергетикии Тоҷикистон ширкат меварзад, афзоиши баҳои нерӯи барқ то севуним сенти амрикоӣ барои як киловат дар назар дошта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, аз нисф бештари аҳолии кишвар дар сатҳи пойинтар аз хатти фақр ба сар мебаранд.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»