04:11:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶИНОЯТ БОЛОИ ҶИНОЯТ. БОЗДОШТИ ФИРОРӢ АЗ ЗИНДОНИ ЁВОН

Додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар маҳбасҳои вилояти Хатлон алайҳи як маҳбус бо иттиҳоми фирор парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

/images/stories/2012/04/06_vazorat-6412.jpgМаҳкамҷон Маҳмадҷонови 24-сола дар шабу рӯзи таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон аз маҳбаси Ёвон фирор карда, дар пайи ҷустуҷӯҳои воҳидҳои махсуси вазорати адлия ва додситонӣ дар пуштае дар Ёвон дастгир шудааст. Дар боздошти маҳбуси фирорӣ чӯпоне, ки рамаи худро бонӣ мекард, кӯмак кардааст. Ин чӯпонро, ки ҳуввияташ махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ҷоизаи вазорати адлия интизор аст.

Маҳкамҷон Маҳмадҷонов ҳанӯз дар 17-солагӣ даст ба ҷиноят зада, барои 12 сол равонаи зиндон шуда буд. Намояндаи додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон гуфт, ки вай барои таҷовуз ба номус ва куштори инсон ба муҷозот кашида шудааст:

«Маҳмадҷонов ноболиғ буд ҳангоме ки ҷиноят содир карда буд. Ҳамроҳи холабачааш ду духтараки 15-соларо фиреб карда, шабонгаҳ аз хона берун мекашанд. Мебаранд, таҷовуз мекунанд, боз иваз мекунанд ҳамдигарро, зӯроварии бисёре мекунанд. Баъдан онҳоро кушта мераванд. Пас аз чанде машрубот нӯшида, баргашта, дубора ба ҷасадҳо дастдарозӣ мекунанд. барои чунин навъи ҷинояти мудҳиш қонун ҷазои сахтеро пешбинӣ мекунад, аммо барои Маҳмадҷонов бо таваҷҷӯҳ ба ноболиғ буданаш ҳамагӣ 12 сол додаанд», - меафзояд манбаъ.

Ба гуфтаи намояндаи додситонӣ, Маҳмадҷонов дар зиндони Ёвон беш аз 6 сол нигоҳдорӣ шуда, имкон дошт, ки баъд аз расо як соли дигар шартан ба озодӣ барояд. Ҳамакнун тибқи моддаи 365-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне фирор аз маҳбас, ӯро ҷазои аз 2 то 5 соли маҳбас интизор хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршинос Сафари Рустам, дар фирори маҳбус имкон дорад, баъзе кормандони муассисаи ислоҳӣ даст дошта бошанд: «Шабу рӯзҳои иди Наврӯз тамоми маҳбасҳо дар реҷаи махсус нигоҳдорӣ мешуданд, яъне назорат нисбатан пурзӯр буд, аммо читур шуд, ки маҳбус Маҳмадҷонов тавонист аз муассисаи ислоҳӣ фирор кунад, саволи кушода аст. Ин масъала бояд таҳқиқ шавад ва барои хунукназариашон баъзе кормандони маҳбас ба муҷозот кашида шаванд.»

Дар ҳамин ҳол, манобеи додситонӣ мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, алайҳи ду корманди маҳбаси ноҳияи Ёвон низ бо иттиҳоми «бемасъулиятӣ» парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ мегардад.

Ин дуввумин ҳодисаи фирор аз маҳбаси ноҳияи Ёвон дар даҳсолаи ахир будааст. Нимаи солҳои дуҳазорум ҳам маҳбусе, ки аз муассисаи ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон фирор карда буд, боздошт ва дубора равонаи маҳбас шуда буд.

Нимаи аввали моҳи март низ ду маҳкумшуда ба зиндон зимни интиқол аз толори додгоҳи ноҳияи Шаҳритус ба СИЗО-и шаҳри Қӯрғонтеппа фирор карда, баъди чанде аз ҷониби мақомоти милиса ва кумитаи амният боздошт гардиданд.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi