15:54:43 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: ДОД АЗ ДУДИ ТАНӮР

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки то замони таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси шаҳр дар соли 2014 куллияи биноҳои "худсохта" дар ин шаҳрро тахриб кунад. Дар чорчӯби ин тарҳ, аз ҷумла танӯрҳое ҳам, ки дар тӯли ду даҳаи ахир дар маҳаллоти мухталифи шаҳр дар назди опортумонҳои чандтабақа бунёд шудаанд, вайрон карда хоҳанд шуд.

/images/stories/2012/04/14_women-makecoocie-1412.jpgТо ҳол маъмурони шаҳрдорӣ дар бархе аз маҳаллот танӯрҳои нонпазӣ ва биноҳои дигари "худсохтаро", ки бидуни иҷозаи шаҳрдорӣ бунёд шудаанд, тахриб кардаанд. Агарчи бисёре аз шаҳрнишинон аз тахриби танӯрҳо розӣ ба назар мерасанд, вале ин тасмими шаҳрдорӣ бисёре аз хонаводаҳои фақирро нигарон карда. Харидории нон барои хонаводаҳои тангдаст нисбат ба пӯхтани он гаронтар меуфтад.

Дуди ғализи танӯр

Шаҳло ва Таҳмина дар як бинои чаҳортабақа дар хиёбони Алишер Навоии шаҳри Душанбе зинадгӣ мекунанд. Шаҳло аз иқдоми шаҳрдорӣ ба тахриби танӯрҳо истиқбол мекунад. Вай мегӯяд: "Бубинед, дар назди ин опортумони зебо кулбаи гилие сохтаанд, ки аз ҳусни ин макон мекоҳад. Ҳангоме ки ҳамсояҳомон нон мепазанд, мо бо кӯдакон дар болкун гашту гузор мекунем ва маҷбур ҳастем, ки дуди ғализи ин танӯрро нафас кашем. Ин барои саломати мо зиён дорад."

Шаҳло мегӯяд, ки вай имкони харидани нонро аз мағоза дорад ва замоне, ки аъзои хонавода нони дастпӯхт мехоҳанд, ӯ дар бухории барқии манзилаш нон мепазад. Таҳмина аз ҳамсоягони Шаҳло аст, аммо ӯ дар бораи танӯрҳо назари дигаре дорад. Вай мегӯяд, ки ду кӯдак дорад ва хонаводааш зиндагии иҷтимоъии мутавассите доранд. Вале ба гуфтаи ӯ, бархе аз хонаводаҳо аз панҷ нафар бештар фарзанд доранд ва ғизои аслии чунин хонаводаҳо нон аст.

Таҳмина мегӯяд: "Ҳамсояҳои ман, ки кӯдакони зиёде доранд, мегӯянд, ки нонпазӣ дар танӯр барои онҳо судовар аст. Онҳо имкони хардории нон аз мағозаҳоро ба таври рӯзмара надоранд, зеро харҷашон хеле зиёд мешавад."

Ӯ бар ин бовар аст, ки пухтани нон дар танӯр ва ё дегдон, чунончи бархе аз мардуми маҳаллӣ ба он мегӯянд, барои хонаводаҳои камбизоъати шаҳр имкон медиҳад, ки пули худро сарфаҷӯёна харҷ кунанд ва аз ин ҳисоб мавод ва васоили дигари мавриди ниёзашонро фароҳам созанд.

Дар паҳлӯи манзили чаҳортабақае, ки Шаҳло ва Таҳмина зиндагӣ мекунанд, сохтмони кӯчаке воқеъ аст, ки дар дохили он ду танӯр барои ошпазӣ ва нонпазӣ гузошта шудааст.

Ин бино бештар ба кулбаи вайронае мемонад, ки барои бунёди он аз хишт, тахта ва тунука ё сафаҳоти филизии куҳна истифода шудааст. Девораш каҷ ва ҳар лаҳза хатари фурӯ рехтанаш мавҷуд аст. Дар баробари оташсӯзӣ низ чандон эмин ба назар намерасад.

Камбуди барқу гоз

Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шумори зиёде аз шаҳрнишинон, ки ағлаби онҳо намояндагони қавму миллиятҳои мухталиф, бавижа рустаборон, буданд, Душанберо тарк карданд.

Аммо шаҳр холӣ нашуд. Теъдоди зиёде аз сокинон аз рустоҳо барои зиндагии доимӣ ба шаҳр кӯчиданд. Тарокуми ҷамъият ва душвории зиндагӣ дар русто иддаи зиёдеро водор ба муҳоҷират ба шаҳр карда ва ҷамъияти Душанбе низ нисбат ба гузашта бамаротиб бештар шудааст.

Бархе аз сокинони ҷадиди Душанбе дар баробари чолишҳое, назири қавоъиди зиндагӣ дар шаҳр, ки бо он рӯбарӯ буданд, ҳамзамон суннатҳои рустоиро бо худ ба шаҳр оварданд. Яке аз ин суннатҳо аз танӯрҳои нонпазӣ аст. Ин танӯрҳо бавижа дар фасли сармо, ки камбуди барқ эҳсос мешавад, барои хонаводаҳои камбизоъат муфид будаанд.

Ҳамчунин, баргузориҳои маросими мухталиф, аз қабили ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасур, дар назди опортумонҳои чандтабақа дар шаҳри Душанбе роиҷ шуда ва оташдонҳое низ дар бархе маҳаллот барои гузоштани дегҳои бузург ва таҳияи ғизо барои ҷамъияти зиёд сохта шудаанд.

Бархе аз ин танӯрҳову оташдонҳо ва горожҳову таъсисоти дигар дар ҷойҳое сохта шудаанд, ки қаблан майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон маҳсуб мешуданд. Аммо бисёре аз васоили варзишии ин майдончаҳо дар ду даҳаи ахир ба ғорат рафтааст.

Бархе аз сокинони шаҳр дигар одат кардаанд, ки дар танӯрҳои бобоӣ дар назди манозили чандтабақа нону самбӯса ва ё оши маросим бипазанд, ё афшурда ва мурабборо барои зимистон омода кунанд.

Аз сӯйи дигар, нонпазӣ дар танӯрҳо гоҳо мӯҷиби даъвоҳое миёни занони нонпаз ва ҳамсоягоне мешавад, ки танаффуси дуди ғализи танӯрро хуш надоранд. Дар назди як танӯри нонпазӣ аз зане, ки машғули нонпазӣ буд, пурсидам, ки чаро дар манзил дар бухорӣ нон намепазад? Вай гуфт, ки шавҳараш "ҳаваси хӯрдани нони танӯрӣ" кардааст.

Бештари дуконҳои фурӯши нон низ ба фурӯши нони танӯрӣ машғуланд. Аммо тафовут дар он аст, ки нонвойхонаҳои шаҳр аз нерӯи барқ истифода мекунанд, чизе ки ба гуфтаи коршиносон, муҳити зистро камтар олуда мекунад.

"Зеби дастархон"

Бархе аз мухолифони танӯрҳои нонпазӣ иддаъо мекунанд, ки пайдо шудани танӯрҳо мӯҷиби нобудии дарахтон ва буттаҳои шаҳр шудааст. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз сокинон барои фароҳам кардани ҳезуми танӯр ба буридани дарахтон ва буттаҳо даст мезананд.

Аммо Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоъӣ, мегӯяд, ки пайдо шудани танӯрҳо дар майдончаҳои назди манозили баландошёна ба вазъи иқтисодии мардум бастагӣ дорад.

Ӯ мегӯяд, ки худаш низ дӯстдори нони танӯрист: "Ман онҳоеро, ки дар танӯр нон мепазанд, мефаҳмам. Зеро ноне, ки дар танӯр пухта мешавад, барои сокинон нисбат ба ноне, ки харидорӣ мешавад, арзонтар меуфтад. Аз сӯйи дигар, ниёзи мардуми мо ба нон ва маводде, ки аз нон пухта мешавад, зиёд аст."

Ба гуфтаи оқои Саидов, 20 дарсади сокинони Душанбе муқимӣ буда ва боқӣ аз рустоҳо ба шаҳр кӯчидаанд. Ба ақидаи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз тағйири намуди шаҳр, хуб буд, агар дар маҳаллот сохтмонҳои вижае барои танӯрҳо бунёд шаванд.

Дар он сурат имкони пухтани нони танӯрӣ барои кадбонуҳое, ки алоқаманди ороиши дастархони хонавода бо нони танӯрӣ ҳастанд, фароҳам мешавад ва ин амр аз олудагии муҳити зист низ ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, мегӯяд, ки ахиран таъмини нерӯи барқ дар шаҳр беҳтар шуда ва вазъи зиндагии иҷтимоъӣ низ дар Тоҷикистон беҳтар мешавад.

Вай афзуд: "Тибқи тарҳи шаҳрдорӣ то соли 2014, яъне то замони таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси Душанбе, ин шаҳр комилан аз сохтмонҳои худсоз, аз ҷумла танӯрҳо, пок хоҳад шуд. Аз як моҳ қабл ба ин сӯ, яъне дар остонаи Наврӯз, ин тарҳ ба мавриди иҷро гузошта шудааст. То ҳол масъулони маҳаллоти мухталифи шаҳр теъдоде аз сохтмонҳои худсозро тахриб кардаанд."

Оқои Саидов мегӯяд, ки сокинони шаҳр бояд худашон ба беҳбуди вазъи беҳдорӣ ва ободонии пойтахти Тоҷикистон иқдом кунанд. Масъулони шаҳрдорӣ мегуянд, ки яке аз аҳдофи тарҳи поксозии шаҳри Душанбе "аз биноҳои худсохта" боло бурдани мақоми Душанбе ба унвони пойтахти як кишвар аст.

Аммо танурҳо ва "биноҳои худсохта" танҳо омили аз шакл андохтани Душанбе ба унвони пойтахт ва бузургтарин шаҳри Тоҷикистон нест. Коршиносон мегӯянд, ки ин шаҳр бо мушкилоти бештаре аз ин даст рӯбарӯст, ки масъулони барои ҳалли онҳо дар ин 20 сол фурсат наёфтаанд.

Яке аз ин масоил фуқдони системи гармдории шаҳр аст. Ба далели аз фаъъолият бозмондани нерӯгоҳи ҳароратии ин шаҳр дар авосити даҳаи 1990 имрӯзҳо қисмати аъзаме аз маҳаллоти шаҳр бавижа дар фасли зимистон ба оби гарм дастрасӣ надоранд.

Фуқдони дастрасӣ ба оби гарм дар шаҳре бад-ин бузургӣ, аз нигоҳи коршиносон, чизест, ки асароташ бар вазъи беҳдорӣ ва беҳдошти умумӣ мумкин аст аз дуди танӯрҳо бамаротиб бештар бошад.

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi